Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Телескопҳои кайҳонӣ

Аз ибтидои солҳои 60-уми асри 20 олимон барои таҳқиқи дақиқтари ҷирмҳои осмонӣ дастгоҳҳои кайҳониро ба мадори Замин фиристоданд. Минбаъд дар заминаи дастгоҳҳои кайҳонӣ телескопҳои кайҳонӣ сохта ба фазо фиристода шуданд. Ин имкон дод, ки ҷирмҳои дури кайҳонӣ мушоҳида ва аксҳои дақиқи онҳо дастрас карда шаванд. Зеро тавассути телескопҳои дар Замин насбшуда бо сабаби мавҷудияти қабати атмосфера дар фазои Замин ҷузъиёти ҷирмҳои кайҳониро бо сифати хуб мушоҳида кардан имконнопазир аст. Бо сабаби он ки телескопҳои кайҳонии муосир нисбатан мураккабанд ва барои иҷрои якчанд вазифа сохта шудаанд, онҳоро расадхонаҳои кайҳонӣ ҳам мегӯянд. Яке аз нахустин телескопҳои кайҳонӣ «Ҳаббл» мебошад, ки соли 1990 ба мадори Замин бароварда шудааст. Ин дастгоҳ ба андозаи як автобус буда, дар масофаи 612 км-ии атрофи Замин давр мезанад. Дар ин телескоп пойгоҳи барқие мавҷуд аст, ки энергияи Офтобро истифода мебарад. Аз ибтидои кори ин телескоп то имрӯз зиёда аз 1 млн 22 ҳазор акси ҷирмҳои кайҳонӣ – ситораҳо, сайёраҳо, туманнокиҳо ва галактикаҳо дастраси инсоният шудаанд. Пас аз ба мадор баровардани «Ҳаббл» аксҳои фиристодаи ин дастгоҳ каме хира буданд. Бинобар ин, соли 1993 як гурӯҳ кайҳоннавардон барои таъмири ин дастгоҳ ба мадори Замин фиристода шуда, онро бо оинаҳои иловагӣ муҷаҳҳаз намуданд. Дар маҷмӯъ «Ҳаббл» панҷ маротиба (солҳои 1993, 1997, 1999, 2002 ва 2009) таъмир шудааст. Солҳои 2018–2019 ба фазо фиристодани телескопи кайҳонии Ҷеймс Уэбб дар нақша гирифта шудааст, ки иқтидори он нисбат ба «Ҳаббл» қариб 3 маротиба зиёд буда, бояд онро иваз кунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.