Васфи шоҳи одил ва раиятпарвар дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Васфи шоҳи одил ва раиятпарвар дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Асозода Ҳ. Р.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чун мутафаккири барҷастаи илму маданияти асрҳои миёнаи Машриқзамин дар ривоҷи илоҳиёт, ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва тасаввуф саҳми босазо дорад. Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таълимоти хеш ақидаи муҳтоҷ будани ҷамъияти инсониро ба шоҳи одил пурра ҷонибдорӣ мекунад. Қайд менамояд, ки ҷамъияти инсонӣ аз одамони гуногунақида ва гуногунфитрат иборат аст ва маҳз ҳастии шоҳи одил метавонад бо адолати хеш гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро бо ҳам дӯсту бародар гардонида, ба ҳам пайвандад. Дар ҷойи дигар зикр менамояд, ки шоҳи одил барои он лозим аст, ки низоу нифоқро аз байни одамон дур созад, доди мазлумро аз золимон ситонад ва мустаҳаққонро бо неъматҳои илоҳӣ таъмин намояд.
Алии Ҳамадонӣ шоҳону ҳокимонро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад. Ба гурӯҳи аввал ӯ шоҳону ҳокимонеро мансуб медонад, ки дорои адлу инсоф ва маҳорати хоси худододиянд. Ба гурӯҳи дуюм бошад, шоҳону ҳокимонеро мутааллиқ медонад, ки рағбату кӯшишашон ба донишомӯзию адолатхоҳӣ зиёд аст. Ва ниҳоят гурӯҳи сеюм, ки дар осори аллома зери тозиёнаи танқид қарор доранд, ин шоҳону ҳокимони беадолату бешафқат, золиму ҷоҳил мебошанд. Ҳатто Алии Ҳамадонӣ ин қабил шоҳону ҳокимонро душмани Худо ва пайравони иблису Даҷҷол гуфтааст.
Сайид Алии Ҳамадонӣ подшоҳону ҳокимони оқилу адолатпешаро дастгирӣ намуда, ба эшон панду насиҳати муфид медиҳад ва ашхоси дигари ҷамъиятро ба итоат намудан ба амрҳои чунин сарвар таблиғ менамояд. Ва баракс, ҳокимону сарварони ҷоҳилу ғофилро мазаммат намуда, раияте, ки пайравии чунин шоҳону ҳокимони мутакаббирро менамоянд, ба ҳақношиносӣ маҳкум менамояд.
Амири Кабир таъкид менамояд, ки шоҳ маҳз ба воситаи адолатҷӯию ростқавлӣ дар дили мардумон ҷой мегирад. Шоҳи бо адлу инсоф касест, ки аҳкому аркони шариатро муқаддас донад ва ба зердастону раияти хеш иҷрои онҳоро амр намояд.
Хубтарин шоҳ касест, ки халқ ба ӯ эҳтирому маҳбубияти хоссае зоҳир намуда, аз дилу ҷон пайи амалӣ сохтани супоришҳояш мегарданд. Аз ин ҷост, ки Алии Ҳамадонӣ халқро беҳтарин меъёри беҳбудиҳои ҳокимон медонад.
Ба ақидаи адиб, дар сари ҳокимият бояд шахси мусалмон ва донандаи хуби нозукиҳои зиндагию давлатдорӣ нишаста бошад. Ӯ таъкид менамояд, ки шоҳ дар сиёсатдорӣ фирефтаи нафси аммора нашавад. Вай гаштаю баргашта пайравӣ намудан ба хислатҳои писандидаи хулафои рошидин, пайғамбарони мурсал ва соликону муттақиёни аҳли салафро гӯшрас менамояд. Аз ҳаёти ин қабил одамони некрой нақлу қиссаҳои марғубро пешкаш менамояд. Масалан, аз ҳаёти Юсуф пайғамбар чунин ривоятро манзури шоҳони замон ва мобаъдӣ менамояд: «Дар хабар аст, ки чун Юсуф алайҳиссалом дар Миср ба подшоҳӣ бинишаст, ҳар рӯз заифтар таррортар шудӣ. Аз ин ҳол аз ӯ савол карданд, ҳеҷ нагуфт. Рӯзе илҳоқ (илтимос) карданд. Гуфтанд, ки агар ин заъф аз ҷиҳати марази ниҳонӣ аст, ҳукамо ба муолиҷа машғул гарданд.
