Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Сайёраҳо

Сайёра кураи бузурги аз ҷинсҳои сахт ва ё газ таркибёфтае мебошад, ки дар атрофи ситораи худ дар мадори муайян давр мезанад. Сайёраҳо ҳамчунин дар атрофи тири худ чарх мезананд. Ҷирмҳои аз сайёраҳо хурдтар, ки дар атрофи онҳо давр мезананд, радифони табиӣ ном доранд. Ҷирмҳои аз сайёраҳо ва радифони табиӣ хурдтар астероидҳо, зузанабҳо ва метеороидҳо мебошанд.

0

Ситораҳо

Ситораҳо кураҳои бузурги газии тафсон мебошанд, ки аз худ гармӣ ва равшанӣ меафкананд. Дар дохили ситораҳо равандҳое мегузарад, ки манбаи гармӣ ва равшании онҳо дониста мешавад. Ситораи ба мо наздиктарин Офтоб аст, ки аз Замин 150 млн км дур аст.

0

Галактикаҳо

Галактикаҳо ин анбӯҳи бузурги ситораҳо мебошанд, ки тавассути ҷозиба нигоҳ дошта шудаанд. Галактикаҳо метавонанд дар худ миллионҳо ва ҳатто миллиардҳо ситораро дошта бошанд. Офтобе, ки мо мушоҳида мекунем, дар галактикаи Роҳи Каҳкашон қарор дорад, ки қутри он тақрибан 100 ҳазор соли рӯшноӣ аст.

0

Телескопҳои кайҳонӣ

Аз ибтидои солҳои 60-уми асри 20 олимон барои таҳқиқи дақиқтари ҷирмҳои осмонӣ дастгоҳҳои кайҳониро ба мадори Замин фиристоданд. Минбаъд дар заминаи дастгоҳҳои кайҳонӣ телескопҳои кайҳонӣ сохта ба фазо фиристода шуданд. Ин имкон дод, ки ҷирмҳои дури кайҳонӣ мушоҳида ва аксҳои дақиқи онҳо дастрас карда шаванд. Зеро тавассути телескопҳои дар Замин насбшуда бо сабаби мавҷудияти қабати атмосфера дар фазои Замин ҷузъиёти ҷирмҳои кайҳониро бо сифати хуб мушоҳида кардан имконнопазир аст. Бо сабаби он ки телескопҳои кайҳонии муосир нисбатан мураккабанд ва барои иҷрои якчанд вазифа сохта шудаанд, онҳоро расадхонаҳои кайҳонӣ ҳам мегӯянд. Яке аз нахустин телескопҳои кайҳонӣ «Ҳаббл» мебошад, ки соли 1990 ба мадори Замин бароварда шудааст. Ин дастгоҳ ба андозаи як автобус буда, дар масофаи 612 км-ии атрофи Замин давр мезанад. Дар ин телескоп пойгоҳи барқие мавҷуд аст, ки энергияи Офтобро истифода мебарад. Аз ибтидои кори ин телескоп то имрӯз зиёда аз 1 млн 22 ҳазор акси ҷирмҳои кайҳонӣ – ситораҳо, сайёраҳо, туманнокиҳо ва галактикаҳо дастраси инсоният шудаанд. Пас аз ба мадор баровардани «Ҳаббл» аксҳои фиристодаи ин дастгоҳ каме хира буданд. Бинобар ин, соли 1993 як гурӯҳ кайҳоннавардон барои таъмири ин дастгоҳ ба мадори Замин фиристода шуда, онро бо оинаҳои иловагӣ муҷаҳҳаз намуданд. Дар маҷмӯъ «Ҳаббл» панҷ маротиба (солҳои 1993, 1997, 1999, 2002 ва 2009) таъмир шудааст. Солҳои 2018–2019 ба фазо фиристодани телескопи кайҳонии Ҷеймс Уэбб дар нақша гирифта шудааст, ки иқтидори он нисбат ба «Ҳаббл» қариб 3 маротиба зиёд буда, бояд онро иваз кунад.

0

Телескопҳои оптикӣ

Тасвир дар телескопҳои оптикӣ тавассути рӯшноӣ сохта мешавад ва ба воситаи оина ё линзаҳои барҷастаи аз шиша сохташуда калон карда мешавад. Телескопҳои оптикӣ шакли лӯла (труба)-и калонеро доранд, ки рӯшноӣ тавассути оина ва линзаҳо дар онҳо ҷамъоварӣ шуда, ҳангоми аз чашмак (окуляр) мушоҳида кардан ҷирмҳои осмонӣ ҳаҷман калон ва равшан нишон дода мешаванд. Телескопҳои пуриқтидор ва ҳаҷман бузургро дар биноҳои махсус — расадхонаҳо дар макони баланде ҷойгир мекунанд.

