Андешаҳои ватанхоҳӣ дар осори кӯдаконаи адибони тоҷик
АНДЕШАҲОИ ВАТАНХОҲӢ ДАР ОСОРИ КӮДАКОНАИ АДИБОНИ ТОҶИК
Муродова Р.Ҷ.
Кӯдакистони №11 ба номи «Офтобак»-и шаҳри Кӯлоб
Миллати тоҷик аз қадим соҳибкитоб, бомаърифат, дорои урфу анъанаҳо ва соҳибилм мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон ахлоқ, тарбияи хуб ва худшиносӣ яке аз унсурҳои асосӣ мансуб меёбад.
Чун аз худшиносӣ ҳарф мезанем, бояд донем, ки мафҳуми худшиносӣ чист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон иброз менамоянд, ки донистани таърих ва фарҳанги худ ин заминаест барои пайдо намудани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба урфу анъанаҳои ниёгон ва муқаддасоти миллӣ.
Ҷиҳати шинос шудан бо таърих ва фарҳанги гузаштаи худ бо ибтикори Президенти мамлакат китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр гардида, ба тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид, ки ҳадаф гуфтаҳои боло мебошад.
Ҳар як давлату миллат муқаддасот ва рамзҳои давлатии ба худ хосро доро мебошад ва дар рӯҳияи арҷ гузоштан ба онҳо шаҳрвандонро аз давраи боғча то ба донишгоҳ тарбия менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои дорои фарҳанг ва таърихи куҳанбунёд маҳсуб меёбад, дар арсаи ҷаҳонӣ бо далерӣ, якдилӣ ва арҷгузор будан ба арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ шинохта шудааст.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик тарбия мақоми аввалро ишғол менамояд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём барои тарбияи дурусти фарзандонашон аввалан онҳоро дар муҳити оила ва баъдан дар назди ягон донишманд соҳиби илм ва маърифат мекарданд. Ин аст, ки шахсиятҳое чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо фарзандони соҳибқалам ва соҳибкитоби ин миллат имрӯз дурдонаҳои илми ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд.
Мақсад дар мақолаи мазкур асосан арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани Ватан мебошад. Вале мо лозим донистем, ки каме аз гузашта ёдовар шуда, баъдан ба мафҳуми асосӣ ворид шавем.
Педагоги машҳури рус В.А. Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро ба мафҳумҳои инсон, маънои зиндагӣ, меҳнат, қарз, оила, забони модарӣ, муҳити табиат ва садоқат алоқаманд мепиндорад.
Ватан зодгоҳ, ҷоест, ки инсон он ҷо дар ҳалқаи наздикон ва пайвандон ташаккул меёбад. Модарро ташбеҳи Ватан гуфтан мумкин аст. Агар модар моро таваллуд кардаву бо шири сафед парвариш намуда, нахустин ҳарфу ҳиҷои забонро ёд додаву роҳрав карда, аслу насабамонро ба мо шиносонидаву нахустин сифатҳои неку асили одамиро дар сиришти мо омӯзонидаву парвариш дода бошад, пас Ватан ба сарамон дасти тавонои навозишкорашро гузошта, моро аз ҷамъи хавфу хатару офатҳо, аз ҳама гуна ҳамлаву таҷовузи аҷнабӣ эмин дошта, дар зери болҳои азимаш паноҳонда, ба ҳайси фардои ҷамъият ва шаҳрванди суботкор тарбият мекунад [1, с. 9].
Чунончи Зуфархон Ҷавҳарӣ гуфтааст:
Ватан дар асл донӣ, модари мост,
Дарахти сояандози сари мост.
Ватан мебошадат, эй ёр, модар,
Ба фарзандаш бувад ғамхор модар! [1, с. 10].
Мақсад аз овардани ин мисраъҳо дар он мебошад, ки чӣ қадаре ки мо ба модари худ ғамхор бошем, Ватанро низ бояд шабеҳи модар дӯст дорем. Абдусалом Деҳотӣ низ дар шеъри «Ба модар, ба Ватан» модару Ватанро ягона пиндошта гуфтааст:
Модари мушфиқ туӣ бар насли заҳмат, эй Ватан,
Медиҳам бар ҳифзи ту гар лозим ояд ҷону тан [1, с. 10].
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ Ватанро айёми тантанаи Истиқлолият ва меҳру садоқати зодагони ин давронро тозабаҳори гулнисор, «дилбастаи равнақу баҳори Ватан» ва «Ҷони Ватан»-ро чунин зебо, самимӣ ва бо меҳру муҳаббати саршор ба қалам овардааст:
Мо тозабаҳори гулнисори Ватанем,
Дилбастаи равнақу баҳори Ватанем.
