Зеҳн
Т

Технология

Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси нақлиёти қадимӣ, автомобилҳо, роҳи оҳан, самолётҳо, киштиҳо, велосипеду мотосиклҳо, андозагирӣ, ҳисоб, компютерҳо ва навору аккосӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

1 аъзоаз 7 ноябри 2026
Мақола

Соатҳои обӣ ва оташӣ чӣ гуна буданд?

Пас аз он соатҳои обӣ ва оташӣ сохта шуданд. Соатҳои обӣ (клепсидра, гидрологиум) ду намуд доштанд. Якумашон фосилаи вақтро бо миқдори обе, ки аз сӯрохии зарф ҷорӣ мешуд, чен мекарданд (Миср, Бобилистон, Юнони Қадим). Дуюмашон фосилаи вақтро бо пур шудани об аз сӯрохии махсуси зарф ҳисоб мекарданд (Хитой, Ҳиндустон). Соатҳои оташӣ низ чанд навъ мешуданд. Дар соатҳои чароғӣ вақтро аз ҳаҷми равғани ба чароғ рехта ҳисоб мекарданд. Танаи соатҳои шамъӣ дараҷадор мешуданд ва бо сӯхтани шамъ ва кӯтоҳ шудани он вақтро ҳисоб мекарданд. Дар соатҳои пилтагӣ ба пилтаи он саққочаҳои филиззӣ мебастанд. Пас аз сӯхтани ришта, саққоча меафтид ва садо мебаровард. Дар соатҳои регӣ рег аз як зарф ба зарфи дигар дар фосилаи муайяни вақт мерезад. Соатҳои атомӣ соли 1948 ихтироъ шудаанд. Онҳо чунон дақиқанд, ки хатогии 1 соат дар 1,6 млн сол ба вуҷуд меояд.

0

Соатҳои аввалин чӣ гуна буданд?

Аввалин соатҳо барои ҳисоби рӯз соатҳои офтобӣ ё гномон буданд, ки зиёда аз 5000 сол қабл дар Миср сохта шуда буданд. Онҳо аз давраи дар замин кашидашуда иборат буда, дар марказашон чӯбчае доштанд. Вақтро сояи чӯбча нишон медод, ки аз ҳаракати Офтоб вобаста буд. Дар Бобилистони Қадим бори аввал давраро ба 360° ва 12 соат тақсим намудаанд.

0

Алберт Эйнштейн кист?

Алберт Эйнштейн олими бузургест, ки бисёр ҳодисаҳои физикӣ, аз ҷумла вобастагии энергия ва вақтро таҳқиқ намудааст. Соли 1915 ӯ назарияи нисбиятро кор кард, ки мувофиқи он, агар шумо бо суръати рӯшноӣ ҳаракат мекардед, бароятон вақт суст гузашта, дарозӣ кӯтоҳу масса зиёд мешуд.

0

Ҳароратро чӣ гуна чен мекунанд?

Ҳароратро бо ҳароратсанҷ чен мекунанд. Ҳароратсанҷи нахустинро соли 1597 Галилей сохтааст, ки бо спирт кор мекард. Шакли ҳозираи ҳароратсанҷро Фаренгейт дар с. 1723 ихтироъ намуда, баъдтар онро бо симоб пур кард. Дар ҳароратсанҷҳои механикӣ ба ҷойи моеъ тасмаи филиззӣ истифода мешавад.

0

Андозагирӣ

Нахустин ченакҳои дарозӣ аз қисмҳои бадани инсон пайдо шудаанд: ангушт, ваҷаб, газ (оринҷ), пай, қадам ва ғ. Дар замонҳои қадим подшоҳонро дар сафар шотирон ҳамроҳӣ менамуданд. Онҳо масофаи тайшударо бо қадам чен карда, пас аз ҳар ҳазор қадам нишонаи сангӣ («санг»), оҳанӣ («мил») ё чӯбӣ («яғоч») мегузоштанд. Барои андозагирии масофаҳои тӯлонӣ тоҷикон ченакҳои миллии фарсанг, санг, мил, як манзил, якрӯза роҳ, овозрас ва тирпартобро истифода мекарданд.

