Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Дар Тоҷикистони мо ҳам расадхона ҳаст?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 расадхона: Расадхонаи Ҳисор, Расадхонаи байналмилалии «Санглох» ва Расадхонаи баландкӯҳи Помир сохта шуданд, ки бо истифода аз онҳо олимони тоҷик ба чандин кашфиёту навовариҳо даст ёфтаанд.
Расадхонаҳои калонтарини ҷаҳон кадомҳоянд?
Бузургтарин расадхонаҳои дунё – Кек дар баландии 4145 м дар кӯҳи Мауна-Кеа (ҷазираҳои Гавайи ИМА), расадхонаи Паранал дар баландии 2635 м аз сатҳи баҳр дар биёбони Атакамаи Чили ва расадхонаи Роке де лос Мучачос дар баландии 2396 м дар ҷазираҳои Канар мебошанд. Макони ҷойгиршавии ин расадхонаҳо барои мушоҳидаи ҷирмҳои кайҳонӣ бисёр мувофиқанд. Ин расадхонаҳо бо дастгоҳҳои навтарин муҷаҳҳаз мебошанд, ки тавассути онҳо чандин ҷирмҳои ҳаҷман хурд ва аз лиҳози масофа дури кайҳонӣ кашф шудаанд.
Нахустин расадхонаи шакли муосир кадом аст?
Нахустин расадхонаи шакли муосир, ки то имрӯз фаъолият дорад, расадхонаи Париж мебошад. Он соли 1667 бунёд шуда, дар баробари асбобҳои қадимии ахтаршиносӣ телескопҳои калон низ муҷаҳҳаз буд. Расадхонаи дигари шакли муосир расадхонаи Гринвичи Англия мебошад, ки соли 1675 сохта шуда буд. Минбаъд дар асоси ин ду расадхона – Париж ва Гринвич дар дигар кишварҳои Аврупо расадхонаҳои шакли муосир сохта шуданд. Тибқи маълумотҳо ҳоло дар тамоми дунё зиёда аз 500 расадхона фаъолият мекунад.
Кадом расадхонаи машҳур то имрӯз боқӣ мондааст?
Расадхонаи Улуғбек, ки солҳои 1424–28 аз ҷониби олими тоҷик Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ дар наздикии Самарқанд сохта шудааст, то имрӯз қисман боқӣ мондааст. Он шакли бинои 3 ошёнаи силиндрмонандро дошта, баландиаш 30,4 м ва қутри он 46,40 м-ро ташкил медод.
Расадхонаҳои машҳур дар куҷо буданд?
Бузургтарин расадхонаҳои дунё дар асрҳои миёна дар шаҳрҳои Бағдод, Димишқ, Мароға, Самарқанд ва ғайра ҷойгир буданд, ки садҳо олимон дар онҳо кору фаъолият мекарданд. Аз ҷумла, Расадхонаи Мароға, ки соли 1259 сохта шудааст, дорои тарбеъ (квадрант)-и девории радиусаш 6,5 м, кураи армиллярӣ ва дигар асбобҳои ахтаршиносӣ буд, ки бо истифода аз онҳо олимон ҷадвалҳои ҳаракати Офтобу Моҳ ва координатҳои ҷуғрофии 256 шаҳрҳои оламро муайян кардаанд.
Расадхона чист?
Расадхона иншоотест, ки дар он мушоҳида ва таҳқиқоти ҷирмҳои кайҳонӣ гузаронида мешаванд. Расадхонаҳои нахустин вобаста ба мавқеи Офтоб ё ягон ҷисми дурахшандаи кайҳонӣ сохта мешуданд (масалан Аҳромҳои Миср ва Амрикои Марказӣ). Имрӯз харобаҳои сохтмонҳои аҷиберо, ки дар ҳудуди Арманистон (Кароҳунҷ) ва Бритониё (Стоунҳенҷ) боқӣ мондаанд, баъзе олимон расадхонаҳои қадимӣ мешуморанд.
