Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·15 рӯз пешНашрия

Об

Нурҳои Офтоб замин ва қабати болоии баҳру кӯлу дарё ва обанборҳоро метафсонанд, ки дар натиҷа аз онҳо бухори об ба ҳаво бармехезад. Ҳаври бухори об дар баландии атмосфера сард гашта, ба абр табдил меёбад ва сипас ба ҳолати моеъ баргашта, боз ба Замин дар шакли барфу борон мерезад.

Дар таркиби оби баҳр намаки ошӣ (хлориди натрий) ва минералҳои дигар мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна шӯрии оби баҳр 3,5 дарсадро ташкил медиҳад. Баҳрҳои Каспий, Арал ва Майит (мурда) аз ҷумлаи бузургтарин кӯлҳои шӯри рӯйи Заминанд. Аммо шӯрии оби баҳри Майит 25 дарсад буда, обаш аз ҳамаи баҳрҳои дигар шӯртар аст. Он дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст. Аҷиб он аст, ки дар чунин оби шӯр одам ғарқ намешавад ва ҷуссааш дар болои об меистад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.