Гуфт: Илоҷи марази мо ҳозир аст.
Гуфтанд: Чӣ гуна?
Гуфт: Ҳафдаҳ сол аст, ки дар подшоҳӣ нафси ман дар орзуи он аст, ки ӯро аз нони ҷав сер диҳам ва надодам.
Гуфтанд: Ин ҳама машаққат бар нафси худ чаро мениҳӣ?
Гуфт: Ба мувофиқати гуруснагон ва муҳтоҷон ин машаққат мекашам. Ва метарсам, ки яке гурусна бошад дар вилояти ман ва маро дар мавқуфи қиёмат гирифтор кунанд, ки ба мулк машғул гаштӣ ва аз ҳоли заифон хабар надоштӣ» [1, с. 102].
Ба ақидаи Сайид Алии Ҳамадонӣ, шоҳи одил бояд дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз қабили ҳалимӣ, сабурӣ, боандешӣ, диндорӣ, раиятпарварӣ ва амсоли инҳо бошад. Ва дар акси ҳол, худи шоҳ сабабгори рехтани хуни чандин бегуноҳ ва сабабгори сар задану паҳн гардидани фисқу фуҷур ва нооромии мамлакат мегардад, ки чунин шоҳи осиму осиро шоҳи боадолат хондан хатост.
Ӯ зикр менамояд, ки шоҳи одил бояд аз ҳоли раият, аз ҳаводисе, ки дар мамлакати ӯ рӯй медиҳад, ҳамвора бохабар бошад. Ва агар акси суханҳои боло амал кунад, ӯро шоҳи ғофилу расво ном бурдан лозим аст. Алии Ҳамадонӣ ҳокимони замонашро ба пайравии ашхоси покиза ва муътабар даъват менамояд. Ӯ тавассути нақлу ривоятҳо ҳокимонро аз мукофоти амал огоҳ мекунад: «Ва овардаанд, ки малики солеҳ аз сулаҳои Шом буд. Шабҳо бо як ғулом берун омадӣ ва дар масҷид ва мақобир ва бозорҳо гаштӣ ва аҳволи ҳар кас таҳаффус кардӣ. Шабе дар сармои зимистон мегузашт, ба масҷиде расид. Дарвешеро дид, ки аз бараҳнагӣ ва сармоҳо ларзида ва мегуфт: Илоҳо, агар дар қиёмат ин подшоҳони ғофилро, ки неъмати туро сармояи ҳузузи нафс ва ҳаво сохтаанд ва давлати фониро тухми таҷаббур ва такаббур гардонидаанд ва аз аҳволи заифон бехабаранд, дар биҳишт роҳ диҳӣ, ба иззат ва ҷалоли ту, ки ман қадам дар биҳишт наниҳам. Малики солеҳ ҷомае бо як бадри зар дар пеши дарвеш ниҳоду бигрист ва гуфт: шунидам, ки Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки подшоҳони биҳиштӣ касоне бошанд, ки дар дунё эшонро қут ва пӯшише набошад. Имрӯз, ки навбати подшоҳии мост, ман дар сулҳ омадам. Фардо, ки навбати подшоҳии шумо расад, дари хусумат бар ман макушоед ва сояи ҳумои ҳимоят аз ҳоли мо боз магиред. Ва файзи фазли шафоат аз мо дареғ мадоред» [1, с. 103].