Телескопро кӣ кашф кардааст?
Олими машҳури итолиёӣ Галилео Галилей (1564–1642) соли 1609 нахустин телескопро ихтироъ кард, ки тавассути он ҷирмҳои осмонӣ 32 маротиба калонтар дида мешуданд. Ӯ аввалин нафарест, ки ҳалқаҳои Зуҳал, 4 радифи калонтарини табиии Муштарӣ ва сайёраи Нептунро бо телескоп мушоҳида кардааст. Галилей тамоми умр расман назарияи офтобмарказии Коперникро ҷонибдорӣ карда, бо мушоҳидаҳои бевоситаи худ онро асоснок мекард. Барои чунин рафтораш калисои католикӣ Галилейро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд, аммо ӯ то охир бар ақидаи худ устувор монд.
Николай Коперник кист?
Коперник (1473–1543) олими лаҳистонӣ аст, ки аввалин шуда Офтобро маркази олам донист. То замони ӯ одамон гумон доштанд, ки Замин маркази олам аст ва ҳамаи ҷирмҳои осмонӣ дар атрофи Замин давр мезананд. Назарияи Коперник тасаввуроти инсонҳоро доир ба кайҳон комилан дигар кард. Вале асари Коперникро рӯҳониёни Аврупо хилофи дини масеҳӣ дониста, нашру талқини онро манъ карданд. Навиштаҳои Коперникро то миёнаҳои асри 19 нафарони илмдӯст махфӣ мутолиа ва ҷонибдорӣ мекарданд.
Аввалин тақвимро киҳо сохтаанд?
Дар Мисри қадим пеш аз оғози мавсими кишт дарёи Нил туғён мекард, ки ин ҳодиса баъди 2-3 рӯзи тулӯи ситораи Шабоҳанг (Сириус) сурат мегирифт. Мисриён вобаста ба ин тақвими солонаи худро сохтанд, ки аз се фасли сол ва 365 шабонарӯз иборат буд. Бобилиёни қадим нахустин шуда тақвими моҳтобии иборат аз 12 моҳ ва 360 шабонарӯзро сохта, вобаста ба мушоҳидаҳои худ қонунҳои ҳаракати баъзе сайёраҳо ва гирифти Офтобу Моҳро муайян карданд. Ба андешаи баъзе олимон, ҳафтаи иборат аз 7 шабонарӯзро маҳз бобилиён муқаррар кардаанд.
Одамони қадим дар бораи кайҳон чӣ медонистанд?
Одамон ҳанӯз аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ ба тағйирёбии шакли Моҳ, ивазшавии шабу рӯз ва фаслҳои сол таваҷҷуҳ доштанд. Замоне, ки инсонҳо кишоварзиро омӯхтанд, муайян кардани мавсими кишт ва доштани тақвим бароишон хеле муҳим шуд. Баҳрнавардон ҳам ҳангоми сафарҳояшон барои роҳгум назадан, ба ҳаракати Офтобу Моҳ ва мавқеи ситораҳо такя мекарданд. Ин даврае буд, ки нахустин донишҳо дар бораи ҷирмҳои осмонӣ пайдо шуданд.
