Зеҳн

Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Моеъ барои системаҳои электронии интиқоли никотин (СЭИН)

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 21 дақиқа хондан

Бо фармоиши Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.05.2023 таҳти №49 тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд.

Талаботи умумӣ

1. Соҳаи истифодабарӣ

Стандарти мазкур ба моеъҳо барои системаҳои электронии интиқоли никотин (минбаъд СЭИН/ENDS/ЭСДН номида мешавад) дахл дорад ва талаботро нисбат ба онҳо муқаррар мекунад. Стандарти мазкур ба моеъҳои марбут ба маҳсулоти доруворӣ татбиқ намегардад.

2. Истинодҳои меъёрӣ

Барои истифодабарии ин Стандарт ҳуҷҷатҳои зерини истинодӣ оид ба стандартизатсия зарур мебошанд:

  • ГОСТ ISO 2859-1-2009 Методҳои оморӣ. Тартиби назорати интихобӣ дар асоси алтернативӣ. Қисми 1. Нақшаҳои назорати ҷузъии як миқдори моли пайдарпай воридгашта дар асоси сатҳҳои қобили қабули сифат.
  • ГОСТ 7933-89 Картон барои бастаи (зарфи холии) истеъмолӣ. Мушаххасоти техникии умумӣ.
  • ГОСТ 8273-75 Коғази бастабандӣ (чизпечонӣ). Мушаххасоти техникӣ.
  • ГОСТ 9421-80 Картони бастабандии ҳамвор. Мушаххасоти техникӣ.
  • ГОСТ 12026-76 Коғази филтри лабораторӣ. Мушаххасоти техникӣ.
  • ГОСТ 26996-86 Полипропилен ва сополимерҳои пропилен. Мушаххасоти техникӣ.
  • ГОСТ 33756-2016 Бастабандии полимерии истеъмолӣ. Мушаххасоти техникии умумӣ.
  • ГОСТ 33781-2016 Бастаҳои истеъмолии картонӣ, коғазӣ ва аз маводи омехта. Мушаххасоти техникии умумӣ.

Эзоҳ: Ҳангоми истифодаи ин стандарт (тавсияҳо оид ба стандартизатсия) дурустии стандартҳои истинодӣ ва таснифкунандагонро дар каталоги «Ҳуҷҷатҳои стандартизатсия» дар соли ҷорӣ ва феҳристи дахлдори иттилоотии давра ба давра нашршаванда, ки дар соли ҷорӣ чоп мешаванд, санҷидан аз манфиат холӣ нест. Агар ҳуҷҷати истинод иваз карда шавад (тағйир дода шавад), пас ҳангоми истифодаи ин стандарт, шумо бояд ҳуҷҷати ивазшуда (тағйирдодашуда)-ро ба инобат гиред. Агар ҳуҷҷати истинодшуда бе иваз кардан лағв (бекор) карда шуда бошад, пас аз муқаррароти санаде, ки ба ҷои истинод пешниҳод гардидааст, истифода бурда шавад. Ин санад қисман, ба он дараҷае татбиқ мешавад, ки ин истинод ба он таъсир нарасонад.

3. Истилоҳот ва таърифҳо

Дар стандарти мазкур истилоҳоти зерин бо таърифҳои дахлдори худ истифода мешаванд:

3.1 Системаҳои электронии интиқоли никотин (СЭИН): дастгоҳҳо (аз ҷумла, сигорҳои электронӣ), ки ба таври электронӣ (батареяҳо) моеъи СЭИН-ро барои тавлиди аэрозол, ки аз он истеъмолкунанда нафас мегирад, гарм мекунанд. Дастгоҳҳои истифодашаванда вобаста ба намуди сохторашон метавонанд якдафъаина ё бисёркарата бошанд. (Эзоҳ: Намуд ва сохти СЭИН дар фасли 4.1.2 шарҳ дода шудаанд.)

3.2 Бастабандии (борпечи) истеъмолӣ: воҳиди ҳадди ақали баста, ки дар он моеъи СЭИН ба истеъмолкунанда фурӯхта мешавад.

3.3 Картриҷ (зарф, резервуар, флакон)-и навъи кушода: зарфе бо моеъ барои СЭИН, ки барои худпур кардани моеъи никотиндор аз ҷониби истифодабарандаи СЭИН пешбинӣ шудааст, такроран истифодашаванда, пас аз аввалин маротиба кушодан метавон онро то ба охир истифода бурдани моеъи дохилаш борҳо кушодану пӯшидан; ҳангоми истифодабарӣ хосиятҳои муҳофизатии баста (зарф, резервуар, флакон) нигоҳ дошта мешаванд.

3.4 Картриҷ (зарф, резервуар, флакон)-и намуди пӯшида: зарфе бо моеъ барои СЭИН, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда бо роҳи саноатӣ пур карда мешавад, истифодабариаш якдафъаина буда, барои бори дуюм пур кардан бо моеъи никотиндор пешбинӣ нашудааст.