Ба ақидаи Алии Ҳамадонӣ, шоҳону ҳокимон ба воситаи адлу инсофашон муқарраби даргоҳи илоҳиянд. Беинсофию беадолатӣ онҳоро аз лутфу марҳамати эзидӣ маҳрум сохта, ҷойи ин зумра шоҳону ҳокимонро зери сақар мегардонад. Чӣ тавре ки болотар зикр намудем, ин қабил сарваронро ӯ душмани Худо ва Расули Худо меҳисобад. Барои тақвияти фикри хеш Алии Ҳамадонӣ чунин ривоятеро ёдрас мешавад: «Абуҳурайра разиаллоҳу анҳу ривоят кард, ки Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд, ки дӯсттарини мардум назди Худои азза ва ҷалла рӯзи қиёмат ва наздиктарини эшон рӯзи қиёмат ҳокими одил аст ва душмантарини мардум назди Худои азза ва ҷалла ва гирифтортарини халқ рӯзи қиёмат, ки дар азоби сахт бошад, подшоҳи золим аст» [1, с. 102].
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чун яке аз сутунҳои устувори шохаи тасаввуф иҷрои аҳкому аркони шариатро барои ҳама табақаҳои ҷамъият заруру ҳатмӣ меҳисобад. Вале барои шоҳону ҳокимон адои ҳуқуқи раиятро аз афзали ибодот медонад. Ва ин ҷо таъкид мекунад, ки рӯзи маҳшар аввал чизе, ки аз оммаи халқ пурсида мешавад, ин аҳкому аркони ислом аст. Аммо аз ҳокимону подшоҳон аввал аз ҳуқуқи раият ва марҳамату эҳсонашон нисбат ба табақоти камбизоат ва эҳтиёҷманд пурсида мешавад: «Дар хабар аст, ки аввал чизе рӯзи қиёмат савол кунанд, аз намоз бувад, аммо подшоҳонро аввал чизе, ки савол кунанд, аз адл ва эҳсон бувад» [1, с. 102].
Ва маънии болоро дар мавриди дигар адиб чунин меорад: «Пас, шарти подшоҳи мусалмон он аст, ки пайваста мунтазири ҳоҷати муҳтоҷон бошад. Ва чун донад, ки мусалмоне бар дари хонаи ӯ мунтазир ва муҳтоҷ аст, то ҳоҷати ӯ кифоя накунад, ба ҳеҷ ибодате машғул нашавад. Ва ба ҷиҳати роҳати нафси худ эҳмоли ҳоҷати мусалмоне раво надорад» [1, с. 102].
Подшоҳӣ ба назари аллома баландтарин ва масъулиятноктарин мартабаи шахс аст. Албатта, подшоҳ барои ҳар амру фармонаш ва аъмоли содир намудааш дар назди Худо ҷавобгӯ аст. Агар шоҳ одил бошад, мулк ободу халоиқ дилшод ва саодатмандии дуҷаҳонӣ ёри ӯ хоҳад гардид, агар шоҳ бадкирдору бадкеш ва бадрой бошад, салтанаташ нопойдор, халқаш аз ӯ безор ва бадбахтии ҳарду кавн натиҷаи аъмолаш мегардад. Ин фикрро Алии Ҳамадонӣ дар «Рисолаи қуддусияи амирия» чунин баён намудааст:
Подшоҳӣ завқи маънӣ бурдан аст,
Не ба зӯру зулм дунё хӯрдан аст.
Гар чу курсӣ сарфарозӣ боядат,
Тарки мулку нонамозӣ боядат.
Филмасал, гар сад ҷаҳон аст они ту,
Он чӣ бифристӣ ту, он аст они ту.
Гар дар ин раҳ банда, гар озодаӣ,
Менабинӣ он чӣ нафристодаӣ.
Чун ту дар дунё накардӣ кори соз,
Дар қиёмат чун шавӣ аз аҳли роз [3, с. 176, б].
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чун дигар бузургони аҳли салафи мо дар ақидаест, ки шоҳи одил баргузида ва ноиби Худо дар рӯйи замин аст. Ба қавли Саъдии бузург:
Подшоҳ сояи Худо бошад,
Соя бо зот ошно бошад.
Тавре ки дар боло зикр намудем, ҳакими нуктасанҷ дар осори хеш аз ҳаёти ашхоси табаррук нақлу ривоятҳои пурмазмунро ниҳоят устодона истифода намудааст, ки ҳадафи ин гуфторҳо танҳо ба хотири сулҳу салоҳ ва ободию оромии мамлакат ва ҳидояти шоҳону ҳокимон ба роҳи дуруст, ки боиси осудаҳолии раият хоҳад гардид, мебошад. Агар шоҳ ё худ ҳокими мулк майл ба кадом амале намояд, раияти он сарзамин ба анҷоми он амал роғиб мегардад.
