Ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» иловаҳо ворид гардид
Ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» иловаҳо ворид гардид
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Ҳафтуми майи соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд! Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 62 вакил ҳузур доранд. Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ! Дар ҷаласаи имрӯза ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ! Ба рӯзномаи ҷаласа 3 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаи зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
-
Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
-
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
-
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯйи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.
Музаффар АШУРИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.
Дар асоси қисми 3 моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида, яъне 5 сол истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан, масъалаи қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.
Мутобиқи сархати ҳафтуми моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дархости қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешавад, агар дархостдиҳанда шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад. Бинобар ин, ба қисми 3 моддаи 16 қонуни конститутсионии мазкур илова ворид гардида, минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 ва сархати ҳафтуми моддаи 18 қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида масъалаи қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд. Яъне, асосҳои рад кардани қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 18 қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудааст, ҳамчун қоидаи умумӣ боқӣ монда, баррасии масъалаи ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардан ва барқарор намудан нисбати шаҳрванди давлати хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надорад, ба таври истисно аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсия ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест. Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Аҳмад Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.
Аҳмад МАҲМУДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тибқи тартиби муқарраршуда ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.
Муҳтавои лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баромади вазири адлия муфассал баён карда шуд.
Мақсади асосии ворид намудани илова ба қонуни мазкур такмил додани механизми ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мебошад.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 5 майи соли 2025 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаҳои 15 ва 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест. Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» оғоз менамоем. Аз рӯйи масъалаи мазкур сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дода мешавад. Марҳамат.
Раҳим САИДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, молия, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти алоқа, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ вобаста ба ҳифзи техникии иттилоот ва масъалаҳои бехатарии шаҳрвандон дар шабакаи интернет таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2025, №241 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҳифз намудани кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест. Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо мақсади ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи ӯ зараровар, ки дар асоси нишондиҳандаи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он таҳия гардидааст, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2025, №241 маъқул дониста шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намудаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, хароҷоти иловагии буҷети давлатиро ба миён намеорад. Аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» шурӯъ мекунем. Аз рӯйи масъалаи мазкур сухан ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад дода мешавад. Марҳамат.
Зафар САМАД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва татбиқи нақшаи амал оид ба таҳия ва пешниҳодҳои лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки иҷозатномадиҳӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба роҳ монда шуда буд. Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 қонунҳои зикргардида аз эътибор соқит дониста шуданд.
Аз 1 сентябри соли 2023 то инҷониб дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 ва Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда, инчунин, дар асоси Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, зарурат ба миён омад, ки ба моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» тағйир ворид карда шуда, он дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест. Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Наима Солизода дода мешавад. Марҳамат.
Наима СОЛИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2025, №151 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 5 майи соли 2025 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, қабули онро ҷонибдорӣ намуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ! Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эрод ҳаст? Нест. Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф Атобуллоев, «Садои мардум».




