Зеҳн

Суханварӣ ва офаринандагӣ дар «Шоҳнома»

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 ноябри 2026 · 24 дақиқа хондан

Хокироев. Р.Г.

Дар таъриху адаби тоҷику форс кам адибонеро дарёфт кардан мумкин аст, ки дар хусуси сухан, қадру қимат ва фазилати он фикру андешаи хешро баён накарда бошанд. Махсусан, шуарои гузаштаамон дар боби сухани зебо, пурмаънӣ ва сухандонию нуктасанҷӣ фикру андешаҳои бикру омўзандае арз кардаанд. Барои шахсони фозилу донишманд сухан ва суханварӣ чизи хеле поку соф ва муқаддас ба шумор мерафт ва ба ақидаи эшон, ҳар фарди бофарҳангу фозил бояд қадру қимат ва фазилати суханро донад ва кўшиш намояд, то суханаш беолоиш ва орӣ аз унсурҳои ноҷо бошад (19, 4-7). Дар "Шоҳнома" фасли «Гуфтор андар ситоиши хирад» то ҷое барои такмили ин хитоба омадааст ва аз муҳтавои он ба назари бунёдии Фирдавсӣ роҷеъ ба маъно, мақсад ва усули сухану суханварӣ роҳ ҷустан имкон дорад.
Абёти зайл муносиби ҳадафи ин мавзуъ чунин оғоз мегардад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша бар нагзарад.
Сухун ҳарчӣ з-ин гавҳарон бигзарад,
Наёбад бад-ў раҳ ҷону хирад.
Хирад, гар сухун баргузинад ҳаме.
Ҳамонро ситояд, ки бинад ҳаме,
Сутудан надонад кас ўро чу ҳаст,
Миён бандагиро бибояд бибаст.
Хирадрову ҷонро ҳамесанҷад ў,
Дар андешаи сахта кай гунҷад ў.
Бад-ин олати рою ҷону забон,
Сутуд офаринандаро кай тавон.
Ба ҳастӣ-ш бояд, ки ҳасту шавӣ,
Зи гуфтори бекор як сў шавӣ.
Аз ин парда бартар сахун гоҳ нест,
Зи ҳастӣ мар андешаро роҳ нест (1, 12,13).

Дар мавқеи мумкин ва номумкинии сухан дар ҳаққи Худованд метавон ҳадс зад, ки дар гуфтори Фирдавсӣ ба ҳунари суханварӣ ишора шудааст. Фирдавсӣ ба ҷои бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, яъне ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон “Ба номи Худованди ҷону хирад” сухан оғоз намудааст. Ҳакими Тўс ба ҷойи васфи номи Худованд “ҷону хирад”-ро мегузорад, ки офаринанда бар онҳо ҳукми соҳибиятро дорад. Хирад чизи болотар аз мавҷуд ва ҷон асоси он мебошад. Ба андешаи навафлотуниён аҳли кулл содири аввал ва падидормандии нафс аст. (8, 417). Хирад бо сухан чизеро меситояд, ки мебинад, диданиро меситояд.
Ҷону забону раъй (андеша) ҳар се олатанд, яъне ба анҷом додани коре ишора мекунанд.
Ҷон олоти зуҳури мавҷуд, забон воситаи ба тасвир овардан ва раъй роҳи дарёфтан. Хирад бо дастгоҳи сухан чизеро меситояд, ки мебинад. Ба ин мақсад ҳамин чиз раҳнамои суханварӣ дар эҷоди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошад. Ба андешаи профессор Худоӣ Шарифзода “Сухан асбоби чизи аз роҳи хирад дарёфтаро баён кардан ва ба низом овардан аст.” (10, 37). Чунин мулоҳизаҳо моро ба натиҷагирӣ роҳнамоӣ мекунанд, ки суханварӣ имкони баён дар ҳудуди диданиҳост. Ҳаким Фирдавсӣ сухан аз диданиҳо баён мекунад, ки маънии ин диданиҳо дониш аст. Аз диданиҳо болотар ҷойгоҳи Худованд аст ва хираду ҷону раъй қодири дарёфтану ба тасвир овардани ў нестанд ва боқӣ шинохти борӣ ва бандагии мо ба ў мемонад. Аз ин рў, ҷону раъй ба воситаи сухан диданиҳоро дармеёбанд ва суханварӣ аз роҳи хирад бо ёрии раъю сухан пазируфтани диданиҳост. Пас ба эътибори ин назар Фирдавсиро дар бораи маъно ва мақсади суханварӣ чунин фаҳмидан мумкин аст: хирад ва ҷон бо сухану раъй диданиҳоро мепазиранд ва меситоянд.
Худованд хираду ҷонро месанҷад ва инҳо ба василаи сухан ва раъй қудрати дарёфти диданиҳоро доранд ва аз он боло дар имкони қудрати онҳо нест. Роҳнамои офаринандагии ҳунари Фирдавсӣ ҳамин чиз аст, ки дар саросари “Шоҳнома” ба чашм мерасад. Сухани хирадмандона, пайваста бо ҷавҳари ҷон, ки ҳамон атоифи мардумӣ ва ҳиссиёт аст, ки сухан воситаи хираду ҷон дар дарёфти диданиҳост. Бо сухани содаи заминии мо “Забон (сухан) воситаи офаридани асари адабӣ ва маҷмўан офаринандагист. Бо ин сабаб ҳунари адабии бадеиро суханварӣ ҳам мегўянд. Ниҳоят раъй (андеша), ки дар сухан диданиҳоро ба ҳам мепайвандад ва болотар аз пардаи диданиҳо сухан гоҳ надорад ва андеша ҳам аз ин ҳастӣ, ки олами ҳамон диданиҳост, бартар гоҳ (мақом) намеёбад.” (10,37).
Сухан қудрати гуфтан ё амалан худи гуфтан аст ҳамон бо хирад. Ин ҳар ду бо пайванди якдигар донишро ҳосил мекунанд ва доно аз гуфтор бармеёбад. Ба хирад ва сухан роҳи бепоён доштани донишро дидан мумкин аст. Дар ин хусус Фирдавсӣ аз мавқеи ратсионалии донишу маърифат андеша пеш меорад:

Чӣ гуфт он сухангўй марди хирад,
Ки доно зи гуфтори ў бархурад.
Касе, к-ў хирадро надорад ба пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш,
Ҳушивор девона хонад варо.
Ҳамон хеш бегона донад варо...
Чу дидор ёбӣ ба шоҳи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун.

Хирад, сухан ва дониш аз ҳам ҷудо нестанд. Хирад нахустофариниш аст, бо сухан пайваста ба ҷойгоҳи баланд, ба қавли Фирдавсӣ ба шоҳи дониш ҷойгоҳ меёбад ва инсон дар ин мақом, ки ҷойгоҳи фикрӣ ё ақлонӣ аст, имкони дарёбандагии таҳлилӣ ҳосил мекунад ва дар ин раванд дарёфти дониш дар назди ў беохир аст. Ин ҳамон ҷойгоҳи фикрӣ аст, ки аврупоиён онро интеллект ва соҳиби ин маҷмаи хираду донишро интеллектуал мегўянд, ки ба маънои ҳушманд, андешаманд ва мутафаккири забони форсӣ ва тоҷикӣ ҳаммаъно мебошад. Се мафҳуми бунёдӣ: хирад, сухан ва дониш дар офариниши “Шоҳнома” шинохти сабки он мебошанд ва маънои онҳо низ дар ҳудуди назари Фирдавсӣ бунёди сохтори сухан ё поэтикаи “Шоҳнома”-ро ба вуҷуд овардаанд. Хирад ва гуфтор бо мардум ҳамроҳ ва ҳамзамон дар офариниши халқ шуда ба вуҷуд омадаанд ва ҷон низ ниҳоди осмонӣ дорад. Нигорандаи хирад ва ҷон Худованд аст.. Дониш ба инҳо ва пароканда ба ҳар кас Сухан монанди гавҳар аст, ки нокушода андаруни санг аст. Ин гуҳар аз бандҳо раҳо ёфта, монанди муҳри дурахшанда баҳо дорад. Ин муҳри дурахшанда алмоси бурранда аст ва сухан дорои ҳамин сифат дар хидмати хирад аст. Ба ин маънӣ, ҷилои сухан дар ҳастии ўст ва дар ҳамин маънӣ Фирдавсӣ бар фалсафӣ эрод мегирад, ки сухани ў ба ҳастӣ тавҳид надорад ва чунин суханро гуфтану ногуфтан якест. Сухани фалсафӣ андешаи муҷаррад аст ва ба назари Фирдавсӣ бар диданиҳо бунёд наёфтааст:

