Зеҳн

Баромади вожаву истилоҳоти этникӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва таснифоти луғавиву мавзуии онҳо

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Ёраҳматзода Ш. Р.

Таркиби луғавии забонро бидуни вожаҳои иқтибосӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар мавриди ба таркиби луғавии забони дигар гузаштани калимаву истилоҳоти забони ғайр ҳаминро зикр кардан бамаврид аст, ки онҳо на танҳо воситаи мухобираи одамонро таъмин менамоянд, балки ба қонуну қоидаҳои он забон мувофиқ кунонида мешаванд.
Яке аз роҳҳои бой гардидани таркиби луғавии тамоми забонҳои дунё иқтибосшавии калимаҳо аз забонҳои дигар маҳсуб мешавад. Н. Шарофов дар мавриди роҳҳои иқтибосшавии калимаҳо чунин ибрози андеша намудааст: «Унсурҳои аз як забон ба лексикаи забони дигар аз рўи эҳтиёҷот бо ду роҳ мегузаранд: Роҳи якум: калима, термин ва гоҳо ибораҳои як забон ба забони дигар бевосита дохил мешаванд. Роҳи дуюм: калимаҳои як забон ба забони дигар ба воситаи забони сеюм мегузаранд». Ин ҳодиса дар тамоми қабатҳои лексикаи забонҳои дунё мушоҳида мегардад.
Вожаву истилоҳоти этникии «Шоҳнома»-ро калимаву истилоҳоти забонҳои гуногун ташкил медиҳанд, ки онҳоро шартан ба номи халқу миллатҳои ориёӣ, аврупоӣ ва чиниву туркӣ ҷудо намудем. Чун Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз мавзуъҳои гуногун сухан карда, дар ин миён муносибатҳои инсониву ҷамъиятиро дар авлавият қарор додааст, метавон гуфт, иқтибосшавии калимаҳо дар ин замина зиёдтар ба назар мерасанд. Аммо дар маҷмуъ иқтибоси калимаҳо бегона дар «Шоҳнома» хеле кам аст.

  1. Истилоҳоти марбут ба номи халқу миллатҳои ориёӣ Дар асар истилоҳоти марбут ба номи халқу миллатҳои «ориёӣ» кам нестанд. Азбаски «Шоҳнома» барои шинохти ҳувияти миллии мардуми ориёӣ, хусусан эронинажодон бахшида шудааст, вожаи серистеъмолтарин вожаи эрониён маҳсуб мешавад. Бояд зикр намуд, ки доир ба истилоҳи Эрон муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» чунин ибрози андеша намудааст: «Эрон мулкест машҳур, ки мобайни Ҷайҳун ва Фурот воқеъ аст; ва он Ироқ ва Хуросон ва Табаристон ва Форс ва Ҳамадон ва Наҳованд ва Озарбойҷон ва Кирмон ва ғайра бошад; ва дар «Рисолаи Ноҷӣ» мансуб аст ба Эрон, ки онро Эраҷ ҳам мегўянд, номи писари Фаридун».
    Муаллифи «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» ин андешаро дар асараш таъкид намудааст: «Номи писари кўчактари Фаридун, ки ба дасти бародарони худ Салму Тур кушта шуд ва бино ба қавле номи Эрон аз исми ў гирифта шудааст». Дар «Шоҳнома» низ зикр гардидааст, ки Фаридун ҷаҳонро ба се писараш тақсим карда буд: Румро ба Салм, Туронро ба Тур ва Эронро ба Эраҷ дод. Ҳоло овардани чанд мисолро зарур медонем:

Ба эрониён гуфт, к-«Эй меҳтарон,
Хирадманду шерону ҷанговарон.

Аз эрониён номвар сӣ ҳазор,
Ба ҷанги ту оянд бар кўҳсор.
Дари диж кушоданд эрониён,
Ба ғорат бубастанд яксар миён.