Дар ривояте дӯзахро сарой номида, шоҳонро саройбон медонад. Ба қавли ҳаким, агар дӯзах сарой бошад, шоҳ бо неъматҳои Худо, аз ҷумла шамшер, тозиёна ва мол ба дари ин сарой истодааст. Бояд ҳоким ё шоҳ аз он неъматҳои худодода бошуурона ва бо дарки масъулият истифода намояд, то ки худаш ба биҳишт равад ва раияташро дунболаи хеш ба он макони муқаддас бубарад. Вале дар сурати истифода бурда натавонистани ин неъматҳо аввал шоҳ ба дӯзах меравад ва баъд раияташро аз дунболи хеш ба дӯзах мебарад. Ба қавли аллома, шамшер барои нест намудани золимону ёғиён, тозиёна барои адаб кардани фосиқону фоҷирон ва ашхоси бадтарбия, мол барои гирифтани садди роҳи фоқаи камбағалон ато гаштааст: «Ҳорунаррашид Шақиқи Балхиро талаб карду гуфт: маро панде бидеҳ. Гуфт: Эй амиралмуъминин, Худойро сароест, ки онро дӯзах хонанд. Ва туро дарбони он сарой гардондааст. Ва туро се чиз додааст, то бад-он се чиз халқро аз дӯзах боздорӣ: молу шамшеру тозиёна. Бояд ки ба мол садди фоқаи муҳтоҷон кунӣ, то ба сабаби изтирор иқҳоми шубҳот накунанд. Ва золимро бо шамшер қамъ кунӣ ва фосиқонро бо тозиёна адаб кунӣ. Агар ҳамчунин кардӣ, ҳам наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ. Ва агар бар хилофи ин бошӣ, ту пеш аз ҳама ба дӯзах хоҳӣ рафт ва дигарон аз пайи ту» [1, с. 54].
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарафдори шоҳи одилу маорифпарвар мебошад. Яке аз вазоифи аввалиндараҷаи шоҳ дар атрофаш гирд овардани олимону донишмандони улуми мухталиф ва ашхоси боақлу некройи бетамаъ мебошад. Ин зумра одамон дар пешбурд ва анҷоми корҳои хуби давлатдорӣ мусоидат менамоянд. Шоҳ бояд рӯзе як маротиба ба ваъзи донишманде гӯш бидиҳад, то суханони ӯ барои хубтару беҳтар намудани аъмоли шоистаи шоҳ мададгор бошад. Зеро пайваста шунидани суханони мутааллиқ ба дунё ва он чӣ мутааллиқ аст ба дунё ба шоҳ асари бад хоҳад дошт. Дар ин замина Алии Ҳамадонӣ мефармояд: «Ва ҳар рӯз оинаи дили худро бо мавоизи сулаҳо ҷило диҳад. Чун мубоширати ҳукумат ва ихтилоти халқ дилро торик гардонад. Чун ин ду торикӣ дар дил мустамир гардад, хавфи хатари дин бувад, ки муҷиби гирифтории абадӣ ва ҳирмони сармадӣ аст» [1, с. 112].
