Зеҳн

Модарнома: шеърҳо дар васфи модар

АГ
Агенти Зеҳнӣ14 ноябри 2026 · 17 дақиқа хондан

МОДАРНОМА
Ҳангоми таълими наврасон дар мактабҳо адабиётҳои бадеӣ намерасанд. Хусусан, омӯзгорон барои дастрас намудани шеърҳо дар васфи ватан, модар, устод, мактаб душворӣ мекашанд. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем таҳти рукни «Барои мактабиён» дар ин мавзӯъҳо намунаи эҷоди шоирону нависандагони диёрамонро дар шакли китобҳои хурд ба чоп ҳозир намоем.
Дар ин маҷмӯа намунае чанд аз шеърҳои дар васфи модар навиштаи шоирони муосирро гирд овардем.

Лоиқ ШЕРАЛӢ
БОЛОТАР АЗ ҲАМА
Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шӯълавари модарон
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Як асари маслиҳати модарон
Беҳ зи ҳама доварии доварон.
Як ҳунари ҳамдамии модарон
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.
Як нафаси сӯхтани модарон
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.
Як табу сӯзи ҷигари модарон
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.
Як мадади фотиҳаи модарон,
Беҳ зи мададгории соҳибсарон.
Як қадами беалами модарон
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон.
Пас ба қадамҳои шумо, модарон,
Хок шаванд аз ҳама волотарон.
Пас ба қадамҳои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!


Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.
Дилам хоҳад дуоятро – Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯйи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,
Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гиристаӣ дар худ фурӯ монда...
Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро.
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Кутуби кӯҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.
Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хӯрд...


Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.


Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадият пайи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи ту шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷойи туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.


Бо ду чашми хирабин нури кӯҳистон, модарам,
Шӯълае аз оташи оташпарастон, модарам.
Мавҷи мӯйҳои сафедат аз сафедии дил аст,
Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бӯстон, модарам.
Рӯзу шаб хобат намеояд зи сӯзишҳои дил
Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.
Бингарӣ ҳар бор бар гаҳвораи холии ман,
Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.
Аз заминларза сутуни хонаат таркидааст,
Эй сутуни рӯзгори нобасомон, модарам.
Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам.
Сӯйи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам...


Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ,
Зери лаб гап мезадӣ, бо сад дуо гап мезадӣ.
Гиря мекардӣ ниҳон дар пушти девори алам,
Бо алам аз марги хешу ақрабо гап мезадӣ.
Камсухан будӣ, вале то пур бубинӣ бахташон
Баҳри фарзандон пайи радди бало гап мезадӣ.
Тоза мекардӣ барои хеш роҳи охират,
Рӯ ба кӯи охират бо илтиҷо гап мезадӣ.
Нимаҷону ниматан мерафтӣ сӯйи ломакон,
Бо макони охиринат бесадо гап мезадӣ.
Дар танат хушкида буд завқи тапишҳо, лек боз
Бо умеди зиндагӣ бо зиндаҳо гап мезадӣ.
Шири покат буд позаҳри ҳама носурҳо,
Боз ҳам аз дарди дарди бедаво гап мезадӣ.
Пеши худ то ҳол ҳайронам, ки бо лабҳои хушк
Худ ба худ гап мезадӣ ё бо Худо гап мезадӣ...


Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро.
Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардагон
Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.
Чун ту хам бигзаштиву умри ҷавонӣ ҳам гузашт,
Ҳамчу даврони ҷавонӣ ёд меорам туро.
Дар ҷаҳони танги кӯҳистон гузаштӣ аз ҷаҳон,
Дар сафарҳои ҷаҳонӣ ёд меорам туро.
Ҳар гаҳе дар худ фурӯ монам ва ё худ лаҳзае
Сахт гирад зиндагонӣ, ёд меорам туро.
Ёд меорам туро чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли ҷонӣ, ёд меорам туро.

