Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Кашфиётҳои бузург дар шинохти кайҳон

Дар асрҳои 20–21 инсоният дар шинохти кайҳон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, ки муҳимтаринашон инҳоянд:

  • Аввалин дастгоҳҳои кайҳонӣ сохта ва ба кайҳон фиристода шуданд;
  • Табиати тамоми сайёраҳои манзумаи Офтобӣ дар умум таҳқиқ шуда, сатҳи Моҳ, Зуҳра ва Миррих бевосита омӯхта шуд;
  • Дар бораи астероидҳо ва зузанабҳо, ки ҷирмҳои асрорангез ҳисобида мешуданд, маълумоти илмӣ дастрас шуда, таҳқиқи бевоситаи онҳо шурӯъ гардид;
  • Сайёраҳое, ки ба манзумаи ситораҳои дигар тааллуқ доранд, кашф шуданд;
  • Сохтори дохилии ситораҳо ва манзараи умумии пайдоиш ва таҳаввули онҳо муайян гардид;
  • Аввалин бор инсонҳо ба мадори Замин парвоз карда, дар сатҳи Моҳ фуруд омаданд;
  • Сохтори туманнокиҳо ва галактикаҳо, инчунин ва таркиби фазои байни ситораҳо муайян карда шуда;
  • Аввалин дастгоҳҳо барои расидан ба наздиктарин масофа то Офтоб ва берун шудан аз манзумаи Офтобӣ фиристода шуданд.
0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.