0

Радиотелескопҳо

Ба воситаи радиотелескопҳо ҷирмҳои кайҳониро мушоҳида мекунанд, ки тавассути телескопҳои оптикӣ анҷом додани ин амал номумкин аст. Дар фарқ аз телескопҳои оптикӣ радиотелескопҳо дар ҳамвориҳо насб мешаванд. Ба ҷои оина ва линзаҳо дар радиотелескопҳо антеннаҳои шаклан ба табақча монанд насб гардидаанд. Радиотелескопҳо аз ду қисми асосӣ: антенна ва радиометр иборатанд. Ба воситаи антенна мавҷҳои радиоӣ, ки аз кайҳон меоянд, гирифта шуда, тавассути радиометр коркард ва барои сабт мутобиқ гардонида мешаванд ва сипас дар шакли тасвир ё нақшаҳои электронӣ инъикос мегарданд.

0

Расадхонаи баландкӯҳи «Помир»

Расадхонаи баландкӯҳи Помир дар баландии 4350 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Мавқеи мувофиқи он имкон медиҳад, ки дар як сол 250 шабҳои соф ҷирмҳои осмонӣ мушоҳида шаванд. Ин расадхона дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир буда, бо иқлиму шароити мусоиди худ дар тамоми ҷаҳон беназир аст. Бо истифода аз он пажӯҳишгарони соҳаи ахтаршиносӣ метавонанд ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил шаванд.

0

Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох»

Расадхона дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Он дорои телескопи оинагии қутраш 1 м мебошад. Тавассути ин телескоп ситораҳо, галактикаҳо ва ҷирмҳои хурди манзумаи Офтобӣ мушоҳида карда мешаванд. Телескоп ҷирмҳои андозаашон 10 см-ро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад.

0

Расадхонаи астрономии «Ҳисор»

Расадхонаи Ҳисор дар ноҳияи Ҳисор дар баландии 730 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар ин расадхона телескопҳои АЗТ-8 (қутраш 70 см), телескопи Сейсс (40 см) насб шудаанд, ки бо истифода аз онҳо ситораҳои тағйирёбанда ва зузанабҳову астероидҳо таҳқиқ мешаванд. Дар расадхона барои мушоҳидаи радифони сунъии Замин асбобҳои дақиқи ахтаршиносӣ ва дастгоҳҳои наворгириву аккосӣ насб шудаанд.

0

Расадхонаҳои муосир

Баъди ихтироъ ва такмил шудани телескоп ва дигар дастгоҳҳои таҳқиқотӣ барои ҳифз ва истифодаи дурусти онҳо расадхонаҳои муосир сохта шуданд. Дар замони муосир расадхонаҳо дар баландиҳо ва ба шакли гунбади мудаввар сохта мешаванд, ки ҳангоми мушоҳида болои онҳо кушода мешавад. Ба ин восита телескоп ва дастгоҳҳои дохили расадхона аз гармии тобистон ва чангу боришот эмин мемонанд.

0

Секстант

Асбоби зовиясанҷест, ки барои муайян намудани макони ҷуғрофии мушоҳид тавассути он баландии ҷирмҳои осмонӣ нисбат ба уфуқ чен карда мешавад. Муҳимтарин хусусияти секстант он аст, ки метавонад дар як вақт ва ҳангоми ҳаракат ду ашёеро, ки кунҷи миёни онҳо чен карда мешавад, дақиқ нишон бидиҳад. Ҳоло секстантҳои худкор дар киштиҳо ва тайёраҳо насб шудаанд, ки баъзе вақт барои муайян кардани макони будубоши онҳо истифода мешаванд.

0

Устурлоб

Шакли мудаввар дорад ва аз филиз ё тахта сохта мешавад. Бо истифода аз ин асбоб баландии вусъати ҷирмҳои осмонӣ ва арзу тӯли ҷуғрофии маҳал муайян карда мешуд. Бори нахуст устурлобро дар шакли комил Иброҳим ибни Ҳабиби Физорӣ (асри 8) сохта ва дар таҷриба истифода кардааст.

0

Квадрант

Барои чен кардани баландии ҷирмҳои осмонӣ дар уфуқ ва масофаҳои кунҷии онҳо истифода мешуд. Дар расадхонаҳои асримиёнагӣ асосан квадрантҳои калони деворӣ истифода мешуданд, ки бузургтарини онҳо 7,5 метр радиус дошт ва онро олими тоҷик Абурайҳон Берунӣ сохта буд. Аз охири асри 17 ин асбоб аз истифода баромад.

0

Қадимтарин асбоби ахтаршиносӣ

Гномон – қадимтарин асбоби ахтаршиносӣ аст, ки ҳамвории уфуқӣ ва пояи амудӣ дорад. Вобаста ба самт ва дарозии сояи пояи он баландӣ ва азимути Офтоб чен карда мешуд. Ҳоло гномонро ҳамчун соати офтобӣ истифода мекунанд.

