Зеҳн
Технология·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

ТЕХНИКАИ САНОАТӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Ҷараёни барои қонеъ гардондани талаботи одамон ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодиро истеҳсолот меноманд.

Мошинҳо ва дастгоҳҳои гуногун, ки барои иҷрои амалиёти технологӣ пешбинӣ шудаанд, техникаи истеҳсолот номида мешавад. Бо ёрии онҳо маҳсулоти ба андозаву сифати пешбинишуда ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ истеҳсол карда мешавад.

1. Мошинаҳои боркаш. Бо ёрии онҳо бор ё маҳсулот аз як ҷо ба ҷойи дигар бурда мешавад. Ба онҳо мошинҳо, аз қабили автокранҳо, кран-манипуляторҳо, конвейерҳои нақлиётӣ, мошинаҳои боркаш, штабелёрҳо ва ғайра дохил мешаванд.

2. Мошинаҳои нергетикӣ. Онҳо як намуди нергияро ба намуди дигари нергия табдил медиҳанд ва механизмҳоро ба ҳаракат меоранд.

3. Мошинҳои корӣ. Дастгоҳҳо дар истеҳсолот бештар истифода мешаванд. Бо ёрии онҳо амалиёти гуногун барои ба маҳсулот додани шакли дилхоҳ иҷро карда мешавад. Дар истеҳсолот дастгоҳҳои харротӣ, фрезерӣ, пармакунӣ, арра ва рандакунӣ, чархгарӣ, пресскунӣ, штампкунӣ, суфтакунӣ ва ғайра истифода мешаванд.

4. Мошинҳои технологӣ. Пурра автоматӣ кунондани мошинаҳои технологӣ хусусияти беназири онҳост. Чунин мошинаҳо ба воситаи пулти дурдаст идора карда мешаванд. Мошинҳое, ки бо барномаҳои рақамӣ идора мешаванд, дар истеҳсолот васеъ истифода мешаванд.

Он метавонад дар асоси барномаи пешакӣ кор карда, иштироки одамонро дар ҷараёни истеҳсолот кам кунад. Ба ин гуна мошинаҳо манипуляторҳои роботӣ, дастгоҳҳои бо рақам идорашаванда, ленияҳои автоматишуда ва ғайра дохил мешаванд.

5. Техникаи андозагирӣ ва назорат. Шумо дар дарсҳои технология бо якчанд асбобҳои ченкунӣ (ҷадвали масштаб, штангентсиркул, микрометр ва ғайра) шинос гашта, аз онҳо истифода бурдаед. Дар соҳаи истеҳсолоти имрӯза дар системаи назорати сифати маҳсулот техникаи ҳисоббарории рақамӣ васеъ истифода мешаванд. Дар натиҷа кори ченкунӣ ва назорат тезонида, хатоҳои ченкунӣ кам шуда, кори ченкунӣ ва назорат объективона ба амал бароварда мешавад.

Мақсади истифодабарӣ аз онҳо баланд бардоштани самараи меҳнат, баланд бардоштани самараи истифодаи ресурсҳо, кам кардани сарфи нергия ва материал дар истеҳсолот мебошад.

Техникаи истеҳсолӣ аз техникаи маишӣ бо калонии қувват, самараи баланди корӣ, ҳаҷм ва қобилияти кории дарозмуддати боварибахши худ фарқ мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.