3.5 Тамокуи электронии истифодабариаш якдафъаина: СЭИН-и якдафъаина, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда ба таври саноатӣ бо моеъи СЭИН пур карда мешавад ва қисми ҷудонашавандаи дастгоҳ ба ҳисоб меравад.

3.6 Ингредиент: модда ё омехтаи моддаҳое, ки дар мавриди истеҳсоли моеъ барои СЭИН истифода мешаванд.

3.7 Моеъи никотиндор (моеъ барои СЭИН): як намуди маҳсулоти никотиндор дар шакли моеъ, ки аз омехтаҳои никотиндор иборат буда, дар зарфҳои никотиндор (картриҷҳо, зарфҳо, контейнерҳо ва ғ.) ҷойгир карда шудааст ё дорои намакҳои никотин дар ҳаҷми на камтар аз 0,1 мг/мл моеъ аст, барои истифода бурдан тавассути нафаскашӣ аз ҷониби истеъмолкунандаи аэрозоли дорои никотин таъин гардидааст, ки ҳангоми истифодабарии системаи электронии интиқоли никотин (СЭИН) ҳосил мешавад.

3.8 Омехтаи никотиндор: пуркунандаи моеъи никотиндори бетамоку, ки дорои никотин ё намакҳои никотинӣ дар ҳаҷми на камтар аз 0,1 мг/мл моеъ бо истифодаи иловаҳо ё бидуни иловаҳо мебошад.

4. Талаботи умумии техникӣ

4.1 Хусусиятҳо

4.1.1 Моеъҳо барои СЭИН бояд мувофиқи талаботи ин стандарт аз рӯи нишондодҳои технологӣ ва дастурамалҳои истеҳсолкунанда барои як намуди мушаххаси маҳсулот бо риояи талаботи бехатарӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, истеҳсол карда шаванд.

4.1.2 Таснифи СЭИН. Аз рӯи тарзи истифодабарӣ СЭИН метавонад ба гурӯҳҳои зерин тақсим карда шавад:

  • СЭИН-и истифодабариаш якдафъаина: дастгоҳе, ки барои истифодабарӣ тайёр аст, пешакӣ аз тарафи истеҳсолкунанда бо моеъ барои СЭИН пур карда шудааст ва барои пур кардан ё иваз кардани моеъ барои СЭИН пешбинӣ нашудааст;
  • СЭИН-и истифодабариаш бисёркарата: дастгоҳе, ки барои иваз кардани моеъ барои СЭИН ё барои пур кардани зарфи моеъ барои СЭИН аз ҷониби истеҳсолкунанда пешбинӣ шудааст.
    Қисмҳои алоҳидаи СЭИН ва моеъ барои СЭИН мешавад, ки якҷоя бо СЭИН таъмин карда шаванд ва/ё алоҳида харидорӣ карда шаванд.

4.2 Талабот ба моеъ барои СЭИН

Моеъҳо барои СЭИН бояд дар таркиби худ на бештар аз 20 мг никотин ба 1 мл моеъ барои СЭИН дошта бошанд.

4.3 Талабот ба ашёи хом

Барои истеҳсоли моеъ барои СЭИН чунин ашёҳои хом истифода мешаванд:

  • никотин, намаки никотин бо тозагии на камтар аз 98%;
  • глитсерини тозашуда барои саноати хӯрокворӣ бо тозагии ҳадди ақал 94%;
  • пропиленгликол бо тозагии на камтар аз 95%.
    Истифода бурдани дигар ингредиентҳо ҳам, ки ба таркиби моеъ барои СЭИН зарар намерасонанд, мумкин аст.

4.4 Бастабандӣ

4.4.1 Моеъ барои СЭИН аз ҷониби истеҳсолкунанда ба таври саноатӣ дар картриҷҳо (резервуарҳо, зарфҳо, шишаҳо) ё бевосита дар сигорҳои электронии якдафъаина ҷойгир карда мешавад.

4.4.2 Картриҷҳо, резервуарҳо, зарфҳо, шишаҳои намуди кушода ё пӯшида, сигорҳои электронии якдафъаина бояд мутобиқи муқаррароти банди 6.2 мавҷуд набудани ихроҷи моеъро таъмин кунанд.

4.4.3 Ҳаҷми моеъ дар баста набояд зиёда аз:

  • дар картриҷҳо (резервуарҳо, зарфҳо, флаконҳо)-и намуди пӯшида — 2,5 мл;
  • дар сигорҳои электронии якдафъаина — 6,5 мл бошад.