Сухан ҳарчӣ бо ҳастӣ тавҳид нест,
Ба ногуфтану гуфтани ў якест.
Туро ҳарчӣ бар чашм бар нагзарад,
Нагунҷад ҳаме дар дилат бо хирад. Инсон аз роҳи хираду ҷон, ки аввалин гўянда, бо ёрии забон диданиҳоро баррасӣ мекунад ва ҳамин чиз бунёди офариниши “Шоҳнома” ва офаринандагии башарӣ, дар маҷмўъ мебошад.
Донишу сухан ба ҳам пайвастаанд ва дар гуфтор берун меоянд. Ин назар ишора ба идроки ақлӣ мекунад, ки мавқеи фикрии Фирдавсӣ дар иншои “Шоҳнома” будааст.
Хирад нахустофариниш, нигаҳбони ҷон ва се поси дигар-чашму гўшу забон аст, ки неку бад аз ин се аст. Ҷавҳари ақлонӣ, гармии равонӣ аз диданию шуниданӣ ва забон дорад.
Агар ин маънӣ дуруст дарёфта шуда бошад аз роҳи хирад бо пайванди отифӣ диданию шуниданӣ ба василаи забон воқеият мегирад ва офаринандагии шоири ҳамосагў дар ҳамин аст. Кори Худованд аз ночиз чиз офаридан аст, ки ба ҳукми он чӣ гуфта шуд, инсон ба даст надорад. Офаридгор тавонову донову доранда ва “хирадрову ҷонро нигоранда” аст.
Дар ҳамин аст тафовут миёни бинанда ва офаринанда, яъне офаридгор ва мардум.
Дар “Шоҳнома” Фирдавсӣ аз пайванди хирад бо сухан зиёд андеша рондааст. Аз ҷумла, бораи баробарии хирад бо сухан чунин мефармояд:

Сухан чун баробар шавад бо хирад,
Равони сароянда ромиш барад.
Касеро, ки андеша нохуш бувад,
Бад-он нохушӣ ройи ў кам бувад.
Ҳаме хештанро чалепо кунад
Ба пеши хирадманд расво кунад.

Ҷавҳари сухани хуш ҳамин хирад ва андеша мебошад, ки асоси табиати мардумиро ба вуҷуд меоранд:
Сухан лангару бодбонаш хирад,
Ба дарё хирадманд чун бигзарад.
Ҳамон бодбонро кунад соядор,
Ки ҳам соядор асту ҳам моядор.
Касе, к-ў надорад ҳунар бо хирад,
Сазад гар дари подшо наспарад.

Намунаи шоистаи сухани хирадмандона дар “Шоҳнома” аст, ки бунёди хирадмандӣ, вусъати андеша ва ҳиссиёту завқу эҳтиросоти одамӣ ҳусни онро нотакрор намудаанд.
Сухан дар офариниш ҳамроҳи хирад бо мардум ба дунё омад. Ҳамчуноне ки зикр намудем, нахусофариниши хирад буд. Сухан воситаи диданӣ ва диданиҳост ва ҳангоме онҳо пазируфта мегарданд, ин нишонаи падид омадани дониш аст. Аз суханони Фирдавсӣ ба натиҷае мерасем, ки “Шоҳнома” дониши дарёфта ва пешниҳодшудаи офаринанда ва ганҷи бебаҳои дониш аст, яъне ҳама гуфтаниҳо гуфта шудаву бари боғи донишро рўфтаанд:

Сухун, ҳар чӣ гўям, ҳама гуфтаанд,
Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.

Фирдавсӣ ба мавзуи ёдгор мондани сухан дар мавридҳои зиёд муроҷиат кардааст. Баъди кори анҷоми Заҳҳок шоир рўй ба панду андарз оварда, мегўяд, ки неку бад дар ҷаҳон пойдор нахоҳад монд. Ганҷу динору кохи баланд суде надорад, ягона чизи боқӣ сухани борвари дониш аст:
Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,
Суханро чунин хормоя мадор.

Ҳамин гуна назари ба ёдгор мондани сухан дар оғози “Достони ҷанги бузурги Кайхусрав” дар анҷоми мадҳи Маҳмуд низ омадааст. Шоир дар оғози “Шоҳнома” мақсади худофаридан ва ба гетӣ ёдгор монданро ҳадафи асосӣ қарор додааст.
Фирдавсӣ аз сомон додани амали бузурге хабар медиҳад, чунон ки Барзўй дар паҳлавӣ ва Ибни Муқаффаъ дар арабӣ анҷом додаанд, яъне ў барои Маҳмуд номаи бостон меоварад. Ҳамон номае, ки дар муқобили боду борон, бо гузашти рўзгорон, аз биноҳои бошукўҳ, ки аз гармою сармо хароб мегарданд, басе устувортар ва побарҷотар аст:

Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бар ин нома бар умрҳо бигзарад,
Ҳамехонадаш ҳар кӣ дорад хирад.