Харитаи маъмурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳудудӣ-маъмурӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим гардида, дар маҷмӯъ 65 шаҳру ноҳия дорад. ВМКБ: шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон. Шаҳрҳои вилояти Суғд: Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Истиқлол (Табошар), Конибодом, Қайроққум, Панҷакент, Чкалов; ноҳияҳояш: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон. Шаҳрҳои вилояти Хатлон: Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Сарбанд; ноҳияҳояш: Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Қубодиён, Қумсангир, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Шӯрообод. Ноҳияҳои тобеи марказ: шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Рашт, Рӯдакӣ, Тавилдара, Тоҷикобод, Файзобод, Ҳисор, Ҷиргатол, Шаҳринав. Шаҳрҳои бузургу қадимии ниёгони бохтарию суғдии мо Саразм, Истаравшан, Хуҷанд, Ҳалевард, Леваканд, Шумон, Мунк, Вахш, Вашгирд, Хуталон, Ахарун, Ҳулбук, Карон (ё Кеврон) ва ғайра мебошанд, ки аксарашон таърихи қариб 3–4 ҳазорсола доранд. Харобаҳои шаҳри қадимии Балх (модари шаҳрҳои тоҷикон), ки дар китоби Авесто зикр шудааст, қариб 60–65 га масоҳатро фаро мегирад. Бештари ин шаҳрҳо лӯлаҳои гилину корезҳои обпарто, кӯчаҳои сангфарши хуштарҳ, хиёбону растаҳои тиҷоратӣ, ҳисору қалъаҳои мудофиавӣ доштанд.
Харитаҳои ҷуғрофӣ
Харитаи ҷуғрофӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объект ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо аломатҳои шартӣ ишора мешаванд. Ин навъи харитаҳо ҳама ҷузъиётро пурра тасвир карда наметавонанд, зеро қисматҳои кураи Заминро чандин маротиба хурд нишон медиҳанд. Харитаҳо аз нигоҳи бузургӣ ва дарбаргирии қаламрав ба харитаи ҷаҳон, нимкураҳо, қитъаҳо, уқёнусу баҳрҳо, мамлакатҳо ва ноҳияҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Ҳамчунин, харитаҳои ҷуғрофии сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ғайра мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар мавридҳои зарурӣ истифода мешаванд. Илми харитасозӣ ҳоло дорои имконоти зиёд буда, дар сохтани харита аз аксҳои кайҳонӣ ва дигар васоити муосири технологӣ истифода мебаранд. Бинобар ин, тарҳ ва релйефи маҳалҳои Замин дар харитаҳои муосир дақиқтар тасвир меёбанд.
Даштҳо
Даштҳо аслан, паҳноҳои васеи бедарахт ё камдарахт буда, дар он ҷо рустаниҳои бисёрсолаи ба хушкию камобӣ ва гармию хунукиҳо тобовар мерӯянд. Даштҳо дар мавзеъҳои камбориши хушк воқеъ буда, бештар бо биёбонҳо ҳамшафатанд. Боришот дар ин ҷо хеле кам ва дар мавсимҳои муайян меборад. Замини даштҳо барои сабзидану парвариши дарахтон ниҳоят хушк аст, вале дар он ҷо буттаю нимбутта ва алафҳои ба хушкӣ тобовар аз қабили ғеша, шибоғ, ҷорӯбак ва ғ. хуб нашъунамо мекунанд. Даштҳоро дар Аврупо ва Осиё «дашт», дар Амрикои Ҷанубӣ – «пампа» ё «пампаса», дар Амрикои Шимолӣ – «прерия» меноманд. Даштҳои камдарахти минтақаҳои гармсери Африқо, Ҳиндустон ва Австралия «саванна» ном доранд.
Пиряхҳои Тоҷикистон
Тоҷикистон дорои пиряхҳои азим ва минтақаҳои яхбандии доимии иқлимаш монанд ба Антарктика мебошад (дар минтақаи Яшикӯл сардии –69 °С ба қайд гирифта шудааст). Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 8000 км²-ро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхҳои кӯҳии Тоҷикистон инҳоянд: Федченко, Аюҷилға, Хирсон, Девлохон, Витковский, Гармо, Ванҷ, Зарафшон, ки сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон мебошанд.