4.4.4 Барои бастабандии истеъмолӣ ин маҳсулот истифода мешаванд:

  • тамғакоғазҳо аз қуттиҳои картонӣ мутобиқи ГОСТ 7933;
  • қуттиҳои картонӣ, коғазӣ ва маводи омехта мутобиқи ГОСТ 33781;
  • контейнери картонии ҳамвор мутобиқи ГОСТ 9421;
  • коғази бастабандӣ мутобиқи ГОСТ 8273;
  • плёнкаи полимерӣ мутобиқи ГОСТ 26996;
  • бастаи полимерии истеъмолӣ мутобиқи ГОСТ 33756.
    Истифодаи дигар масолеҳи бастабандӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки бехатарии маҳсулотро таъмин мекунанд, иҷозат дода мешавад.

4.4.5 Рӯйхати нуқсонҳои эҳтимолии имконпазири визуалии картриҷҳо (резервуарҳо, зарфҳо, шишаҳо) ва бастаи истеъмолӣ, инчунин, методологияи арзёбии чунин камбудиҳоро истеҳсолкунанда муқаррар мекунад.

4.5 Тамғагузорӣ

4.5.1 Ба бастаи истеъмолии моеъ барои СЭИН аломатҳои зерин гузошта мешаванд:

  • номи маҳсулот;
  • ном ва суроғаи истеҳсолкунанда;
  • ном ва суроғаи ташкилоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаасту даъвоҳои истеъмолкунандагонро қабул менамояд;
  • миқдори никотин дар таркиби моеъ (мг/мл). (Эзоҳ: Барои моеъҳои дорои никотин аз 0,1 то 1 мг/мл миқдори никотин дар бастаи истеъмолӣ ва зарфҳои шишагин то нуқтаи даҳии наздиктарин аниқ нишон дода мешавад. Барои моеъҳое, ки миқдори никотин аз 1 мг/мл зиёд аст, миқдори никотин дар бастаи истеъмолӣ ва зарфҳои шишагин дар намуди пурраи арзиши ададӣ нишон дода мешавад. Моеъи миқдори никотинаш камтар аз 0,1 мг/мл бе никотин ҳисоб карда мешавад ва таркиби никотин дар бастаи истеъмолӣ ҳамчун сифр — 0 мг/мл нишон дода мешавад.)
  • санаи истеҳсол, инчунин, муҳлати истифода ва (ё) шартҳои нигоҳдорӣ, агар чунин муҳлат ва (ё) шартҳои нигоҳдориро истеҳсолкунанда муайян карда бошад;
  • навиштаҷот: «Фурӯш ба шахсони то 18-сола манъ аст»;
  • ҳаҷми моеъ (мл);
  • нишондод барои нигоҳдорӣ дар ҷойи дастнорас барои кӯдакон (масалан, дар шакли навиштаҷоти: «Аз кӯдакон эҳтиёт кунед!»).

4.5.2 Дар ҳолати имконнопазир будани гузоштани нишондод барои нигоҳдорӣ, ки дар банди 4.5.1 ба бастаи истеъмолӣ пешбинӣ шудааст, маълумоти зикршуда бояд дар варақаи иттилоотие, ки дар бастаи истеъмолӣ замима шудааст ё ҳангоми ба истеъмолкунанда фурӯхтан ба маҳсулот замима карда мешавад, оварда шавад.

4.5.3 Илова бар ин, дигар маълумоти боэътимоде, ки истеъмолкунандаро дар бораи маҳсулот ва истеҳсолкунандаи он ба нофаҳмӣ намебарад, метавонад дар бастаи истеъмолӣ, картриҷ (резервуар, зарф, шиша) ё варақаи иттилоотӣ ҷой карда шавад.

4.5.4 Маълумот дар бастаи истеъмолӣ бояд ҳатман равшан ва фаҳмо ҷой карда шавад ва осон хонда шавад. Маълумоти сабтшуда бояд ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш тағйир наёбад, яъне хоно бошад.

4.5.5 Маълумоте, ки дар бандҳои 4.5.1 ва 4.5.3 оварда шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сабт мешаванд. Матне, ки ба тамғаи молии ба қайд гирифташуда ё намунаи саноатӣ дахлдор аст, бо забони бақайдгиранда навишта мешавад.

4.5.6 Маълумоте, ки дар бастаи истеъмолӣ (варақаи иттилоотӣ) сабт шудааст, набояд маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, рустаниҳои шифобахшро тасвир созад ва ҳамчунин, калимаҳо ё ибораҳоеро дар бар гирад, ки бавосита ё бевосита ассотсиатсияҳои моеъҳои никотиндорро дар картриҷ (резервуар, зарф, шиша) дар намуди кушода ё пӯшида ба вуҷуд меоранд, аз ҷумла, сигорҳои электронии якдафъаинаро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, дору ё растании доруворӣ.

4.5.7 Бояд ба бастаи маҳсулоте, ки бо нақлиёт интиқол дода мешавад, маълумоти зерин ҳатман сабт шавад:

  • номи маҳсулот;
  • ном ва суроғаи истеҳсолкунанда;
  • маълумот дар бораи шумораи маҳсулот;
  • ҳаҷми умумии моеъи дар бастаҳои истеъмолӣ мавҷудбуда, ки дар бастаи нақлиётӣ ҷойгиранд.
    Дар бастаи нақлиётӣ метавон маълумоти ҳақиқии иловагиро сабт кард.