Ҷонибек ҚУВНОҚ
МОДАРАМ
Хоҳам аз ҷон ҷон фишонам пеши пойи модарам,
Лек ин гавҳар бувад худ аз атои модарам.
Гавҳари ҷонро нисори халқи ҷонпарвар кунам,
То шавад ҳосил муроду муддаои модарам.
Шеърҳои шаккарин иншо намудан орзуст,
То шавад боре баробар бо дуои модарам.
Ҳайкали меҳру муҳаббат сохтан азми ман аст,
То ки монад ҷовидон дар даҳр ҷойи модарам.
Амри модарро нидои рӯзгорам бишмарам,
Як нишон дар роҳи умрам ҳар имои модарам.
Ҳар ки хоҳад қадри умрам оварад пеши назар,
Баҳри ӯ оина бошад ҳар баҳои модарам.
Номи некӯ дод модар то бимонад некном,
Баҳри ин номи накӯ ҷонам фидои модарам.

Абдуллоҳи РАҲМОН
БЕ ТУ МОДАР...
Гул бе ту бар ман хор аст, модар,
Дунё ба чашмам тор аст, модар.
Болину бистар дар хона бе ту
Чун аждаҳову ғор аст, модар.
Гар чор рӯзе манро набинӣ,
Чашми ту бар дар чор аст, модар.
Дасти дуо гар баҳрам кушоӣ,
Бо ман Худо ҳам ёр аст, модар.
Чун офтоби андар сари кӯҳ,
Кӯҳе ба дӯшат бор аст, модар.
Хоҳам, ки бинӣ чун Хизр умре,
Чун бе ту олам зор аст, модар.
Мирӣ агар ту, ганҷи ду олам
Дар дидаи ман мор аст, модар.


Ту рамзи меҳрубонӣ ҳастӣ, эй зан,
Ту пайки шодмонӣ ҳастӣ, эй зан.
Ҳаёти одамизод аз ту ширин,
Ту шаҳди зиндагонӣ ҳастӣ, эй зан.
Ба ҳар ҷое ниҳӣ по, гул бирӯяд,
Ту пайғоми амонӣ ҳастӣ, эй зан.
Нафасҳоят нафасҳои баҳор аст,
Нишони сабзҷонӣ ҳастӣ, эй зан.
Дар оғӯши ту бахти мо шукуфон,
Биҳишти инҷаҳонӣ ҳастӣ, эй зан.
Ту қудрат бахшӣ бар болу пари мард,
Атои осмонӣ ҳастӣ, эй зан.
Ба доман парварӣ бас марди майдон,
Сазои қаҳрамонӣ ҳастӣ, эй зан.
Туро мо ҷони ширин з-он бигӯем,
Ки бо мо ёри ҷонӣ ҳастӣ, эй зан.

Салим КЕНҶА
ДУОИ МОДАРАМ
Шеър хонам дар санои модарам,
Қимат аз тилло дуои модарам,
Номи некаш доимо вирди забон,
Дар сарам бошад ҳавои модарам.
То шавад роҳи ҳаёти ман сафед,
Рехт мӯйҳои сиёҳи модарам.
Умри ман бошад давоми умри ӯ,
Зинда ҳастам аз барои модарам.
Дар умеду орзуи мардумӣ,
Сабт мебошад садои модарам.
Такя мекардам ба модар доимо,
Такягоҳам шуд асои модарам.

Нормурод КАРИМЗОДА
АЁ, МОДАР!
Аё, Модар! Туро иқболи пирӣ гулфишон бошад,
Навозишҳои мардум як ҷаҳон бошад.
Гузар кардӣ кунун аз синни ҳафтод,
Сипоси давру даврон ҷовидон бошад.
Аё, Модар! Сухан гуфтан аз ин умри худододат,
Ба ёд овардан аз дунёи ободат,
Дуо гуфтан ба ҳаққи насли озодат,
Ба ҳар соҳибшараф фахр асту хуш одат.
Аё, Модар! Чӣ бахте бо ҳаётат решапайванд аст,
Ки ҳар дарсат саропо панди чун қанд аст.
Ватан аз шамъи ирфонат гулафшон аст,
Назар бар рӯзгорат, ваҳ, чӣ судманд аст.
Аё, Модар! Канорат чун баҳор аз нахли фарзандон
Чунон сарсабзу хуррам ҷумла шогирдон.
Сарафрозу саодатманд мебинам,
Туро дар халқаи ёрон дар Шаҳнон.