0

Мопед ё мокик аз мотосикл чӣ фарқ дорад?

Мопед – воситаи нақлиёти ду ё сечархаест, ки муҳаррикаш аз 50 см³ ва суръаташ аз 50 км/соат зиёд нест. Мокик ва скутер шаклҳои гуногуни мопед мебошанд ва онҳоро «мотосикли хурд» низ мегӯянд.

0

Мотосикли тезравтарини дунё кадом аст?

Мотосикли тезравтарини дунё «Dodge Tomahawk» (тавоноияш 500 қувваи асп) маҳсуб мешавад, ки суръати он то 560 км/соат мерасад.

0

Мотосикл чист?

Мотосикл (аз фаронсавии motocycle) – воситаи нақлиёти ду ё сечарха (бо притсеп ё бе он), ки массааш то 400 кг ва муҳаррикаш зиёда аз 50 см³ (ё тавоноии зиёда аз 4 кВт) аст. Соли 1894 бародарони олмонӣ Ҳайнрих ва Вилҳелм Ҳилдебрандҳо мотосикли нахустинро бо шинаи ҳаводор (пневматикӣ) сохтанд.

0

Велосипед кай ихтироъ шуд?

Соли 1817 барон Карл фон Дрез (Карлсруэ, Олмон) равравак (самокат)-и дучархаи чӯбӣ сохт, ки «мошина барои роҳ гаштан» ном дошт. Он рул ва педал надошта ба воситаи теладиҳӣ ҳаракат мекард. Сохтори он доиман тағйир ёфта, соли 1879 тарҳи велосипедҳои муосир ихтироъ шуд. Соли 1840 оҳангари шотландӣ К. Макмиллан ба равраваки Дрез педал ва зин ҳамроҳ кард. Соли 1862 Пийер Липмани фаронсавӣ ба чархи пеши он педал ҳамроҳ кард. Соли 1864 бародарон Оливйе ва Пийер Мишо ба истеҳсоли саноатии он оғоз карданд. Калимаи «велосипед»-ро (vélocipède) ихтироъкори фаронсавӣ Ж. Н. Ниепс эҷод кардааст.

0

Велосипед ва мотосиклҳо

Бо ихтирои велосипед амали саворӣ боз ҳам аҷиб гашт. Бо велосипед ба куҷо ва кай хоҳед сафар мекунед. Бо велосипед одамон Заминро давр зада, суръати ҳаракатро бештар намуданд (70 км/соат). Велосипед яке аз нақлиёти сершумортарин маҳсуб гардида, дар ҷаҳон зиёда аз миллиард велосипед истифода мешавад. Сабаби он нархи паст, андоза ва вазни кам, бехатарӣ ва экологӣ буданаш аст.

0

Клиперҳо уқёнусро чӣ тавр мегузаштанд?

Клиперҳо киштиҳои тезгарди асри XIX буда, танаи нозуку борик ва шумораи зиёди бодбонҳо доштанд. Соли 1833 клипери бузургтарин – «Энн Мак-Ким» (Балтимор) ва соли 1845 клипери тезтарин – «Рейнбоу» сохта шуданд. Одатан, клиперҳоро барои кашонидани чой аз Чин ба Аврупо истифода мекарданд. Як клипер масофаи байни Мелбурн (Австралия) ва Лондонро дар 85 рӯз тай кардааст, ки он вақт суръати баланд маҳсуб мешуд.

0

Киштиҳои бузург чиро мекашонанд?

Киштиҳои бузургтарин дар дунё – супертанкерҳо барои кашонидани моеъот (нафт, бензин) дар зарфҳои худ мутобиқ мебошанд. Бузургтарин супертанкер «Кнок Невис» аст, ки дарозиаш 458 м, бараш 69 м ва то 565 ҳазор тонна борро мекашонад.

0

Кадом киштиҳо арзишманд ва пуршукӯҳ ҳастанд?