4.5.8 Бастаи нақлиётӣ бояд мустаҳкам бошад ва маҳкам баста шавад, то ки бехатарии маҳсулот ҳангоми интиқол ва нигоҳдорӣ таъмин карда шавад.

5. Қоидаҳои қабул

5.1 Моеъ барои СЭИН ё сигорҳои электронии истифодабариашон якдафъаина гурӯҳӣ, тӯдавӣ, яъне бо миқдори муайян қабул карда мешавад. Гурӯҳ, тӯда ё як миқдори муайяни моеъ барои СЭИН-и як номгӯй, як намуди бастабандии бо як ҳуҷҷат мураттабшуда партия фаҳмида мешавад.

5.2 Барои назорати сифати моеъ барои СЭИН интихоби намунаи маҳсулот аз рӯи талаботи ГОСТ ISO 2859-1 гузаронда мешавад. Аз як гурӯҳ ба таври намунавӣ 10 адад бастабандии нақлиётӣ (қуттиҳо) таваккал интихоб карда мешавад. Агар гурӯҳ (партия) аз 10 қуттӣ камтар бошад, ҳамаи қуттиҳо ба намуна дохил карда мешаванд.

5.3 Агар сифати маҳсулоти намунавӣ ба талаботи стандарти мазкур ҷавобгӯ бошад, ҳамаи маҳсулоти гурӯҳ (партия) қабул карда мешавад.

5.4 Натиҷаҳои санҷиши маҳсулот барои таркиби никотин бояд дар ҳудуди 20% аз нишондоди дар баста сабтшуда бошанд, вале на камтар аз ±0,1 мг/см3 барои моеъҳои консентратсияи никотин то 1 мг/см3 ва на камтар аз ±1 мг/см3 барои моеъҳои консентратсияашон 1 мг/см3 ва аз он зиёдтар.

5.5 Ҳангоми гирифтани натиҷаҳои манфии санҷиш аз нав намунагирӣ гузаронда мешавад. Натиҷаҳои санҷиши такрорӣ ба тамоми миқдори маҳсулот (партия) дахл доранд.

6. Усулҳои санҷиш

6.1 Гирифтани намуна

6.1.1 Аз намунае, ки мутобиқи банди 5.2 интихоб карда шудааст, барои ташаккули намунаи лабораторӣ дар ҳаҷми на камтар аз 20 воҳид аз ҳар қуттӣ ду воҳиди маҳсулот аз бастаи истеъмолӣ ба таври таваккал интихоб карда мешавад. Агар барои гузарондани ҳама санҷишҳо 20 адад маҳсулот нокифоя бошад, шумораи ашё барои таҳлилу санҷиши лабораторӣ бо риояи принсипҳои интихобӣ зиёд карда мешавад.

6.1.2 Аз намунаҳои лабораторӣ аз рӯи принсипи таваккал кардан намунаҳо барои санҷиш оид ба муайян кардани ихроҷи моеъ ва оид ба муайян кардани миқдори никотин дар моеъ барои СЭИН гирифта мешаванд. Барои муайян кардани ихроҷи моеъ 10 воҳиди маҳсулот ва барои муайян кардани никотин панҷ воҳиди маҳсулот интихоб карда мешаванд. Агар ҳаҷми умумии моеъи панҷ адад маҳсулот барои иҷрои санҷишҳои банди 6.3.6 нокифоя бошад, шумораи ашёи маҳсулот дар намунаи санҷишӣ зиёд карда мешавад.

6.2 Муайян кардани ихроҷи моеъ

6.2.1 Мавод:

  • 6.2.1.1 Коғази филтри лабораторӣ мутобиқи ГОСТ 12026.
  • 6.2.1.2 Санҷиши ҳиссаи (қисм, порс) қуттиҳо, бастаҳо, зарфҳо ва СЭИН, ки бо моеъ барои СЭИН бо роҳи саноатӣ пур карда шудааст, барои мавҷудияти ихроҷи моеъ дар ҳарорати (22 ± 2) °C дар ҳамон шакле, ки онҳо дар бастаи истеъмолӣ буданд, анҷом дода мешавад, бе ягон фиребу кушодани иловагӣ.