Вожаи «ҳинд» дар «Шоҳнома» беш аз 365 маротиба истифода гардидааст. Фирдавсӣ вожаи «ҳинд»-ро барои ифодаи чунин мафҳумҳо истифода намудааст: номи миллат, халқият ва ғ.
Зи Зобул ҳам аз Кобулу ҳиндувон,
Сипаҳ ҷумла омад бари паҳлавон.
Дигар гуфт, к-«Эй меҳтари ҳиндувон,
Хирадманду донову равшанравон.

Яке моявар буд бо фарру ҳуш,
Сари ҳиндувон буд, номаш Суруш.
Номи мамлакат:
В-аз он пас фиристод касҳо ба Рум,
Ба Ҳинду ба Чину ба обод бум.

Шаҳи Барбаристону шоҳони Ҳинд,
Газиташ бидоданду шоҳони Синд.

Дар қолаби сохта ба маънои «мамлакат», «кишвар» корбаст гардидааст: Ҳинд+устон:
Раҳи Систон гиру баркаш сипоҳ,
Ба Ҳиндустон андаровар ба роҳ.

Ман он дидам аз Гев, к-аз пили маст,
Набинад ба Ҳиндустон бутпараст.

Дар «Шоҳнома» бо вожаи «ҳиндӣ» калимаву ибораҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар муайян намудани номи ашё ва ё асбобу анҷом истифода шудаанд. Чунончи:
«шамшери ҳиндӣ», «теғи ҳиндӣ», «чатри ҳиндӣ» ва ғ:

Чу шамшери ҳиндӣ ба чанг оядаш,
Зи дарёву аз кўҳ нанг оядаш.

Яке аспи тозӣ ба зарринситом,
Яке теғи ҳиндӣ ба зарринниём.

«Курд» яке аз халқҳои ориёинажод, ки асосан дар Эрон, Ироқ, Туркия, Сурия ва дар
Қафқозу Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд.

Кунун курд аз он тухма дорад нажод,
К-аз обод н-ояд ба дил бар-ш ёд.

Сипоҳе зи Истахр бемар бибурд,
Бишуд сохта-то кунад разми курд.

Вожаи «балуҷӣ» мансуб ба халқи Балуҷистон аст, ки дар ин маврид забоншинос М.Норматов чунин андеша намудааст: «Балуҷҳо асосан дар Балуҷистони Эрон ва Балуҷистони Покистон ҷой гирифтаанд. Онҳоро дар вилоятҳои Кармина, Луристон ва Систон ҳам дучор кардан мумкин аст. Дар Афғонистон низ ба назар мерасанд».
Фирдавсӣ вожаи балуҷиро 13 маротиба ба маънои «халқ» ба кор бурдааст:

Ҳам аз паҳлавӣ, порс, кўчу балуҷ,
Зи Гелони ҷангиву дашти Саруҷ.
Ҳаме рафту огоҳӣ омад ба шоҳ,
Ки гашт аз балуҷӣ ҷаҳоне табоҳ.

Бибуд эмин аз ранҷи эшон ҷаҳон,
Балуҷе намонд ошкору ниҳон.

Ҳама марзбонони зарринкамар,
Балуҷиву гилӣ ба зарринсипар.
Вожаи «алонӣ» номи халқ, қавмест, ки дар «Ғиёс-ул-луғот» шарҳ ёфтааст: Аллон номи мулке дар кишвари Рус; ва дар «Бурҳон» вилояте дар Туркистон. Дар «Шоҳнома»
як маротиба истифода гардидааст:

Сипоҳи алонӣ шуданд анҷуман,
Бузургону фарзонаву ройзан.

«Аллон» ҳамон кишвари «Олония» аст, маъруф ба «Осетия», ки воқеъ дар Қафқози шимолӣ ва қисмате дигар дар ҷанубу шимоли марзи Гурҷистон.
Вожаи «ҳайтолиён» ҳамчун ифодакунандаи «халқ», «қавм» дар «Шоҳнома» 38 маротиба истифода гардидааст. Вожаи ҳайтолиён дар ЭСТ чунин омадааст: «Ҳайтолиён хуниҳои сафед, иттиҳодияи қабилаҳоест, ки дар Осиёи Миёна, Афғонистон, шимолу ғарбии Ҳиндустон ва қисми Туркистони шарқӣ давлат ташкил карда буданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ номи онҳоро эфталит, ҳафтал, ҳайтал, абдал ва ғ. гуфтаанд. Ҳайтолиён худашонро «хион» меномиданд». Фирдавсӣ ин вожаро барои ифодаи маъниҳои зерин ба кор бурдааст:
Номи халқ:
Сипоҳе зи ҳайтолиён баргузид,
Ки гашт офтоб аз ҷаҳон нопадид.