Акбар ПИРӮЗӢ
МОДАР
Рӯйи моҳаш чун маҳи шабгир буд,
Мӯйи мушкинаш ба сони қир буд.
Бо нигоҳе чашми чун оҳуи ӯ
Ихтиёру сабри дилро мерабуд.
Нақш баста мавҷи чин андар ҷабин,
Ку ҳамон ҳусни баҳои як ҷаҳон?
Модар аст акнун,
Магар осон бувад,
Одамеро ҳадя кардан бар замон?
МЕҲРИ КАЛОМИ МОДАР
Меҳри каломи модар дар хуну устухонам,
Мумкин кунанд хорам, хораш шудан намонам.
Ман се ҳазорсола, дорам шарор дар дил,
Бахшанда аст Авесто зӯру мадори ҷонам.
Рӯҳам агарчи куштӣ ағёри нотавонбин,
Аз як дуои модар омад зи нав равонам.
Бастанд гаҳ даҳонам то зинда мурда бошам,
Бо ёди ҳарфи модар бо тан қасида хонам.
Гар барабас бизад дод он, ки бувад ватандӯст,
Ҳамсанг ишқи ӯро бо лафзи мом монам.

Ҳусниддин ЗУЛФОНОВ
МОДАРАМ
Обрӯям, эътиборам - модарам,
Шаҳсутуни рӯзгорам - модарам.
Кавкаби бахти ҷаҳонорои ман,
Офтоби нурборам - модарам.
Ҷуз ту дилсӯзе намеёбам дигар,
Ҳолдону ғамгусорам - модарам.
Панду ҳикматҳои ту дар гӯши ман
Аввалин омӯзгорам - модарам.
Фазли инсонӣ зи ту омӯхтам,
Сарбаланду хоксорам - модарам.
Давлати ман, сарвари ман, пири ман,
Тоҷу тахти пойдорам - модарам.
Шодбахтам бо дуои хайри ту,
Маъбуди шабзиндадорам - модарам!

Фозил ШУКУРЗОД

ДУНЁИ МОДАРОН

Соҳибдиле надидаам ҳамтои модарон,
Пок асту босафо ҳама дунёи модарон.

То дилнишину рост бувад роҳи умри мо,
Бахшад фурӯғ сирату симои модарон.

Хоҳам ба умри худ амале бебаҳо намуд,
Ҳарчанд норасост дар эҳдои модарон.

Бо дарду ғуссаҳои гарон сабр мекунанд,
Як нӯшханди тифл тасаллои модарон.

Осудагии нафс таманнои иддаест,
Осудагии даҳр таманнои модарон.

Қудратталошӣ аст муаммои аҳли даҳр,
Тақдири аҳли даҳр муаммои модарон.

То сарфароз дар раҳи иқболи худ шавӣ,
Фозил, ту бош хоки раҳи пойи модарон!

Зебуннисо ШОКИРОВА

ЗАНИ ТАНҲО

Зани танҳо саропо кони дард аст,
Дарахти умри ӯро барг зард аст.
Зи оҳи синааш сӯзӣ саропо,
Зимистонвор ӯро хона сард аст.

Дилаш аз ғусса гарчанде хароб аст,
Сиришки дидааш чун ҷӯйи об аст.
Кунад худро чунон водор, гӯё
Зи бахти хеш мамнун беҳисоб аст.

Надорад гарчи худ ҷурму гуноҳе,
Гурезон ӯ зи қурби марди роҳе.
Зи чашми баддилону бадгумонон,
Ҳамеҷӯяд барои худ паноҳе.

Зи лаб каҷ кардани занҳо ҳаросад,
Зи ҳирси чашми номардон гурезад.
Занад худро миёни хонаи худ,
Зи ғайбатҳои бедардон гурезад.

Дилаш ояд ба дард аз ҷабри қисмат,
Бипӯшонад ҳама ранҷу азобаш.
Ниҳон аз кас кунад ӯ орзуҳо,
Бубинад бахтро шабҳо ба хобаш.

АСАДУЛЛОҲ (Асадулло ШУКУРОВ)

МОДАРАМ

Модарам, эй модари бахтоварам,
Модари ҷонпарвару хушбоварам.
Бо ҳама ин бахту иқболи баланд,
Пеши поят сар фуруд меоварам.