6.2.3 Гузарондани санҷиш:

  • 6.2.3.1 Санҷишҳо дар 10 воҳиди маҳсулот, ки бо тарзи саноатӣ бо моеъ пур карда шудаанд (дар бастаҳои ҳиссагӣ, якпорсӣ, СЭИН ё зарфҳо), ки аз намунаи лабораторӣ ба таври таваккалӣ интихоб карда мешаванд, гузаронда мешаванд.
  • 6.2.3.2 Намунаҳои интихобшудаи маҳсулот ба таври уфуқӣ дар коғази филтрӣ ҷойгир карда мешаванд (ба истиснои ҳолатҳое, ки истеҳсолкунанда нигоҳдорӣ ва истифодаи СЭИН-ро дар ҳолати уфуқӣ манъ кардааст) ва ду соат нигоҳ дошта мешаванд, сипас дар коғази филтрӣ мавҷуд будан ё набудани доғҳо ва дигар нишонаҳои ихроҷи моеъ ва маҳсулот тафтиш карда мешавад.
  • 6.2.3.3 Агар бастаи қисм (ҳисса, порс) ё зарф (контейнер)-е, ки моеъ дораду дар дохили СЭИН ҷойгир карда шуда бошад ва дар байни коғаз ва ин ҷузъ тамос набошад, пас аз анҷоми санҷиш баҳодиҳии визуалӣ барои осори ихроҷи моеъ мустақиман дар ҳамин қисми маҳсулот анҷом дода мешавад ё дар зарф (контейнер) бе вайрон кардани яклухтии СЭИН.
  • 6.2.3.4 Агар мувофиқи муқаррароти варақаи иттилоотӣ нигоҳдорӣ ва истифодабарии СЭИН дар ҳолати уфуқӣ иҷозат дода нашавад, ба таври визуалӣ тафтиш кунед, ки дар СЭИН аломатҳои ихроҷи моеъ вуҷуд надоранд.

6.3 Муайян кардани миқдори никотин дар моеъ барои СЭИН

6.3.1 Моҳияти усул: Ин усул ба истихроҷи никотин аз маҳлули ишқордор бо экстрагент ва муайян кардани миқдори никотин тавассути хроматографияи газу моеъ бо детектори ионизатсияи оташ асос ёфтааст.

6.3.2 Асбобҳои андозагирӣ (ченкунӣ), таҷҳизоти ёрирасон, зарфҳо ва реактивҳо:

  • Хроматографи газӣ бо детектори ионизатсияи шуълаи оташ, асбоби сабткунанда ё интегратор.
  • Колонкаи шинондашуда (сутуни печонидашуда) ё капиллярӣ, ки барои ҷудо кардани миқдори зарурии никотин ва дигар ҷузъҳои алоқаманд имкон фароҳам меорад.
  • Афшонандаи электромеханикӣ аз рӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.
  • Тарозуи лабораторӣ бо нишондиҳандаи хатоии эҳтимолӣ то вазни 0,1 мг.
  • Микросӯзани навъи MSH-10 барои 10 мкл ё ба ин монанд.
  • Колбаҳои конусшакл бо шлифи (қисми борики) зарфияташ 100 см3 мувофиқи ГОСТ 25336 ё мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.
  • Колбаҳои ченкунанда бо шлифи (қисми борики) зарфияташ 10 см3, 1000 см3 мувофиқи ГОСТ 1770 ё мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.
  • Обчаконҳои ченкунанда тибқи ГОСТ Р ISO 1769 ё тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.
  • Пробиркаҳои ченкунанда бо пӯки соида тиққондашуда барои 15–20 см3 мувофиқи ГОСТ 1770 ё мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.
  • Газ-интиқолдиҳанда: гелий (CAS: 7440-59-7) ё нитроген (CAS: 7727-37-9) (ҳадди ақали тозагӣ на кам аз 99,995%).
  • Газҳои иловагӣ: ҳаво ва гидрогени (CAS: 1333-74-0) тозагиаш баланд (барои детектори ионизатсияи оташафрӯз).
  • Оби тозашуда (дистиллӣ) мутобиқи ГОСТ 6709 ё об барои таҳлили лабораторӣ мувофиқи ГОСТ Р 52501. Истифодаи оби деионизатсияшуда низ иҷозат дода мешавад.
  • Стандарти дохилӣ: н-гептадекан (CAS: 629-78-7) ё хиналдин (CAS: 91-63-4) (ҳадди ақали тозагӣ на кам аз 98%).
  • Гексан, аз ҷиҳати химиявӣ тоза.
  • Гидрооксиди натрий мувофиқи ГОСТ 4328.
  • Моддаҳои стандартӣ: никотини салитсилати (ҳадди ақали тозагӣ на кам аз 98%) ё никотин (ҳадди ақали тозагӣ на кам аз 98%).

Эзоҳ: Пеш аз оғози кор реактивҳо, экстрагент ва маҳлулҳое, ки дар ҳарорати паст нигоҳ дошта мешаванд, пеш аз истифода бояд на камтар аз ду соат дар шароити лабораторӣ: t = (22 ± 2) °C нигоҳ дошта шаванд. Истифодаи дигар асбобҳои ченкунӣ, таҷҳизоти ёрирасон ва асбобҳое, ки сифаташон аз асбобҳои зикршуда паст нестанд ва дурустии зарурии ченкуниро таъмин мекунанд, иҷозат дода мешавад, ҳамчунин, реактивҳои сифаташон на камтар аз реактивҳои дар боло зикршуда.