Ман инак ба Марв омадам кинаҷўй,
Намонам зи ҳайтолиён рангу бўй.
Номи давлат, мамлакат:
Ки аз марзи Ҳайтол то марзи Чин,
Набояд, ки кас пай ниҳад бар замин.

Зи Ҳайтолу Турку Самарқанду Чоч,
Бузургони бофарру аврангу тоҷ.

  1. Истилоҳоти марбут ба номи халқу миллатҳои аврупоӣ: юнонӣ, румӣ, рус, сақлобӣ, яҳудӣ...
    «Рум» аз вожаи лотинии «Roma» гирифта шудааст. 1. Номи аз қадимулайём ба баъзе мамлакатҳои Шарқ маъмули «Рим» ва дигар «империяи Рим». Баъди парокандашавии империяи Рим номи Румро танҳо барои истифодаи Империяи шарқии Рим [Византия] истифода мекарданд. Муаррихони асрҳои миёнаи Шарқ Осиёи Хурдро ҳатто баъди истилои Салҷуқиён ва туркҳо ҳам Рум ё Румия, сокинонашро бошад Румӣ мегуфтанд. Ҷалолиддини Балхиро бо сабаби дар Кунияи Осиёи Хурд истиқомат карданаш ба Румӣ нисбат додаанд». Румӣ киноя аз ранги сафед: «румӣ» ва «зангӣ»:
  2. киноя аз ранги сафед ва сиёҳ;
  3. рўзу шаб;
  4. лақаб ва тахаллуси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ». Фирдавсӣ ҳам вожаи «Рум» ва ҳам «румӣ»-ро ба кор бурда, ба мамлакат ва халқи муқимии он ишора намудааст:
    Яке румие буд Мирин ба ном,
    Сарафроз ба ганҷу бо рою ком.

Шуданд он замон румиён зардрўй,
Ҳама пок бо ғулғулу гуфтугўй.

Бибуд кишвари Рум чун Сандарус,
Зи ҳар сў баромад дами ною кўс.

«Рус» номи мулке васеъ дар иқлими шашум ва ҳафтум. «тахминан дар асрҳои IX-X қабилаҳои славянҳои шарқӣ халқияти ягонаи қадимаи русро ташкил додаанд, ки ба он робитаҳои иқтисодӣ, умумияти этникӣ, территориявӣ, маданӣ ва забонӣ хос буд»; номи халқ ва мамлакати Русия.

Ба Рум андарун шоҳ буд Файлақус,
Яке буд бо рои ў шоҳи рус.

Нахустин, ки бинҳод ганҷи Арўс,
Зи Чину зи Бартосу аз Ҳинду Рус.

«Сақлоб»- вилоятест дар Туркистон ба мунтаҳои билоди шимолӣ қариби Рум; мардуми он ҷо сурхранг бошанд». Вожаи «сақлоб» арабӣ буда, чунин шарҳ ёфтааст:
САҚЛОБ//САҚЛАБ 1. нажоди славянҳо. 2. мамлакати славяннишин. Сақлобӣ//сақлабӣ мансуб ба Сақлоб, славянӣ. Фирдавсӣ вожаи Сақлобро дар
«Шоҳнома» 18 маротиба ба кор бурдааст:

Зи чиниву шугниву аз ҳиндувӣ,
Зи сақлобу ҳарриву аз паҳлавӣ.

Зи Турку зи Ҳинду зи Сақлобу Чин,
Сипоҳ ояд аз ҳар сўе ҳамчунин.