0

Асбобҳои қадимии мушоҳидаи кайҳон

То ихтироъ шудани телескоп (соли 1605) одамон ҷирмҳои осмониро бо чашм ва олоти дигари худсохт – секстант, квадрант, устурлоб (астролябия), соатҳои офтобӣ ва ғайра мушоҳида мекарданд. Пас аз ихтирои нахустин телескоп аз ҷониби Г. Галилей ва сохтани навъҳои замонавии он инсоният дар шинохти кайҳон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид.

0

Кашфиётҳои бузург дар шинохти кайҳон

Дар асрҳои 20–21 инсоният дар шинохти кайҳон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, ки муҳимтаринашон инҳоянд: Аввалин дастгоҳҳои кайҳонӣ сохта ва ба кайҳон фиристода шуданд; Табиати тамоми сайёраҳои манзумаи Офтобӣ дар умум таҳқиқ шуда, сатҳи Моҳ, Зуҳра ва Миррих бевосита омӯхта шуд; Дар бораи астероидҳо ва зузанабҳо, ки ҷирмҳои асрорангез ҳисобида мешуданд, маълумоти илмӣ дастрас шуда, таҳқиқи бевоситаи онҳо шурӯъ гардид; Сайёраҳое, ки ба манзумаи ситораҳои дигар тааллуқ доранд, кашф шуданд; Сохтори дохилии ситораҳо ва манзараи умумии пайдоиш ва таҳаввули онҳо муайян гардид; Аввалин бор инсонҳо ба мадори Замин парвоз карда, дар сатҳи Моҳ фуруд омаданд; Сохтори туманнокиҳо ва галактикаҳо, инчунин ва таркиби фазои байни ситораҳо муайян карда шуда; Аввалин дастгоҳҳо барои расидан ба наздиктарин масофа то Офтоб ва берун шудан аз манзумаи Офтобӣ фиристода шуданд.

0

Ахтаршиносӣ дар давраи нав ва навин

Дар асри 19 баъзе хосиятҳои рӯшноӣ омӯхта шуда, аз солҳои 40—50-уми ин аср нахустин дастгоҳҳои аккосӣ ихтироъ гардиданд. Чунин дастгоҳҳо барои аксгирии ҷирмҳои кайҳонӣ ҳам истифода шуда, табиат ва баъзе хусусиятҳои ҷирмҳои кайҳонӣ, аз ҷумла ситораҳо ва туманнокиҳоро муайян карданд.

0

Инқилоб дар шинохти кайҳон

Аз асри 16 дар илмҳои табиатшиносӣ, хусусан ахтаршиносӣ кашфиётҳои бузург ба амал омаданд. Соли 1543 олими лаҳистонӣ Н. Коперник низоми Офтобмарказии оламро ба миён гузошт. Пас аз он И. Кеплер (1571–1630) қонунҳои ҳаракати сайёраҳоро кашф намуд ва Г. Галилей (1564–1642) аввалин телескопро ихтироъ кард. Кашфи қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ аз ҷониби И. Ньютон сабаби дар атрофи Офтоб давр задани сайёраҳоро муайян кард.

0

Мунаҷҷимони машҳури асримиёнагии тоҷик

Аҳмади Фарғонӣ (798–861) расадхонаи машҳури Бағдодро таъсис додааст. Ӯ курашакл будани Заминро исбот карда, соли 812 гирифти Офтобро пешгӯӣ кардааст. Аҳмади Фарғонӣ дар Аврупо бо номи Алфраганус (Alfraganus) машҳур аст. Абурайҳон Берунӣ (973–1048) беш аз 180 асар навиштааст. Ӯ андозаи Заминро чунон дақиқ намуд, ки аз ченкуниҳои имрӯза ҳамагӣ 110 км фарқ дошт. Берунӣ бори аввал байзашакл будани мадори сайёраҳоро исбот намуда, Офтобро, ки то ин вақт юнониҳо онро ҷисми рӯҳонӣ медонистанд, як ҷисми физикии нурафкан ва шуълаҳои онро пораҳои сӯзон номид. Абдурраҳмони Сӯфӣ (903–986), расадхонаи бузургро дар Шероз таъсис дода, дар асари машҳури худ «Сувару-л-кавокиб» тасвири осмон, ном ва ҷойгиршавии ситораҳо ва муҳимтарин кашфиёташ – галактикаи Андромедаро сабт кардааст. Ин асари Сӯфӣ то замони нав муҳимтарин манбаи илмии олимони соҳа ба шумор рафт.

0

Ахтаршиносӣ дар асрҳои миёна

Дар асрҳои миёна илмҳои табиатшиносӣ дар Аврупо рӯ ба таназзул оварда буданд. Аммо дар мамлакатҳои мусулмонии Шарқ баръакс, тамоми соҳаҳои илм, хусусан ахтаршиносӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардиданд. Ахтаршиносони асримиёнагии мусулмон бунёди муҳимтарин иншооти илмии ахтаршиносӣ — расадхонаҳоро асос гузошта, устурлоб ва соатҳои офтобиро ихтироъ карданд.

0