6.3.3 Шароит барои хроматография

Шароит барои хроматография бояд тақсимоти шуморавии дараҷаҳои стандарти дохилӣ, никотин ва дигар ҷузъҳои ба он алоқамандро таъмин намояд.

6.3.3.1 Шароити тавсияшавандаи хроматографӣ барои колонкаи шинондашуда (насадочный):

  • дарозии колонка — 2,0 м, диаметри дарунӣ — 3 мм;
  • марҳилаи статсионарӣ: Carbowax 20M-и 10%-а (ё полиэтиленгликол 20000) бо гидрооксиди калийи 2-фоиза дар Chromaton N-AW (ё хроматон) 80–100-фоиза;
  • ҳарорати колонка — 170 °C;
  • ҳарорати инжектор — 250 °C;
  • ҳарорати детектор — 250 °C;
  • сарфи газ: гази интиқолдиҳанда (гелий) — 40 см3/дақ; гидроген — 30 см3/дақ; ҳаво — 20 см3/дақиқа.
  • Давомнокии таҳлил — 10 дақиқа.

6.3.3.2 Шароитҳои тавсияшавандаи хроматографӣ барои колонкаи чакрагӣ (капиллярӣ):

  • дарозии колонка — 60 м, диаметраш — 0,320 мм, ғафсии плёнкаи фазавӣ — 0,25 мкм;
  • марҳилаи статсионарӣ — DB WAX;
  • ҳарорати колонка — 155 °C;
  • ҳарорати инжектор — 300 °C;
  • ҳарорати детектор — 300 °C;
  • сарфи газ: гази интиқолдиҳанда (нитроген) — 8 см3/дақ; гидроген — 30 см3/дақ; ҳаво — 300 см3/дақиқа.
  • Давомнокии таҳлил — 10 дақиқа.

6.3.3.3 Колонкаҳои алтернативии хроматографӣ:
Колонкаҳои шинондашуда (сутунҳои печонидашуда) метавонанд шишагӣ, пӯлодӣ ё никелӣ бо дарозии аз 1,5 то 2 м ва бо диаметри дарунӣ аз 2 то 4 мм бошанд. Марҳилаҳои статсионарӣ:

  • 2%-аи (2-фоизаи) Версамид 900 + гидрооксиди калийи 1%-а;
  • 7%-аи (7-фоизаи) полиэтиленгликоли 20000 бо эфири полифенили 3%-а (бо узви шашгона);
  • 7%-аи (7-фоизаи) полиэтиленгликоли 20000 (бо гидрооксиди калийи коркардшуда ё коркарднашуда).
    Колонкаҳои чакравӣ (капиллярӣ) дарозиашон аз 15 то 50 м, диаметри дохилиашон аз 0,2 то 0,53 мм ва ғафсии плёнка аз 1 мкм то 100 мкм аст. Марҳилаҳои статсионарӣ: CP-Sil 8 CB, DB-17, DB-ALC1.
    Эзоҳ: Шароити хроматографиякунониро бо мақсади беҳтар ҷудо кардани қисмҳои (ҷузъҳои) омехта тағйир додан мумкин аст.

6.3.4 Омодагӣ ба санҷиш

6.3.4.1 Тайёр кардани маҳлулҳои корӣ:

  • Маҳлули истихроҷ (ҷудокунӣ, экстрагент): Ба колбаи ченкунии 1000 см3 (бо ёрии гексан) як қисми хиналдини стандарти дохилӣ ё н-гептадекан (0,500 г)-ро то нишонаи зарурӣ гузаронда, бодиққат омехта кунед.
  • Маҳлули гидрооксиди натрий бо консентратсияи (NaOH) = 8 мол/дм3: Як қисми гидрооксиди натрийро, ки вазнаш 320 г аст, дар оби соф ё об барои таҳлили лабораторӣ дар колбаи ҳаҷми ғунҷоишаш 1000 см3 маҳлул бояд кард, сипас маҳлулро соф намуда, онро бо оби соф ё об барои таҳлили лабораторӣ дар андозаи муайяншуда баробар намуда, омехта менамоянд.
  • Маҳлули аввалияи стандартии никотин (бо консентратсияи 2,5 мг/см3): Як порча салитсилати никотинии 0,1852 г (ё 100 мг никотин)-ро бо дақиқии 0,1 мг баркашида, дар колбачаи конусии ҳаҷми ғунҷоишаш 100 см3 гузошта, ба он 20 см3 оби соф ё об барои таҳлили лабораторӣ илова карда мешавад, баъд 40 см3 маҳлули экстрагирӣ ва 10 см3 гидрооксиди натрий рехтан даркор. Омехтаи дуфазавии ҳосилшударо дар дастгоҳи ларзандаи электромеханикӣ як соат ҷунбондан даркор. Пас аз ларзиш омехтаро то пурра ҷудо шудани фазаҳо ором мемонанд, фазаи органикиро ба зарфи шишааш сиёҳ андохта, бо пӯки соидашуда ё сарпӯши тобхӯранда маҳкам мекунанд, ки то хроматография дар ҳарорати аз 4 то 10 °C нигоҳ дошта мешавад.
  • Маҳлулҳо барои ченаки калибр: Дар пробиркаҳои ченакдор ё колбаҳои ченакдор дар ҳаҷми 10 см3-и дорои пӯкҳои соидашуда миқдори гуногуни (0,25 см3; 0,50 см3; 1,0 см3; 2,0 см3; 4,0 см3) маҳлули ибтидоии стандартии никотинро ҷой карда, маҳлули дохили пробиркаро то ба ҳаҷми 10 см3 маҳлули экстрагирӣ расонда, бо диққат омехта кардан даркор. Маҳлулҳои ҳосилшудаи никотиндор аз 0,0625 мг/см3 то 1,0 мг/см3 барои сохтани графики калибрченкунӣ истифода мешаванд. Ҳаҷм ва консентратсияи маҳлулҳоро дар ҳолати зарурӣ барои нигоҳ доштани дақиқӣ тағйир додан мумкин аст.