Амири Кабир шоҳону ҳокимонро даъват менамояд, ки ҳамеша дар фикри сарпарастӣ ва нигоҳубини раияти хеш бошанд. Ҳатто таъкид мекунад, ки аз он чӣ мехӯранд, зердастони худро аз он хӯриш хӯронанд ва он чӣ мепӯшанд, зердастони хешро низ аз он пӯшишҳо баҳраманд гардонанд. Алии Ҳамадонӣ, ки дар замони боқӣ мондани баъзе унсурҳои ғуломдорию ғуломфурӯшӣ умр ба сар бурдааст, баъзе фикрҳоро нисбат ба муносибати ҳокимону шоҳон ба ғуломон баён сохтааст. Аз ҷумла, ӯ мефармояд, ки бандагонро бе узри шаръӣ хоҷагонашон зарбу лат нанамоянд. Агар феъли нописандидае аз эшон содир шавад, онҳоро насиҳат кунанд ва дар ислоҳи он кӯшиш намоянд. Вале агар он феъл аз бандагон ислоҳ нагардид, онҳоро бифурӯшанд. Бандагонро аз қадри тавону тоқаташон барзиёд кор фармудан низ аз нигоҳи ӯ номумкин аст. Дар ин маврид аллома ёдрас мешавад, ки худи шоҳону ҳокимон низ бандагони Худоанду мулке, ки дар тасарруфи онон аст, аз Худост. Ва мағрурӣ ба давлати муваққатӣ корест бас хато: «Расул алайҳиссалом фармуд, ки битарсед аз Худои азза ва ҷалла. Ва ҳаққи касоне, ки дар мулку тасарруфи шумоанд, нигоҳ доред, яъне бихӯронед эшонро аз он чӣ мехӯред ва бипӯшонед эшонро аз он чӣ шумо мепӯшед. Ва эшонро кор мафармоед, ки тоқати он надошта бошанд. Он чӣ аз эшон мехоҳед, нигоҳ доред ва он чӣ аз эшон намехоҳед, бифурӯшед ва бандагони Худойро азоб макунед. Ба дурустӣ, ки Худои азза ва ҷалла эшонро мулки шумо гардонида ва агар хоҳад, шуморо мулки эшон гардонад. Қодир аст, ҳар чӣ хост, кард ва ҳар чӣ хоҳад, кунад» [1, с. 127].
Алии Ҳамадонӣ раиятро ба ду қисм ҷудо мекунад — раияти мусалмон ва раияти кофир. Ва шоҳи одил касест, ки байни ин қисматҳо ҳадди эътидол нигоҳ дошта метавонад. Яъне новобаста аз ақидаашон барои беҳзистии бандагони Худо саъю кӯшиш менамояд.
Ва бо мақсади осон гардонидани пешбурди кори салотин дар заминаи гуфтаҳои Имом Ғаззолӣ Алии Ҳамадонӣ низ даҳ шартро ба шоҳон пешкаш мекунад. Аввал он аст, ки дар воқеае, ки пеш ояд, подшоҳу ҳоким худро яке аз раоё дар он воқеа тасаввур кунад ва дигареро баробари худ ҳоким бинад. Дуввум он, ки қазои ҳоҷоти мусалмононро аз афзали тоот шуморад. Саввум он, ки дар хӯрдан ва пӯшидан иқтидо ба сифати хулафои рошидин кунад. Чаҳорум он, ки дар ҳукм сухан ба мадоро гӯяд ва бе муҷиб дуруштӣ накунад. Ва аз шунидани ҳоҷати бисёр малул нашавад. Панҷум он, ки ба ҷиҳати ризои Ҳақ дар ҳукм сустӣ ва мудоҳанат накунад. Ва барои хушнудии ҳар кас мухолифати шаръ ва ҳақ раво надорад. Шашум он, ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад ва яқин донад, ки мансаби аморату ҳукумат олатест, ки бад-он олат ҳам саодату некномии охират метавон касб кард ва ҳам шақовату бадномӣ ва гирифтории абадӣ бад-он ҳосил мешавад. Ҳафтум он, ки дар зиёрат ва суҳбати сулаҳо ва уламои дин роғиб бувад. Ҳаштум он, ки ба сабаби таҷаббур халқро аз худ муставҳиш нагардонад, балки бо адлу эҳсон ва шафқат бар заифон ва зердастон худро маҳбуби раоё гардонад. Нӯҳум он, ки аз таҷассус, хиёнат, савобу зулми аъмол ғофил мабошад. Яъне чун зулму хиёнат дар мулки ӯ содир шавад, хешро дар канор нагирифта, доди мазлум аз золим биситонад. Ва хоинонро ба хиёнати кардаашон маҳкум созад. Даҳум он, ки подшоҳ ва ё ҳоким ҳар воқеаю ҳодисаро бо диққат омӯхта, пеш аз баровардани ҳукмаш ҷиддан мулоҳиза намояд. Баъди гуфтани ин шартҳо Алии Ҳамадонӣ бори дигар такрор менамояд, ки шоҳ ё ҳокими пайрави ин шартҳо салтанати поянда дошта, хушҳолии раият ва худро барқарор гардонида бошад.
