Санъатҳои шеърӣ ва тасвир дар ашъори А. Рӯдакӣ
Муаллиф(он): Акобиров С., Акобирова С. И.
Бадеият яке аз хусусиятхои асосии осори адабист. Ашъори бузурггарин намояндагони адабиёт аз он сабаб ба дили хонанда ҷой гирифтааст, ки дар онҳо маъниҳои олӣ ва бикр дар ниҳояти дилкашӣ ифода гардида, бо перояи бадеият ороиш ёфтааст. Дар ашъори онхо ғояхои баланд, маънихои барчаста ва мазмунхои нозуку латиф дар шакли зебое бо калима ва таркибхои суфтаву ҳамвор, бо рохи тасвироти бадеию саноеи адабӣ ифода ёфтаанд.
Халқи тоҷик дар давоми ҳазор сол як адабиёти бузург эҷод намудааст, ки дорои санъати олӣ буда, ғояҳои баланди инсонпарваронаеро ифода кардааст ва чи аз чиҳати ғоявӣ ва чи ба эътибори шакли бадеӣ хусусиятхои хосе дорад.
Боиси ифихор аст, дар сари ин сарварони сухан устод Рӯдакӣ меистад. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки забони мардуми қалмрави Балх, аз ҷумла Бухоро аз қадимулайём содаву оммафаҳм буд. Аҳли илму адаб дуруст таъкид намудаанд, ки асосгузори забони адабӣ Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ дар замони давлатдории Сомониён ба масъалаҳои мубрами забон, сабку услуб ва маданияти сухан таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Илова бар ин, бо шеърҳои «саҳли мумтанеъ» имконоти луғавӣ, сарфию наҳвӣ ва услубии забони модариашро равшан менамуд. Бо шеърҳои тозаи хеш дар қалби мардум тухми посдории забон, хештаншиносӣ, ифтихормандиро кошта, дар рушду нумӯи забони адабӣ саҳми арзанда мегузошт.
Абдунабӣ Сатторзода дар китоби “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ “менависад, ки Шинохти Рӯдакӣ ва шеъри ӯ дар замонааш бо андешаҳое аз қабили гуфтаҳои Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва дигар ҳамасрони шоир оғоз гардида, сипас дар навиштаҳои адибону адабиётшиносоне, мисли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва Шамси Қайси Розӣ идома ёфта буд. Аз он айём то ба имрӯз дар тӯли беш аз 1000 сол аҳли илму адаби Шарқу Ғарб аз Рӯдакӣ ёд оварда, шеъри ӯро пайваста мавриди нақд ва баррасӣ қарор додаанд.
Ашъори Рӯдакӣ дар сабку услуби басо содаву равон офарида шуда, ки ба ҳар як хонанда фаҳмост ва он ҳарчанд дар назари аввал хеле сода менамояд, эҷоди чунин шеър кори хеле мушкил аст. Аз ин ҷост, ки сабки ашъори ӯро «саҳли мумтанеъ» меноманд ва ин гуна сабкро «шеъри Рӯдакивор» низ гуфтаанд. Ба ё меорем мисраҳои:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.
Ё
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод
Бузургии ин ва ё он шоир, дар айни ҳол Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, дар чигунагии шеъри ӯ, тарзи суханаш, ҳунари гӯяндагияш зоҳир мегардад. Фақат дар сурати ошкор намудани сирри ҳунари шоирии Рӯдакӣ мо метавонем бигӯем, ки мо ӯро шинохтем ва донистем, ки чаро ӯро дар шеъри форсии тоҷикӣ бузург шуморидаанд ва ба кадом сабабҳое устоди аввал – бунёдгузор ё падари ин адабиёт номидаанд ва эътироф кардаанд. Дар акси ҳол, ҳамаи суханҳое, ки дар ҳаққи ӯ ва шеъраш гуфтаем ва гуфтанӣ ҳастем, умумӣ, безамина, берабт ва тасодуфӣ ба назар мерасанд”.
Истифодаи санъатҳои шеърӣ дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ хеле нозук ва барои тамом фаҳмою дастрасанд. Масалан, рубоии зер санъати саволу ҷавоб аст:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар!