6.3.4.2 Сохтори графики калибрченкунӣ:
Қисми аликвоти (1 мм3 ё 2 мм3) ҳар як маҳлули калибрӣ ба бухоркунанда (инжектор)-и хроматографи газӣ ворид карда мешавад. Майдони қуллаҳо (ё баландиҳои) никотин ва стандарти дохилӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ҳар як маҳлули калибрченкунӣ на камтар аз ду маротиба таҳлил карда мешавад. Маҳлулҳои калибрченкунӣ, агар лозим шавад, дар ҷойи торик дар ҳарорати аз 4 то 10 °C нигоҳ дошта мешаванд.
Сохтори графики калибрченкунӣ мувофиқи дастурҳо ва барномаи хроматографи истифодашуда анҷом дода мешавад. Графики калибрченкунӣ бояд хаттӣ бошад ва хатти регрессия бояд аз ибтидои хатти координатӣ гузарад.

6.3.5 Омодасозии намунаҳо барои ташхис

Аз намунаи санҷишӣ (мувофиқи банди 6.1.2) намунаҳо барои ташхис омода карда мешаванд. Бастабандии маҳсулотро мекушоянд, моеъро ба як зарф мерезанд, омехта мекунанд. Ҳаҷми умумии моеъ бояд барои муайян кардани зичии миқдори зарурии маҳсулот қонеъкунанда бошад. Вобаста ба методи интихобшудаи ташхис тибқи банди 6.3.7.2 омода кардани ду намунаи мувозӣ барои ташхис кифоя мебошад.

Ду намунаи параллелӣ барои ташхис омода карда мешавад: намунаи моеъ (1000 мг) дар колбачаи конусшакли дорои пӯки соидашуда (иқтидораш 100 см3) гузошта шуда, 10 см3 оби софи дистиллӣ ё об барои таҳлили лабораторӣ ҳамроҳ карда мешавад, ҳамчунин, 20 см3 маҳлули экстрактсионӣ илова карда мешавад, ба маҳлули омехта 5 см3 маҳлули гидрооксиди натрий илова карда, дар дастгоҳи ларзонандаи электромеханикӣ дар тӯли 1 соат меҷунбонанд. Баъди анҷом ёфтани ларзондани зарф (колба) онро барои таҳшин шудан ва ҷудо кардани фазаҳо ором нигоҳ медоранд. Қисми болоии фазаи гексанӣ (1–2 см3) бо ёрии чакрачакконак-дозатор ба зарфҳои сиёҳшиша ҷой карда, баъд хроматография гузаронда мешавад.

6.3.6 Гузарондани ташхиси хроматографии газ

Як намунаи аликвотии экстракт (1 мм3 ё 2 мм3) ба бухоркунанда (инжектор)-и хроматографи газ ворид карда мешавад. Дар охири ташхис маълумот дар бораи миқдори никотин дар намунаи ташхисшуда (мг/см3) гирифта мешавад. Агар миқдори никотин дар моеъ барои системаи электронии интиқоли никотин барои графики калибрӣ охирин ба ҳисоб равад, ҳиссаи моеъро кам ё зиёд менамоянд, то ки арзиши дар дохили графики калибрченкунӣ бударо ба даст оваранд.

6.3.7 Коркарди натиҷаҳо

6.3.7.1 Ҳисоб кардани миқдори никотин дар моеъ барои системаҳои электронии интиқоли никотин аз рӯи формулаи зерин анҷом дода мешавад:

N = (X · V · ρ / P) · 1000 (1)

ки дар он:

  • N — миқдори никотин дар моеъ барои СЭИН, мг/см3;
  • X — миқдори никотин, ки бо графики калибрченкунӣ ё муодилаи регрессия муайян карда мешавад, мг/см3;
  • V — ҳаҷми экстрагенти ба моеъ барои СЭИН воридшаванда, см3 (20 см3);
  • ρ — зичии моеъ барои СЭИН, г/см3;
  • P — вазни моеъи баркашида барои СЭИН, мг.