Пиряхҳо
Пирях анбӯҳи бузурги яхе мебошад, ки аз барфҳои бисёрсола пайдо гашта, дар водиҳои кӯҳӣ ё дар минтақаҳои қутбӣ ба оҳистагӣ ҳаракат мекунад. Суръати ҳаракати пиряхҳо дар як шабонарӯз то даҳҳо метр буда, ҳаҷми онҳо чунон бузург аст, ки дар сатҳи замин изҳои амиқ боқӣ гузошта, шаклҳои хосси релйефи пиряхиро ташкил медиҳанд. Дар давраи яхбандии бузург пиряхҳо қисми зиёди Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Осиёро пӯшонида буданд. Вақте, ки пирях ба уқёнус мефурояд, аз канораҳои он яхпораҳо канда шуда, айсбергҳо, яъне яхпораҳои шиноварро ба вуҷуд меоваранд.
Уқёнусҳо
Дар кураи Замин 4 уқёнус мавҷуд аст: Уқёнуси Ором, масоҳаташ: 178,6 млн км² Уқёнуси Атлантик, масоҳаташ: 91,6 млн км² Уқёнуси Ҳинд, масоҳаташ: 76,1 млн км² Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, масоҳаташ: 14,7 млн км²
Минтақаҳои қутбӣ
Қутби Шимолӣ ва Қутби Ҷанубӣ нуқтаҳои ниҳоии буриши меҳвари Замин мебошанд, ки дар нуқтаи ниҳоии нимкураҳои муқобили якдигар қарор доранд. Арктика дар нимкураи шимолӣ ва Антарктика дар нимкураи ҷанубӣ сардтарин минтақаҳои рӯйи Заминанд. Ин минтақаҳои қутбӣ тамоми сол барфу яхпӯшанд.
Қитъаҳо
Дар рӯйи Замин шаш қитъаи хушкӣ мавҷуданд: Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Авруосиё, Австралия ва Антарктида. Қитъаи Авруосиё аз ҳама масоҳати бузург – 54 млн км²-ро ишғол кардааст. Ҳамчунин Африқо 30,3 млн км², Амрикои Шимолӣ 24 млн км², Амрикои Ҷанубӣ 17 млн км², Антарктида 14 млн км² ва қитъаи Австралия 7,7 млн км² масоҳат доранд.
Хушкии рӯйи Замин
Хушкии Замин ҳудуде мебошанд, ки берун аз оби уқёнусу баҳр ва кӯлу обанборҳо қарор доранд. Масоҳати умумии хушкии сайёраи Замин қариб 150 млн км², яъне 29,2% масоҳати кураи Заминро ташкил медиҳад. Қабати болоии Замин тахминан аз 20 қабати литосферӣ иборат буда, муддати миллионҳо сол дар мантия (қабатҳои дарунии геосфера)-и Замин ҳаракат мекунанд. Дар натиҷаи ба тадриҷ омехташавии қабатҳои литосферӣ бо қабатҳои дохилии геосфераи Замин, бархӯрд ва шикастани қитъаҳо ба амал меояд. Ғафсии қабати Замин дар хушкӣ ба ҳисоби миёна 30–40 км аст.
Об
Нурҳои Офтоб замин ва қабати болоии баҳру кӯлу дарё ва обанборҳоро метафсонанд, ки дар натиҷа аз онҳо бухори об ба ҳаво бармехезад. Ҳаври бухори об дар баландии атмосфера сард гашта, ба абр табдил меёбад ва сипас ба ҳолати моеъ баргашта, боз ба Замин дар шакли барфу борон мерезад. Дар таркиби оби баҳр намаки ошӣ (хлориди натрий) ва минералҳои дигар мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна шӯрии оби баҳр 3,5 дарсадро ташкил медиҳад. Баҳрҳои Каспий, Арал ва Майит (мурда) аз ҷумлаи бузургтарин кӯлҳои шӯри рӯйи Заминанд. Аммо шӯрии оби баҳри Майит 25 дарсад буда, обаш аз ҳамаи баҳрҳои дигар шӯртар аст. Он дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст. Аҷиб он аст, ки дар чунин оби шӯр одам ғарқ намешавад ва ҷуссааш дар болои об меистад.