Бахт мехоҳӣ барои хоҳарам,
Шодмонӣ аз ҳаёти додарам.
Ту дуогӯ ҳастӣ доим дар барам,
Модарам, эй модарам, эй модарам!

Бо падарҷонам шумоён бахтиёр,
Дидаед чандин тирамоҳу баҳор.
Парварида чанд фарзанди бобор,
Бо ҳамон меҳру муҳаббат дар канор.

Модари меҳнаткашу заҳматкашам,
Аз каломат бори маънӣ мекашам.
Ту дуогӯ будаӣ бар бахти ман,
Меҳр додӣ бар дили пуроташам.

Модарам, эй модари бахтоварам,
Модари ҷонпарвару хушбоварам.
Бо ҳама ин бахту иқболи баланд,
Пеши поят сар фуруд меоварам.

ДУБАЙТИҲО

Салом, эй модари чашминтизорам,
Салом, эй зиннати боғу баҳорам.
Ба ҷуз меҳру дуои ту дар олам,
Дигар пушту паноҳе ман надорам.

Худоё, гавҳари ноёби ман ку?
Худоё, минбару меҳроби ман ку?
Наёбам то ба кай гумкардаҳоям,
Худоё, модари дилёби ман ку?!

Бигирям ман, ба сад мотам бигирям,
Ба қалби пур зи дарду ғам бигирям.
Чу аз модар ҷудо гаштам, бидидам,
Ки карда пушти манро хам, бигирям.

Ба ёдат, модари ҷон, чун бигирям,
Ҳама рӯзу шабон пурхун бигирям.
Васиятҳои дил ногуфта бар мо,
Бирафтӣ, то кунун маҳзун бигирям.

Зи модар рӯй метобӣ ту, фарзанд,
Набахшад ин гуноҳатро Худованд.
Ба ишрат ончунон ту пойбандӣ,
Намедонӣ ту қадри хешу пайванд.

РУБОИЁТ

Модар, ту калиди бахти фарзандонӣ,
Донои ҷаҳонӣ, бо ҳама нодонӣ.
Аз панди накӯи ту бузургӣ ёбем,
Эй модари ҷон, иморати имонӣ!

Кош, рӯзе зинда бинам дар барам,
Модари шабзиндадорам бар сарам.
Аз ҷудоӣ нола мекардам басе,
Модарам, эй модарам, эй модарам!

Дар водии хомӯшон имрӯз манам ҳайрон,
Ин модари доноям хомӯш чаро алъон?
Бахшида ҳаёти худ бар таълими фарзандон,
Хонам ба дуо имрӯз як порае аз Қуръон.

Саидаи СИНАВӢ

БИН, КИ МОДАРАМ

Як гарди хоки роҳ манам, бин, ки модарам,
Дарёи раҳми ман равад аз чашмаи сарам.

Доро куҷост, Ҳотаму Зардушти шӯрапушт,
Шояд, ки ғолиб ойиву н-ояд, ки боварам.

Донам, ба беадолатӣ сарвар ба кинаӣ,
Қасди Алӣ ту аз Валӣ бистонӣ, доварам.

Эй золимони баддилу бадхоҳи қавми хеш,
Эй ёри бедилу ҷигар, бечашму бесарам.

Гаҳвораи башар ба фалак дакка мехӯрад,
Дунё шурӯъ мешавад аз дидаи тарам.

Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ

МОДАРАМ

Ҳар саҳар бӯсида аз чашмони гул,
Бар гули уммеди худ медод об.
Ёд меовард гӯё он замон
Ваъдаи хушрӯзиҳои офтоб.

То ки дигар рӯз бинад модарам,
Кӯдакаш пирӯз бинад модарам.

Гандуми меҳнат бичида аз замин,
Бигзаронд аз осиёи қисматаш.
Ордро омехт бо оби ҷабин,
Пухт нон бо оташи хуни танаш.

Кӯдакаш то хӯрд нонаш, модарам,
Ғам нахӯрд аз қадри нонаш, модарам...

То Ватанро дӯст дорам чун Ҳабиб,
Бар сари гаҳвораам шуд посбон.
Ҳамчун алла шеъри Турсунзода хонд,
То бидонам сулҳ, шукри дӯстон.