Тарсанда. Зи кӣ? Зи хасм! Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На. Чӣ буд? Ақиқ. Чун буд? Чу шакар!
Саволу ҷавоб санъати бадеиест, ки шоир дар шеър бо савол ва ҷавоб ба он сухан гӯяд. Минбаъд шоирон ин санъатро васеъ истифода намудаанд.
Дар мисраъҳои поён:
Юсуфрӯе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам,
3-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!
Ва ё
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?!
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?!»
Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт!
санъати талмеҳ истифода шудааст. «Талмеҳ дар луғат нигоҳи сабук кардан ба сӯи чизест. Агар талмеҳро қалби таомеҳ қарор диҳем, ба маънои намакин кардан меояд, ки ин ҳам дуруст аст. Аммо дар адабиёти бадеӣ ишорат кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи яке аз саромадони сухан санъати талмеҳ номида мешавад…
Дар ду мисраи охир истифодаи зарбумаслу мақолҳо шеърро пуртаъсиру ҷолиб гардонидааст. Дар байти машҳури:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
санъатҳои шеърии ташхис (хандидани лола), ташбеҳ (ба сони чеҳраи Лайло), талмеҳ (Лайлию Маҷнун), таззод (хандидани лола – бо гирифтани абр), тавсиф (тасвири саҳро ва гардун), таносуби сухан хеле равшан тасвир шудаанд.
Бузургии дигари шоир ин дар мавқеи зарурӣ истифодаи сухан аст. Мисоли равшни ин ҳамон шеъри машҳури “Бӯи ҷӯи Мӯлиён..” мебошад, ки ҳарчанд аз ҷиҳати санъатҳои шеърӣ ва истифодаи онҳо хеле сода аст, аммо азбаски дар он ҳисси ватандӯстӣ дар назари аввал меистад ва дар мавқее истифода гардид, ки шоҳи давр (Амир Насри 11)-ро маҷбур сохт, то айшу нӯшро гузошта дар ёди Ватан бо як пои пӯшида ба тарафи Ватан шитобад. Дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ омадааст, ки: «Ва дар баъзе таворих чунон мазкур аст, ки Наср бинни Муҳаммад аз Бухоро ба Марви Шоҳҷон нузул фармуда буд ва муддати макси вай он ҷо мутамодӣ (дароз) шуда, аркони давлатро хотири Бухоро ва қусуру басотини он мекашид, аз Рӯдакӣ чизи бисёре тақаббул карданд то байте чанд мушаввиқ ва мурағғиби вай ба Бухоро бигӯяд ва дар маҳалле муносиб бар оҳанги уд бар он тараннум кунад ва дар саҳаре, ки подшоҳ сабӯҳӣ карда буд ин абётро бар оҳанги уд соз кард ва бихонд, қитъа:
Боди Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои ӯ
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳуну шигарфиҳои ӯ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Ай Бухоро, дер зию шод бош,
Шоҳ наздат шодмон ояд ҳаме.
Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.
Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Чунон дар нафси вай таъсир кард, ки бо шаққае хос ва кафш савор шуд ва як манзил бирафт.
Ҳамин тавр, дар шеъри Рӯдакӣ, ин шоири оғозгари шеъри форсии тоҷикӣ, ҳама чиз – лафзу маънӣ, баён, тасвир, вазну қофия, таркибу таъбир, ба як сухан тору пуди шеър – монанди оби сарчашмаҳои зодгоҳаш поку беғаш, тару тоза, ноолуда, хуш ва писандида буда, аз ҳамагуна хасу хошок ва хоку гили суханбозию сухансозӣ, сохтакорию санъатороӣ, такаллуфу танофур, заъфи таълиф, ҳашв, сакта, мураккаботи лафзию маънавӣ, ки пасон дар адабиёти форсии тоҷикӣ маъмул мегардад, дур мебошад.
САНЪАТҲОИ ШЕЪРӢ ВА ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ РӮДАКӢ
Дар мақола ба таври мухтасар мавқеи устод Рӯдакӣ дар адабиёт ва истифодаи санъатҳои шеърӣ ва тасвир дар ашъори ӯ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.