6.3.7.2 Ҳисоб кардани зичии моеъ барои системаҳои электронии интиқоли никотин тибқи формулаи зерин анҷом дода мешавад:

ρ = M_ср / V_1 (2)

ки дар он:

  • M_ср — миёнаи арифметикии 5 муайянкунандаи массаҳои баробари (5 см3 ё 10 см3) ҳаҷми моеъ барои СЭИН, г;
  • V_1 — ҳаҷми моеъ барои СЭИН, см3 (5 см3 ё 10 см3).

Зичии моеъро барои системаҳои электронии интиқоли никотин метавон бо истифода аз ченаки зичӣ бо дақиқии на камтар аз 0,01 г/см3 муайян кард. Дар ин ҳолат таҳлилу ташхис камаш ду маротиба такрор карда мешавад. Натиҷаи муайянкунӣ дар мг/см3 бо дақиқии 0,01 мг/см3 ифода карда мешавад. Натиҷаи ниҳоӣ ҳамчун миёнаи арифметикӣ ҳадди ақал аз натиҷаи ду муайянкунандаи мувозӣ (параллелӣ) бо дақиқии 0,1 мг/см3 гирифта мешавад.

6.3.8 Монандӣ ва такроршавандагӣ

Монандӣ ва такроршавандагии метод мутобиқи банди (1) муайян карда шудааст. Ҳангоми дуруст истифода бурдани метод фарқияти байни ду натиҷаи муайянкардаи як оператор дар як асбоб дар фосилаҳои кӯтоҳтарини вақт набояд аз арзиши такроршавандагии r зиёд бошад. Натиҷаҳои ташхис (муайянкунӣ), ки ба воситаи ду лаборатория аз рӯи намунаҳои якхелаи моеъҳо барои СЭИН ба даст оварда шуданд, ҳангоми дуруст истифода бурдани метод набояд аз аҳамияти такрористеҳсолкунӣ (R) зиёд бошанд.

Аҳамияти такроршавии r ва такрористеҳсолкунии R дар ҷадвали 1 оварда шудааст:

Миқдори миёнаи никотин, мг/см3Такроршавӣ rТакрористеҳсолкунӣ R
1,970,0650,266
3,8620,1250,518
5,8870,1340,557
8,6950,2860,709
13,5040,3041,334

7. Суратҳисоби (протоколи) санҷишӣ

7.1 Суратҳисоби санҷишӣ бояд ба методҳои муайянкунӣ (мувофиқи бандҳои 6.2 ва 6.3) ва натиҷаҳои бадастомада истинод дошта бошад. Дар он бояд ҳама гуна дуршавиҳо аз меъёри шартҳои дар стандарти мазкур муқарраршуда, инчунин, ҳама ҳолатҳое, ки метавонанд ба натиҷаҳо таъсир расонанд, инъикос шаванд.

7.2 Суратҳисоби санҷишӣ бояд маълумоти заруриро барои муайян кардани ҳаммонандии (идентификатсияи) намуна дар бар гирад:

  • намуди маҳсулот;
  • номи маҳсулот;
  • намуди бастабандӣ;
  • ҳаҷми моеъ дар бастабандӣ;
  • маълумот дар бораи интихоби намуна;
  • мақсади санҷишҳо;
  • маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ.

8. Интиқол ва нигоҳдорӣ

8.1 Маҳсулот бо ҳама воситаҳои нақлиёт тибқи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, ки барои намуди дахлдори нақлиёт амал мекунанд, интиқол дода мешавад.

8.2 Бастаҳои нақлиётӣ бо маҳсулот дар воситаҳои нақлиёт бояд тавре ҷойгир карда шаванд, ки ба тағйир ёфтани шакли (деформатсияи) қуттиҳои қабатҳои поёнӣ роҳ надиҳад.

8.3 Ҳангоми нигоҳдорӣ токчаҳо бояд тавре сохта шаванд, ки тағйир ёфтани шакли (деформатсияи) қабатҳои поёниро пешгирӣ кунанд.

8.4 Илова бар ин, истеҳсолкунанда метавонад талаботро барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулот муқаррар намояд.

9. Талаботи бехатарӣ ҳангоми истеҳсоли СЭИН

9.1 Иншоот бояд бо ҳавокашҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин бошад, коргарон бо либосҳои махсуси корӣ, таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ ва доруқуттиҳои ёрии таъҷилӣ таъмин карда шаванд. Ба кор шахсоне иҷозат дода мешаванд, ки аз муоинаи ҳатмии тиббии ҳарсола гузаштаанд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2