Ҳарчанд ба ҳар канор раҳ меҷӯем,
Ҷони Ватанем, дар канори Ватанем.
Амри Ватан аст фарзи мо шому саҳар,
Роҳи Ватан аст тарзи мо шому саҳар.
Моро чу ҳаёти беназире додаст,
Пеши Ватан аст қарзи мо шому саҳар.
Ин ҷо Ватану фарзандон – ҳимоятгарони ояндаи Ватан дар ягонагию ваҳдат тасвир шудаанд, ки бисёр омӯзанда аст.
Камол Насрулло, ки яке аз ватансароёни мумтози даврони Истиқлолият дар шеъри имрӯзи тоҷик аст ва беҳтарини сурудҳои ватандӯстонаи солҳои Истиқлолият ба қалами ӯ мутааллиқанд, дар шеъри «Дар баҳои ҷон» ба тариқи савол ба ҳар фарди Ватан бо чунин усули дилчаспи «чист он?» ва саволу ҷавоб муомилаю муроҷиат карда, хонандаашро ба худ қарину мушфиқ гардонидааст:
Он чист, ки марзи шаъну шон аст? – Ватан!
Имону амони мо дар он аст? – Ватан!
Он чист, ки бе вай ҳама чизи олам,
Бе ҳусну таровату равон аст? – Ватан!.. [4, с. 4].
Танҳо озодӣ ва Истиқлолияти миллӣ ба кӯдакони тоҷик имконият фароҳам овардааст, ки худро соҳиби ҳама сарватҳои моддию маънавию ахлоқӣ, таърихӣ, хоку обу рӯду дарё, кӯҳу паҳно, гулбоғу чаман ва имрӯзу фардои Ватан хонанду донанд ва аз ин дороӣ ифтихор кунанд.
Шеъри Юсуфҷон Аҳмадзода бо номи «Тоҷи дурахшон» низ яке аз беҳтарин сурудаҳои ватандӯстонаи шоирони тоҷик барои бачаҳост:
Эй Ватанам – ҷони ман,
Хори ту – бӯстони ман.
Бе ту куҷо навбаҳор – қатраи борони ман?!
Эй Ватанам – ҷони ман,
Тоҷи дурахшони ман.
Зинда ба номи ту бод,
Давлати Сомони ман [2, с. 164].
Дар ин шеъри кӯдакона, ки муҳофизони ояндаи Ватану марзу буми он ҳастанд, силсилашеърҳо дар мавзуи ҳифзу ҳимоят, буду бош, кору зиндагӣ дар сафҳои артиши миллӣ, аз рӯзҳои шомил шудан ба артиш то рухсатӣ, дар ин замина иншо шудаанд, ки мо дар қатор аз чунин силсилашеъри Ҷӯра Ҳошимӣ ёд кардем.
«Тоҷикистон – модарам. Суруди аскарбачагони тоҷик»-и Наримон Бақозода низ аз ҳамин қабил силсилашеърҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Силсилашеърҳои шоири сермаҳсул ва то кунун ношинохтаи бачаҳо Раҳмони Бобо, ки дар маҷмӯаҳои ӯ таҳти унвонҳои «Рӯзи Ғалаба» (2010) ва «Аскари Ватан» (2013) ҷамъ омадаанд, комилан ба сарбозону наваскарон, ҳимоятгарони ҷавони Ватан, савганди аскарону афсарон, хизмати намуна ва шоиста дар сафҳои артиши миллии тоҷик ва дигар масоили хидмати аскарӣ бахшида шудаанд, ки барои наваскарон ва ҷавононе, ки минбаъд ба хидмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шомил мешаванд, басо омӯзанда ва муфиду раҳнамо ҳастанд.
Дар шеъри нахустини китоби «Аскари Ватан», ки ҳамноми он аст, Раҳмони Бобо садои дили ин аскари Ватанро чунин баён кардааст:
Аскари содиқ манам,
Афсари лоиқ манам.
Ватан – модари худро,
Чашми ҳақоиқ манам...
Аскар – сипари Ватан,
Аскар – писари Ватан.
Хизмат – қарзи фарзандӣ,
Ҳамеша сарбаландӣ.
Қаҳрамони шоираи соҳибзавқу хушсалиқа Латофат Кенҷа Ватанаш – Тоҷикистонро «Пораи боғи биҳишт», «Ғунчае аз бӯстон», «Ёдгор аз бостон», «Осмони сар», «Машъали роҳи сафед» дониста, омодааст, ки дар ҳифзи обу хокаш ҷон нисор кунад:
Ғунчае аз бӯстонӣ,
Ёдгор аз бостонӣ.