Инчунин Алии Ҳамадонӣ чун фарди мусалмон аз тарафи мусулмонони мамлакат ба шоҳон аз 20 ҳуқуқи раоёи мусулмон ёдрас мешавад, ки адои ин ҳуқуқ боиси ободии мамлакат ва сарбаландии шоҳону ҳокимон хоҳад гардид.
Носеҳи арҷманд ба шоҳону ҳокимони замонаш рӯ оварда изҳор менамояд, ки фарҳангу маърифат сифати олӣ ва мартабаи баланди онон аст. Ободии мулк ва мустаҳкамии салтанат, аввалан, дар адлу инсоф ва баъдан, дар маърифатпарварию хирадмандии шоҳону амирон мебошад. Маҳз ба туфайли донишу хирад ва фаросати баланди шоҳону сарварон пояи мамлакат устувору раият осудаҳол аст. Маърифат чашмаест поку зулол ва бояд амру фармоишоти шоҳону ҳокимон аз ин сарчашмаи нодир бархӯрдору бонасиб бошад:
Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун, то ҳосил ояд ин сифат.
Ҳар кӣ масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи ҷаҳон султон бувад [3, с. 332, а].
Тавре ки мушоҳида мегардад, тарғиби шоҳи одилу раиятпарвар дар тамоми осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вобаста ба мавридҳои гуногун мақоми басо бориз дорад. Ба ин мавзӯъ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудани Алии Ҳамадонӣ бесабаб нест. Замоне, ки ӯ умр ба сар бурдааст, пур аз низоъҳо ва ихтилофоти сиёсӣ, мубориза барои ба даст овардани тахту тоҷ, беадолатию мансабхоҳӣ ва забткорию истилогарии Амир Темур буд.
Ҳанӯз ҳам байни хонадони Темуриҳо ҷангу ҷидолҳои қабилавӣ идома меёфтанд. Амир Темур ба Эрон лашкар кашида, дар Шероз чандин ҳазор одамони бегуноҳро қатл намуд, ҳатто дар Исфаҳон калламанора сохт. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамаи ин ҳаводисро мушоҳида мекард ва баъзан аз даҳони мардум мешунид ва таълифи «Захиратулмулук», «Баҳромшоҳия» ва умуман, шоҳи одилу раиятпеша дар осораш орзую умед буд. Бо офаридани ин қабил асарҳо ӯ шоҳону ҳокимон ва ҳама ашхоси табақоти воломақоми ҷамъиятро насиҳат намуда, эшонро барои расидан ба қуллаи умед раҳнамоӣ менамуд.
Ҳодисаи солҳои 1990–1992 дар Тоҷикистон рухдода бори дигар исбот намуд, ки ҷамъияти инсонӣ ба роҳбари одилу раиятпарвар ва сарвари фозилу ботадбир ҳамеша муҳтоҷ аст. Рӯ овардан ба гуфтори саромадони адабу ҳикмати беш аз ҳазорсолаамон дар шароити кунунӣ, ки баъди ҳазор сол истиқлоли давлатӣ ба даст оварда, қадамҳои аввалини давлатдориямонро ниҳода истодаем, боз ҳам заруртар мегардад.
Адабиёт:
- Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Захират-ул-мулк. — Лоҳур, 1905.
- Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Захират-ул-мулк. Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, муассисаи таърих ва фарҳанги Эрон, 1358.
- Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Захират-ул-мулук. Хазинаи дастхатҳои Осорхонаи мероси хаттӣ ва осори адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. № 1554.
- Эмомалӣ Раҳмон. Нақшае ба ёдгор гузорем. Суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба ҷашни 680-солагии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (4 сентябри соли 1995).
- Эте Ҳ. Назаре ба фалсафаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. — Душанбе // маҷ. «Садои дил», 1994. — С. 3–4.
- Муҳаммад Риёз. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. — Покистон, 1991.