Бар дилам бо фикри равшан модарам,
Меҳр дод аз меҳри меҳан модарам...

Хира чашмонаш ҳамоно сӯйи ман,
Аз нигоҳи шамс ҳам равшантар аст.
Ман надонам, то набинад рӯйи ман,
Кай дари чашмони меҳрангез баст?!

Ҳар нафас дар интизорӣ, модарам,
Зинда бо умедворӣ, модарам.

Ҳар қадар гуфтанд баҳри ӯ сухан,
Лек васфашро ҳамон анҷом нест.
Аз худаш кайҳо надорад ёд, лек
Баҳри бахти ман даме ором нест.

Бӯсида дасти дуои модарам,
Саҷда орам пеши пойи модарам.

Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА

МОДАРҶОНАМ, МОДАРАМ!

Модарҷонам, модарам,
Хеле дӯстат медорам.

Бароям ту ягона,
Файзи ин дару хона.

Саҳар хезӣ, модарам,
Боғча барӣ додарам,
Ҳавлӣ рӯбӣ шитобон,
Ош мепазӣ дав-давон.

Тозон равӣ ба бозор,
Бардорӣ бори бисёр.

Бовар намо, модарҷон,
Аз ҳама худат чаққон.

Аз дадоям худат зӯр,
Аз акоям худат зӯр.

Ҳамеша бошӣ ҷавон,
Пир нашав, модарҷон!

ДАВОМИ УМРИ МОДАР

Орад ҳавои намнок,
Бар димоғам бӯйи хок.

Бӯяки хоки Ватан,
Беҳ аз сад мушки Хутан.

Хоки Ватан дармонам,
Бо вай ман дарнамонам.

Ба сад тиллою дирам,
Ба садҳо боғи Ирам,
Ҳаргиз намедиҳам ман
Зарраи хоки Ватан.

Зеро дар оғӯши хок,
Дар оғӯши хоки пок,
Дарди дилаш ногуфта,
Модарҷони ман хуфта.

Модари Бедилхонам,
Чӣ розе дошт, медонам.

Давоми умри ӯям,
Мислаш ғазал мегӯям.

Дилрабо НАСИМӢ

ТУҲФА БА МОДАР

Дар зодрӯзи модарам,
Чӣ туҳфа бар ӯ харам?

Дар дастам буд андак пул,
Гулфурӯш надод як гул.

Рафтам сӯйи магазин,
Марде гуфто: «Ҳеҷ чиз ин».

Дасти холӣ баргаштам,
Лек аз раъям нагаштам.

Хостам бо ин баҳона,
Рӯфтурӯб кунам хона.

Ҳама ҷоро озода
Тоза карда Шаҳзода.

Кори муносиб ба худ
Аммо ман наёфтам зуд.

Рафтам сӯйи ошхона,
Ҳеҷ кас набуд дар хона.

Дар деги калон шӯрбо
Меҷӯшид, карда ғавғо.

Ана акнун, бачаҳо,
Ёфтам ба модар савғо.

Фикр карда дидам андак,
Ба ош зарур аст намак.

Намакдон аз намак пур,
Ба дег андохтам дилпур.

Албатта, модарҷонам,
Хушнуд шавад аз корам.

ОЗАРМЕҲР (Ҷумъаназар ЭШОНҚУЛОВ)

ДУНЁИ МЕҲР

Каъбаи ман ошёни модар аст,
Бахти рангин аз ҷаҳони модар аст.
Панди ӯ мушкилкушои роҳи мост,
Лаҳни ширин аз забони модар аст.

Аз дуояш тоҷу давлат ёфтем,
В-аз раҳаш иқболу шуҳрат ёфтем.
Хоки пояш ҷавҳари умри сафост,
Хок бар каф ганҷи сарват ёфтем.

Ҳикмати ишқу вафо омӯхт ӯ,
Оташи меҳре ба дил афрӯхт ӯ.
Моми Ҳавво асту Одампарвар аст,
Қасри фарҳангу забонро сохт ӯ.