Хонаи ман, остонам,
Бар сари ман осмонӣ.
Тоҷикистонам – умедам,
Машъали роҳи сафедам...
Чунон ки дида мешавад, дар солҳои Истиқлолият аз тарафи шоирони тоҷик дар мавзуи Ватану ватандорӣ, минҷумла силсилашеърҳое, ки дар онҳо зиндагии тоҷик, аскари фидоии Ватанро аз рӯзҳои омодагӣ ба хизмату шомил шудан ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ то рухсатӣ ба ақибгоҳ фаро гирифтааст ва то кунун дар адабиёти мо собиқа надошт, силсилашеърҳое гуфтаву суруда шудаанд, ки сарвати маънавию ахлоқии моро ғанӣ гардонида, ҳисси ба Ватани миллӣ, Ватани аҷдодию аслӣ содиқона хидмат карданро афзунтару бештару ҷиддитар мегардонад. Вале дар байни ин навиштаҳо андешаҳои такрор, забонзада, камаҳамият, норавону муғлақу завқкӯш низ кам нестанд ва мо аз зикри онҳо ба хотири наафзудани ҳаҷми мақола худдорӣ кардем.
Дар тӯли 70–80 соли садаи бистум миллат ва халқи муаззами тоҷик ду бор аз сахттарину сангинтарин озмоиши нест шудан раҳо ёфт. Умед аст, ки минбаъд ва абадулабад ин хавфу хатар мо, тоҷиконро, гиребонгир нахоҳад шуд ва миллати мо дар пешорӯйи асри умеду армонҳои нек қарор хоҳад гирифт ва ин ҳадафу ормону орзуҳои наҷиби чандҳазорсолаи халқи мо дар «Суруди миллии Тоҷикистон» (матни Гулназар, оҳанги Сулаймон Юдаков) ба сурати зайл таҷассум ёфтааст:
Диёри арҷманди мо!
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод!
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод!
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем!
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!..
Ба андешаи мо, ин нигошта дар назми кӯдакони тоҷик аз нахустин осори қаламист, ки дар ситоишу азиздошти суруди миллиамон гуфта шудааст ва он хеле самимӣ ба анҷом расидааст.
Ҳамин тавр, дар таркиби шеъри кӯдаки даврони Истиқлолият мафҳумҳои Ватан ва ватандӯстӣ хеле инкишоф ёфта, ба ҳайси яке аз муҳимтарин муқаддасот ва арзишҳои волои миллӣ амиқу маҳкам ҷой гирифта, тавассути эҷодиёти шоирони ҷавон Темур Султон, Раҳмони Бобо, Асрори Сомонӣ, Алиҷони Сарбандӣ, Сайида, Шарифи Маҳмадёр ва ғайраҳо дар ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ғоявию эстетикии кӯдакону наврасон ҷиддан ба кор омад, ки дар ин ҷода хидмат ва ҳиммати адибони давр бағоят арзишманд аст. Зеро талошу пайкорҳои онҳо дар роҳи таҷассуми бадеии мавзуи мавриди назар ба таҳкими эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихор ва нангу номуси миллии насли наврас зиёда мусоидат намудааст.
Ҳадаф аз овардани осори бачагонаи адибони тоҷик дар мақолаи мазкур дар он мебошад, ки насли наврасро аз даврони боғча бо аз бар намудани чунин мисраъҳои шеърӣ меҳри Ватан, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба урфу анъанаҳои миллиро зиёд намоем.
Адабиёт:
- Акбаров Ю. Меҳри Ватан / Ю. Акбаров. – Душанбе: Маориф, 1989.
- Аҳмадзода Ю. Наҷвои хӯшаҳо / Ю. Аҳмадзода. – Душанбе: Адиб, 2008.
- Бақозода Н. Суруди Модар – Ватан / Н. Бақозода. – Анбоз, 2000. – №5.
- Гулназар К. Дар канори Ватанем / Гулназар К. – Анбоз, 2010. – №9.
- Мусулмониён Р. Нигоҳи офтоб / Р. Мусулмониён. – Душанбе, 2011.
- Назирӣ Н. Туҳфаи шоир / Назирӣ Н. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010.
- Насрулло К. Баҳои ҷон / Насрулло К. – Душанбе: ТҶБ «Истиқбол», 2012.
- Ҳошимӣ Ҷ. Наврӯзӣ / Ҳошимӣ Ҷ. – Душанбе: Гул-гул, 2011.
- Шералӣ Л. Куллиёт / Шералӣ Л. – Душанбе: Адиб, 2008. – Ҷ. 1.




