Харитаи маъмурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳудудӣ-маъмурӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим гардида, дар маҷмӯъ 65 шаҳру ноҳия дорад. ВМКБ: шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон. Шаҳрҳои вилояти Суғд: Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Истиқлол (Табошар), Конибодом, Қайроққум, Панҷакент, Чкалов; ноҳияҳояш: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон. Шаҳрҳои вилояти Хатлон: Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Сарбанд; ноҳияҳояш: Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Қубодиён, Қумсангир, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Шӯрообод. Ноҳияҳои тобеи марказ: шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Нуробод, Рашт, Рӯдакӣ, Тавилдара, Тоҷикобод, Файзобод, Ҳисор, Ҷиргатол, Шаҳринав.
Шаҳрҳои бузургу қадимии ниёгони бохтарию суғдии мо Саразм, Истаравшан, Хуҷанд, Ҳалевард, Леваканд, Шумон, Мунк, Вахш, Вашгирд, Хуталон, Ахарун, Ҳулбук, Карон (ё Кеврон) ва ғайра мебошанд, ки аксарашон таърихи қариб 3–4 ҳазорсола доранд. Харобаҳои шаҳри қадимии Балх (модари шаҳрҳои тоҷикон), ки дар китоби Авесто зикр шудааст, қариб 60–65 га масоҳатро фаро мегирад. Бештари ин шаҳрҳо лӯлаҳои гилину корезҳои обпарто, кӯчаҳои сангфарши хуштарҳ, хиёбону растаҳои тиҷоратӣ, ҳисору қалъаҳои мудофиавӣ доштанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