Киштиҳои сайёҳӣ аз ҳама арзишманд ва пуршукӯҳанд. Соли 2010 киштии «Малоҳати баҳрҳо» (Allure of the Seas) сохта шуд, ки дарозиаш 360 м, бараш 60 м, баландиаш 72 м буда, 6400 мусофирро ҷой дода метавонист. Дар хизмати онҳо чархофалак, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ, мағозаву ресторан, кино, театр ва дигар васоили истироҳату дилхушӣ мавҷуданд.

0

Чаро дар киштиҳои буғӣ бодбон насб мекарданд?

Дар вақти боди матлуб (шурта) киштӣ бе истифодаи ангишт масофаи зиёдеро тай карда, вақт ва маблағро сарфа мекард. Дар истифодаи доимии бодбон ангиштро кам захира карда, дар ҷои холишудаи он бори изофа гирифтан мумкин буд.

0

Бодбонҳои нахустин чӣ гуна буданд?

Киштиҳои бодбондори нахустин 5 ҳазор сол пеш аз милод дар баҳри Миёназамин ва дарёи Нил шино мекарданд. Танаи киштӣ аз чӯб буда, як бодбони мураббаъ дар миёна дошт ва бо як бели калони дар думбола дошта идора карда мешуд.

0

Киштиҳо

Киштисозӣ таърихи чандҳазорсола дорад. Киштиҳои бодбонӣ ҳанӯз дар Бобилистон ва Мисри Қадим пайдо шуда буданд. Дар Чин сарвари киштисозон ва дарёнвардон як нафар тоҷик бо номи Муҳаммад Нуруддини Бухороӣ буд, ки дар асри XV санъати дарёнавардии Чинро ба авҷи аъло расонид. Киштиҳои мусофиркаши солҳои 30-юми асри XX бо ҳашамату андозаашон ақлу ҳуши касро мебурданд. Дар асри XIX ба киштиҳо муҳаррикҳои бухорӣ насб карданд, ки акнун ҳоҷат ба бод набуд. Дар асри XX ба ҷои муҳаррикҳои бухорӣ аввал дизелӣ, сипас атомӣ истифода мешуданд.

0

Оё тайёраҳои амудӣ парвозкунанда мавҷуданд?

Тайёраҳои амудӣ парвозкунанда дар ҷойҳое истифода мешаванд, ки хат ё майдончаи парвоз мавҷуд нест. Соли 1960 ширкати бритонии «Хокёр Сиддли» нахустин тайёраи парвози амудӣ «Ҳарриер»-ро сохт. Дар ИҶШС низ чунин тайёраҳои Як-36 ва Як-141 сохта шуда буданд.

0

Кадом тайёра аз ҳама бузургтарин аст?

Тайёраҳои бузурги мусофиркашро аэробус меноманд. Аэробуси бузургтарин дар ҷаҳон «А380» аст, ки дарозиаш 80 м, баландиаш 24 м, қанотҳояш 80 м, бо суръати зиёда аз 1000 км/соат 853 мусофирро то масофаи 15400 км мебарад. Дар байни тайёраҳои боркаш бузургтарин Ан-225 «Мрия» аст, ки дарозиаш 84 м, баландиаш 18 м, болҳояш 88 м, 640 т борро бо суръати 850 км/соат то 15400 км мекашонад.

0

Чаро нӯли «Конкорд» тағйир меёбад?

Тайёраҳое мавҷуданд (англо-фаронсавии «Конкорд» ва шӯравии Ту-144), ки нӯли онҳо тағйир меёбад. Ҳангоми парвоз нӯли он уфуқӣ аст ва суръати тайёра меафзояд. Дар вақти аз замин хестан ва фуруд омадан нӯли тайёра манзараро барои сарнишинон мепӯшонад ва нӯли он фароварда мешавад.

0

Асбобҳои тайёра барои чӣ лозиманд?

Тайёраи муосир машинаи мураккабест, ки бо асбобҳои гуногун ҷиҳозонида шудааст. Асбобҳо ба сарнишинҳо (пилот) имконият медиҳанд, ки аз кори муҳаррик, гидравлика ва рули идора бохабар бошанд. Асбобҳои ҳавонавардӣ баландӣ, суръат ва самти самолётро нишон медиҳанд. Дар тайёраҳои муосир маълумот оид ба кори асбобҳо дар дисплейи компютер пайдо мешаванд.

0