Дили саршори муҳаббат
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Дар ин рубъи маскун ашхоси бисёре меоянду мераванд, вале номи неки онҳое зиндаву ҷовид мемонад, ки аз хеш кори нек, гуфтори нек, нақши нек боқӣ монда бошад. Муҳаммадшарифи Қосим аз зумраи чунин родмардони накӯхислате буд, ки бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш дар замири дили дӯстон, хешовандон ва мардумони бомаърифат як умр нақши нек гузоштааст.
Ҳанӯз аз қадамҳои нахустини ба дабистон гузоштааш равшан гардида буд, ки ба илму маърифат муҳаббати беандоза дорад. Зиракӣ, нуктасанҷӣ, кунҷковӣ, ҳозирҷавобӣ, дӯст доштани рафиқон, ҳамдеҳагон, муҳаббати беандоза нисбати калонсолон ӯро маҳбубу мақбули атрофиён гардонида буд.
Нақлу ривоят, афсонаву латифа, гуфтаҳои намакинро, ки аз калонсолон мешунавид, бо як муҳаббати хос, бо сад рангу тобиши суханварӣ ба сомеони хеш нақл мекард. Омӯзгороне, ки қобилияти суханварии ӯро дарк мекарданд, мекӯшиданд, ки бештар сухан гӯяд, шеър қироат кунад, маҳфилро таровати рангин бахшад, аҳсант.
Абёти пурҳикмати адабиёти мозиро аз бар медонист ва ҳангоми суханвариаш истифода мекард.
Суханрониаш ҳакимона, саршор аз панду ҳикмат буд. Дар шарҳу эзоҳи абёти махфимаъно маҳорати хеле баланд дошт ва аснои таълими адабиёт аз он истифода мебурд, соатҳои дарсҳои хешро ба маҳфили пурғановати адабӣ табдил медод, сомеонаш бесаброна машғулиятҳои ояндаашро интизор мешуданд. Дар сӯҳбатҳои хоса сомеони хешро ба баҳс водор мекард ва ба ҳар сухани хому нимсараи тиҳимағз тан намедод, дилаш саршори муҳаббати фикрҳои оқилона, ҷавобҳои сараю пурмаънои далелнок буд. Аз фикррониҳои оқилонаи дӯстонаш шод мегашт, меболид ва як умр бо онҳо дӯстӣ мекард, инсони оқилу доноро ниҳоят зиёд эҳтиром мекард. Ақидае дошт, ки агар инсонҳои комилу оқилу доно якдигарро дӯст доранд, эҳтиром кунанд ва дар сифати якдигар лафзҳои ҳикматнок иброз намоянд, офаридгор аз ин амали бандагони некхислаташ шод мешавад.
Дар олами носавоб иблис шод мешуд ва ба ваҷд меомад, ки ку бубин он афроде, ки аз хок офарида шудаанду азизу муътабар ва аз ҳама воломақом пиндошта мешаванд, чӣ гуна якдигарро мазаммат мекунанд, носазо мегӯянд, эътиборашонро бо хок яксон мекунанд. Вай боварӣ дошт, ки инсонҳои бомаърифат, ки аз тин офарида шуда, ба мансабҳои султонӣ, подшоҳӣ, пайғамбарӣ ва суханварӣ расидаанд, ҳаргиз носазо намегӯянд ва амалҳои шайтониро дар хеш роҳ намедиҳанд, ва аз ин шукргузорӣ мекард:
Сонеъ аз тин салотин мекунад,
Наҷмро разми шаётин мекунад.
Байти Ҳофизи Лисонулғайбро ҳамеша пешгуфтори хеш қарор медод, ки фармудааст:
Дӯстдори марди Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.
Инсонро, он ҷавҳареро, ки аз хок офаридаю соҳибмартаба гашта, ҷаҳонро зебою хушманзару дилкашу гуворо карда, қобилияти сухани воло гуфтан дорад, бояд бо муҳаббати беандоза накӯ дошт, эҳтиром кард.
Муҳаммадшарифи Қосимро, ки бо тахаллуси Арбоб сухан меофарид, дӯстонаш накӯ медоштанд, зеро ӯ дар арсаи суханварӣ гӯйи сухан рабуда, доди суханварӣ додааст, ба сухан либоси шинаму зебо пӯшонда, зеби маҳфилҳои адабӣ гардонидааст.
Сухан хокро ранҷи ҷон додааст,
Сухан хомӯширо забон додааст.
Нафасҳои ранҷи ҷон берангу бӯй,
Ки мавҷи сухан ҷилваи ҳусни ӯст.
Истеъдоди фитрии суханофаридан, маҳорати маҳфилороӣ, дӯст доштани инсон, беҳтарин хислатҳои варзидааш номи ӯро дар синаи мардумони бовафо ҷо додааст.
Вуҷуди марди доно мисоли зарру тиллост,
Ки ҳар куҷо равад, қадру қимат ёбад.
Қалби пуршӯри муҳаббати инсони комил зиндаю ҷовид аст, зеро ишқи дӯстдоштани инсон, муҳаббату вафо нисбат ба инсон – махлуқи боақл ҷовидонист.
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Номбурда вассофи ишқи поки инсонӣ, ишқи беандозаи офаридгор буд ва бо ифтихор асрори дилашро бо мисраъҳои зайл ифшо кардааст:
Гар набудӣ ишқ ба олам, зиндагӣ маънӣ надошт,
Рӯзгору зиндагӣ бе ишқ дар ҳоли табост.
Зиндагиро дӯст доштан, фарзандон, насли наврасро дар рӯҳи суханварӣ тарбия намудан шиори доимии ӯ буд.
Шоир агар ошиқ набошад, гуфтани шеъраш муҳол,
Манбаи илҳоми шоир ошиқист, гуфтан равост.
Ширинии ҳаёт ба ӯ илҳом мебахшид, замони оромию тинҷиро ситоиш мекард, аз он шод буд, ки Тоҷикистони кӯчаку азизаш бо сарварии марди шуҷоъу қавиирода Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯ ёфт, насли наврас ба зиндагӣ, ба ҳаёти осоишта бо орзую умеди ширин назар мекунад.
Аз рушду камолоти фарзандонаш, наберагонаш, билохира Эҳроми бозаковату боақл, ки навиштаҳояшро дар сафҳаи компютер сабт мекунад, шод мешуд, вале умри ширин вафо накард, ӯ моро шокӣ кард, зери хоки сард маскан гузид ва охирин шоҳбайте, ки Эҳром сабт кард, видоъ аз дӯстону бародарон, аз ширинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ буд:
Ба сари хокам оӣ туву шармандаам,
Ҷон надорам, ки нисори қадамат мекардам.
Ҳаёти ширинро падруд гуфт, аз хеш номи нек, хотираҳои таъсирбахш, ахлоқи ҳамида, фарзандони аҳлу солеҳ, шеърҳои баландмазмун мерос гузошт. Зиндагӣ ҳамин аст, ки онро чӣ тавр паси сар менамоӣ, аз хеш нишона мегузорӣ, вале ҳайҳот, ки онро тарк мекунӣ:
Агар сад сол монӣ в-ар яке рӯз,
Бибояд рафт аз ин кохи дилафрӯз.
Болои санги мазораш рубоии васияткардаашро фарзандон сабт мекунанд:
Маро аз шаршари оби равон ҷӯй,
Зи гулбарги тару боди вазон ҷӯй.
Будам ошуфтаву шайдои ин боғ,
Зи доғи синаи соҳибдилон ҷӯй.
Арбоби Завронӣ
Нуриддин Шарифзода,
омӯзгори собиқадор