Истилоҳи «арман» мансуб ба халқи «арманӣ» мебошад. Арманиҳо ба забони «арманӣ»
сухан меронанд, ки он ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешаванд. Дар «Шоҳнома»
ҳамчун ифодакунандаи мафҳуми халқ, миллати «арманӣ» ба кор бурда шудааст:

Ба ҷое ки Мўсил буд арманӣ,
Ки кардӣ миёни бузургон манӣ.

Ба дасти чапаш номдор арманӣ,
Або ҷавшану теғи оҳарманӣ.

«Яҳуд» ҷамъи «яҳудӣ»; ба маънои ҷуҳудон. «Яҳудиҳо номи умумии этникии халқиятест, ки аҷдодони онро яҳудиёни қадим ташкил мекарданд. Забони қадимии онҳо забони ибронӣ (ибрит) мебошад»; Вожаи «яҳудӣ» кам, ҳамагӣ ду маротиба истифода гардидааст. Яҳудиёнро бо истилоҳи «ҷуҳуд» низ ба кор мебаранд, ки дар «Шоҳнома» зиёда аз 20 маротиба истифода гардидааст:

Май овард, чун хўрда шуд нон ҷуҳуд,
В-аз он май варо шодмонӣ фузуд.
Ҷуҳудӣ бибурданд пўён Бироҳомро,
Ҷуҳуди бадандеши бадномро.

Юнониҳо [худро Hellenes-эллинҳо гўянд], миллатест, ки аҳолии Юнонро ташкил медиҳанд. Бо забони юнонии нав гап мезананд; юнон дар «Ғиёс-ул-луғот» бо истилоҳи Явнон тафсир гардидааст: Явнон магар машҳуд ба замма [яъне Юнон]; ва он мулкест дар иқлими панҷум, дохили Рум, ки ба номи Явнон ибни Ёсиф ибни Нўҳ обод шуда [Аз «Лубоб-ул-албоб»]:
Дигар дини юнонӣ он порсо,
Ки дод оварад дар дили подшо.

  1. Истилоҳоти марбут ба номи халқу миллатҳои чиниву туркӣ:
    Вожаи «чин» дар «Шоҳнома» хеле серистеъмол буда, 812 маротиба истифода гардидааст. Фирдавсӣ онро барои ифодаи маъно ва мафҳумҳои зерин корбаст намудааст:
    Номи халқ, миллат:
    Яке марди босангу ширинсухан,
    Гузин кард аз он чиниёни куҳан.

Чу хоқони чинӣ ба айвон расид,
Фиристодаи меҳрубон баргузид.

Чунин то баромад сапедадамон,
Бузургони Чинро сар омад замон.
Номи дарё:
Зи дарёи Чин то ба Кирмон расид,
Ҳама рўи кишвар сипаҳ густарид.

Номи мамлакат ё кишвар:

Чу бо лашкарам тан ба ранҷ оварам,
Зи Туру зи Чин ному ганҷ оварам.

Ки фағфури Чин бо вай анбоз гашт,
Ҳама кишвари Чин пуровоз гашт.
Номи забон:
Забонҳо на тозиву на паҳлавӣ,
На чинӣ, на туркиву, на хусравӣ.

Инчунин, маҳсулот ё истеҳсоли мардуми «Чин»-ро бо номи «дебои чинӣ», «ҳарири чинӣ», «тарки чинӣ», «қабои чинӣ» ва ғайра истифода намудааст:

Бад-ў гуфт: Аспи сияҳ барнишин,
Биёрой танро ба дебои Чин.

Камонҳои чочиву тири хаданг,
Сипарҳои чиниву жўпини ҷанг.

Ҳамин тавр, аз баррасии мавод маълум гардид, ки Фирдавсӣ барои тасвири ҳодисаву
воқеаҳо номи халқу миллатҳо, қавму қабилаҳои зиёдеро номбар намудааст, ки ба баҳсҳои этникии замони мо метавонад таъсиргузор бошад.
Инчунин, номи миллату халқиятҳоро бо маъниҳои гуногун, ба мисли кишвару давлат, маҳсулоти истеҳсолкардаи он халқу миллат истифода намудааст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2