Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Оё тайёраҳои амудӣ парвозкунанда мавҷуданд?
Тайёраҳои амудӣ парвозкунанда дар ҷойҳое истифода мешаванд, ки хат ё майдончаи парвоз мавҷуд нест. Соли 1960 ширкати бритонии «Хокёр Сиддли» нахустин тайёраи парвози амудӣ «Ҳарриер»-ро сохт. Дар ИҶШС низ чунин тайёраҳои Як-36 ва Як-141 сохта шуда буданд.
Кадом тайёра аз ҳама бузургтарин аст?
Тайёраҳои бузурги мусофиркашро аэробус меноманд. Аэробуси бузургтарин дар ҷаҳон «А380» аст, ки дарозиаш 80 м, баландиаш 24 м, қанотҳояш 80 м, бо суръати зиёда аз 1000 км/соат 853 мусофирро то масофаи 15400 км мебарад. Дар байни тайёраҳои боркаш бузургтарин Ан-225 «Мрия» аст, ки дарозиаш 84 м, баландиаш 18 м, болҳояш 88 м, 640 т борро бо суръати 850 км/соат то 15400 км мекашонад.
Чаро нӯли «Конкорд» тағйир меёбад?
Тайёраҳое мавҷуданд (англо-фаронсавии «Конкорд» ва шӯравии Ту-144), ки нӯли онҳо тағйир меёбад. Ҳангоми парвоз нӯли он уфуқӣ аст ва суръати тайёра меафзояд. Дар вақти аз замин хестан ва фуруд омадан нӯли тайёра манзараро барои сарнишинон мепӯшонад ва нӯли он фароварда мешавад.
Асбобҳои тайёра барои чӣ лозиманд?
Тайёраи муосир машинаи мураккабест, ки бо асбобҳои гуногун ҷиҳозонида шудааст. Асбобҳо ба сарнишинҳо (пилот) имконият медиҳанд, ки аз кори муҳаррик, гидравлика ва рули идора бохабар бошанд. Асбобҳои ҳавонавардӣ баландӣ, суръат ва самти самолётро нишон медиҳанд. Дар тайёраҳои муосир маълумот оид ба кори асбобҳо дар дисплейи компютер пайдо мешаванд.
Чаро тайёра дар абрҳо гум намешавад?
Дар осмон дар як вақт садҳо тайёра парвоз мекунанд. Дар аэродромҳои бузург ҳар лаҳза даҳҳо тайёра фуруд меоянд ва парвоз мекунанд. Аз аввал то охири парвоз тайёраро танзимгарони ҳавоӣ идора мекунанд. Онҳо тайёраҳоро намебинанду аз радиолокатор (радар)-ҳо истифода мекунанд. Радиомавҷҳои аз тайёра инъикосшуда дар экрани локатор чун нуқтаи равшан пайдо шуда, мавқеи тайёраро муайян мекунанд.
Суръати самолётро чӣ тавр зиёд кардан мумкин аст?
Тайёраҳои муосир муҳаррикҳои реактивӣ доранд. Дар онҳо маводди сӯхтаи сӯзишворӣ (газҳои гарм) бо суръати баланд аз шайпур (сопла, думболаи муҳаррик) баромада, тайёраро ба пеш тела медиҳад. Ин қувваи теладиҳанда – қувваи реактивӣ ном дорад.
Тайёраро чӣ тавр идора мекунанд?
Дар думбола ва қанотҳои тайёра рул ва сатҳҳои ҳаракаткунанда ҳастанд, ки бо ёрии онҳо пилот равиш ва баландиро тағйир медиҳад. Фишанг, дастак ва педалҳои идоракунанда дар кабинаи тайёра мебошанд.
Тайёраҳо
Тайёраи аввалини муҳаррикдор, ки амрикоиҳо бародарон Уилбер ва Орвилл Райт соли 1903 сохтанд, дарозиаш 37 м буда, дар ҳаво ҳамагӣ 12 сония парвоз кард. Тайёраҳои муосир соатҳо парвоз карда, мусофиронро ба гӯшаи дилхоҳи Замин мерасонанд. Суръати тайёраҳои муосир аз суръати садо зиёд аст.
Панҷараи муҳофизаткунанда барои чӣ лозим буд?
Дар роҳҳои оҳани нахустини амрикоӣ ҳайвонот гоҳо ба роҳ мебаромаданд. Поезд дар ҳолати бархӯрд бо онҳо ба садама дучор мешуд. Аз ин сабаб дар паровозҳо панҷара гузошта мешуд, ки ҳайвони бархӯрдаро ба як сӯ мепартофт. Аввалин поезд бо панҷараи муҳофизаткунанда соли 1831 дар Амрико сохта шуда буд.
Оё «Ракета» мепарид?
«Ракета» – номи локомотиви машҳурест, ки муҳандиси бритониёӣ Ҷорҷ Стефенсон сохтааст. Соли 1829 он дар конкурси паровози беҳтарини роҳи оҳани «Ливерпул – Манчестер» бо суръати 47 км/соат ғолиб омад. Ин ғалаба афзалияти паровозро нисбат ба аспон дар кашидани вагонҳои роҳи оҳан қатъиян ҳал кард.