Бо суруди «Алла» модар дар ҷаҳон
Зинда месозад забонро ҷовидон.
То ки тифлонаш ба поси шири ӯ
Ҳарф гӯянд асрҳо бо он забон.

Зинда бош, эй махзани шеъру сухан,
Зинда бош, эй булбули боғу чаман.
Ҳастии ту бахту тоҷу тахти мост,
Зинда бош, эй модари фахри Ватан!

Искандари МИРЗО

МОДАРАМ СӮЗАД БА МАН

Зиндагӣ торафт созад бемадор,
Одамӣ торафт гардад беқарор,
Гарчи ӯро фавт гирад дар канор,
Модарам сӯзад ба ман.

Ёри хуб рӯзе чунон душман шавад,
Нури хуршед ар ниҳон аз ман шавад,
Гарчи мардум эътиқод аз ман канад,
Модарам сӯзад ба ман.

Модарам огоҳи дарди ман бувад,
Бохабар аз гарму сарди ман бувад,
Заъфарон аз рӯйи зарди ман бувад,
Модарам сӯзад ба ман.

Мирзо ХОҶА

МОДАРАМ

Модарам, дар деҳамон як пири барҷомондааст,
Рӯзу шаб аз баҳри мо ӯ ашкҳо резондааст.

Дар ғами фарзандҳо ӯ мӯйи сар карда сафед,
Ҳар гаҳе дар роҳи мо ӯ чашмчору боумед.

Баҳри фарзандон чу модар кор афзун мекунад,
Ҳар яки моро калон карда, ҷигар хун мекунад.

Модарам, дар деҳамон як пири барҷомондааст,
Ғам хӯрам аз он, ки бе мо зору танҳо мондааст.

ОӢ БА ХОБАМ

Ба хобам ҳар шабе оӣ ту, модар,
Даруни қалби ман ҷоӣ ту, модар.

Ба хобам ҳар шабе гирён ту бошӣ,
Бароям бо дили бирён ту бошӣ.

Махӯр ту ҳеҷ гаҳ ғамҳои фарзанд,
Ба пешат меравам, ҳастам ҷигарбанд.

ИД МУБОРАК!

Муборак, иди озодӣ муборак,
Ҳамин айёми дилшодӣ муборак.

Ту моро зодӣ дар ин давру даврон,
Муборак, модар, ободӣ муборак!

Абдуалӣ ҒАФУРОВ

МОДАР

Ман ин дунё иваз бо хоки поят мекунам, модар,
Ҳамон ҷоне, ки бахшидӣ, фидоят мекунам, модар.

Агар ҳарфе тасодуф бар малоли хотират гуфтам,
Пушаймонам, бубахшо, илтиҷоят мекунам, модар.

Шудам чун аз дарат берун, дуо гуфтӣ, ки баргардам,
Дуо гӯӣ маро аз ҷон, дуоят мекунам, модар.

Намехоҳам, ки пирӣ хам бисозад қоматат асло,
Тамоми зиндагиямро асоят мекунам, модар.

Биарзад то намоз орам ба домони намозият,
Худои ин ҷаҳони худ баҳоят мекунам, модар.

Сиҳатмандӣ бихоҳам аз Худо баҳри ту андар дил,
Таманно умрро беинтиҳоят мекунам, модар.

Асири доми ғамҳо, ки ба ғамҳо ҷанг дорам ман,
Машав маъюс, рӯзе ман раҳоят мекунам, модар!

Розия БАДАЛОВА

ВАСФИ МОДАР

Дӯст дорам, дӯст дорам, модарам,
Бо ту ман чун навбаҳорам, модарам.

Лаҳзае, ки мекашӣ андар бағал,
Дар канорат бахтиёрам, модарам.

Ман самар бошам агар аз нахли ту,
Боғбони файзборам, модарам.

Аллаҳоят он қадар ширин бувад,
Шоири овозадорам, модарам.

Меҳри ту равшан кунад қалби маро,
Офтоби нурборам, модарам.

Аз сари пистони ту омӯхтам
Зиндагиро, ифтихорам, модарам.

Сад ҳазорон эҳтиром орам ба ту,
Дар ду олам қарздорам, модарам.

Баҳри ту лозим шавад, ман — Розия,
Ҷони худро месупорам, модарам!

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2