«Поезд-тир» дар куҷо «мепарад»?
«Поезд-тир» («Синкансен») поезди баландсуръат (то 300 км/соат) буда, байни пойтахти Ҷопон – Токио ва шаҳрҳои бузурги мамлакат ҳаракат мекунад. Барои чунин поездҳо роҳи махсус сохта шудааст, ки хамгашт надорад. Поезд қатораҳои бисёр дошта, то ҳазор мусофирро ба манзил мерасонад.
Ҷараёни электрик чархҳоро чӣ тавр давр мезанонад?
Роҳҳои оҳани муосир бо энергияи электрикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар боми электровозҳо пантограф – қабулкунаки энергияи электрикӣ насб шуда, баландиаш ба таври автоматӣ танзим мешавад. Қабулкунак аз ноқилҳои роҳ энергияро ба муҳаррикҳои электрикӣ медиҳад, ки онҳо дар навбати худ чархҳоро давр мезанонанд.
Борҳоро дар кӯҳҳои серхарсанг чӣ тавр мекашонданд?
Локомотивҳои бузургтарини бухорӣ дар ҷаҳон солҳои 40-уми асри XX дар роҳҳои оҳани ширкати амрикоии «Юнион Пасифик» борҳои вазнинро дар кӯҳҳои серхарсанг мекашиданд. Локомотиви дарозиаш 40 м бо қатораҳои вазнин суръаташро то 130 км/соат меафзуд.
Оё то пайдоиши мошинаҳои бухорӣ дигар поездҳо мавҷуд буданд?
Ҳанӯз дар асри XVI ангиштканони Олмон санг, ангишт ва маъданро аз шахтаҳо бо ёрии аробаҳои дар релс ҳаракаткунанда мекашонданд. Аробаҳоро берун аз шахта аспон ва дар даруни он одамон мекашиданд. Релсҳои аввалин чӯбӣ ва кӯтоҳ буданд.
Роҳи оҳан
Роҳҳои оҳани аввалин дар шахта ва конҳо барои кашондани ангишту маъдан бо ёрии аспҳо сохта шуда буданд. Релсҳои нахустин чӯбӣ буда, аз асри XVIII релсҳои оҳанӣ пайдо шуданд. Имкониятҳои дигари роҳи оҳан танҳо пас аз пайдоиши паровозҳо маълум гашт. Поездҳо бо истифодаи бухор босуръат бору мусофиронро ба масофаҳои дур мерасонданд. Аввалин роҳи оҳани истифодаи умумӣ соли 1825 дар Англия ҷорӣ шуд.
Истифодаи энергияи Офтоб чӣ аҳамият дорад?
Энергияи Офтоб дар оянда 20–25% талаботи одамонро қонеъ карда, партофти ҳарсолаи 6 млрд тонна гази карбонро ба атмосфера кам мекунад. Ҳоло воситаҳои гуногуни нақлиёт сохта шудаанд, ки аз энергияи Офтоб истифода мекунанд.
Оё автомобили каммасраф сохтан мумкин аст?
Ҳар як истеҳсолгари автомобил мекӯшад то автомобиле созад, ки энергияро кам истифода барад. Чунин автомобилҳои каммасраф ва электромобилҳо сохта шудаанд. Лекин барои истеҳсоли барқ ангишт ва нафт истифода мешавад. Ҳоло автомобилҳое сохта шудаанд, ки аз нерӯи офтоб истифода мекунанд. Энергия тавассути батареяҳои ба нури Офтоб ҳассос ҷамъоварӣ мешавад.
Суръати автомобил то чанд шуда метавонад?
Суръати баландтаринро дар нақлиёти рӯйизаминӣ 15 октябри соли 1997 ронандаи англис Энди Грин дар автомобили реактивии «Thrust SSC» соҳиб шуд, ки он баробари 1227,98 км/соат аст. Иқтидори муҳаррики ин автомобил ба 110 ҳазор қувваи асп баробар аст.
Дарозтарин лимузин чӣ қадар аст?
Автомобилҳои сабукрав бо кузови пӯшида (седан, лимузин) ва кушодашаванда (кабриолет) истеҳсол мешаванд. Ашхоси дорову давлатманд ё маъруф баҳри худнамоӣ одатан автомобилҳои боҳашаматро интихоб менамоянд. Автомобили дарозтарини ҷаҳон лимузини 10 тоннагиест, ки дарозиаш 30,5 м буда, 24 чарх дорад.
Протектор чист?
Протектор – сатҳи барҷастаи нақши балони мошин аст, ки бо он рӯи роҳ ҳаракат мекунад. Дар роҳи тар байни балон ва асфалт қабати тунуки об имконияти лағжиданро афзун менамояд, бинобар ин, нақшҳои сатҳи балон тавре омода мешаванд, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳ обро бештар пош дода, лағзишро кам мекунанд. Барои фасли сармо низ протекторҳои махсус месозанд.