Фирдавсӣ бар азамати донишу қудрати суханварии худ эътимоди қавӣ дорад. Ба назари ў баъди номбардори офаринанда будани нома ё китоб дуввумин сухан аст. Сухан ё калом, забон дар шакли истифода аз ҷониби шахс ва ҳамзамон истифодаи манбаи ом ба сурати инфиродӣ мавҷудият меёбад. Сухани шахс, гуфтори ў ифодаи шахсияти маънавӣ, фарҳангӣ, тавоноии идроку фаҳму дониши ўст. Сухани шоир ё нависанда бозгўии ҳунар, маърифату дониш ва маҷмўан шахсияти вай аст. Бо ин сабаб донишмандони Аврупо сабк ё услуби нависандаро мутавозӣ ба шахсияти ў медонанд ва мегўянд, сабк (услуб) ифодаи шахсияти нависанда аст. Таркиботи исмӣ дар забон хеле зиёданд ва нишонаи ягон сифати суханварии гўянда мебошанд, чунин намунаҳо: суханоро, суханчин, суханрон, сухансанҷ, суханшинос, суханфаҳм ва монанди инҳо. Ҳар яки ин таркибҳо шакли сифатӣ ҳам доранд: суханчинӣ, суханфаҳмӣ, сухандонӣ, суханронӣ, суханшиносӣ (7).
Шоирон ба хотири ҳамин алоқаи сухан бо шахсияти адибон дар ситоиши он бисёр ҳарф зада, арҷгузорӣ намудаанд, ки Фирдавсӣ аз радифи ситояндагони сухан берун нест.
Шоир Амираки Мансурро чун соҳиби “сухан гуфтани хубу овои нарм” (1,14) муаррифӣ мекунад. Дар тасвири замони подшоҳии Заҳҳок Фирдавсӣ аз баду неки ҷаҳон андеша ронда, нопойдор будани онҳо ва некӣ ба ёдгор монданро авлотар медонад. Некӣ дар асари адабӣ ва мавқеи маърифати зебоишиносист. Ба ҷуз некии барандаи номи нек бо шустани бадӣ аз ҷаҳон монд, сухан ёдгор мемонад. Ба ин маънӣ “Суханро набояд хормоя бидорӣ” (1,85).
Сухани ногуфта ва гуфта ба ду навъ вуҷуд дорад. Якум гавҳари ниҳон ба санг ва дуюм гавҳари дурахшанда:

Набинӣ, ки мўбад ба Хусрав чӣ гуфт,
Бад-он гаҳ, ки бигшод роз аз нуҳуфт.
Сухан гуфт, ногуфта чун гавҳар аст,
Куҷо ногушода ба санг андар аст.
Чу аз банду пайванд ёбад раҳо,
Дурахшанда муҳре бувад бо баҳо.

Сухани ногуфта ҳамон андеша аст, зеро инсон ба воситаи калима, таркиб ва ҷумлаҳо андеша меронад. Навишта ҳамон гуфтаи нигошта ва муҳри дурахшанда аст. Аз ин ҷо назари Фирдавсӣ аз оғози суханварӣ дарак медиҳад ва ў доди сухан дода ва орзуи аз ин ваҷҳ аз ў ба некӣ ёд карданро мехоҳад (2,380). Доди сухан дар сухан додан ҳамон камоли суханварист.
Қудрати сухан ва суханварӣ дар навиштани: “номвар ва номаи бостон” ҳамоно халлоқияти гўянда бояд шинохта шавад.
Шоир аз гуфтор ба ҷилои сухан ва аз он ба мақоми ҳунарманди комил мерасад. “Сухангўйи бедормағз” достон меофарад. Андешаи офаринанда ба воситаи сухан ба достон меорояд, яъне бо зебу ороиши ҳунар достон меофаринад. Кайфияти ҳақиқии суханвар тавозуни сухану хирад аст. Ба таъбири дигар, андешаи санҷида бо хирад ба касе кайфияти равонӣ ва завқӣ мебахшад:

Кунун эй сухангўйи бедормағз,
Яке достоне биорой нағз.
Сухун чун баробар шавад бо хирад,
Равони сароянда ромиш барад..

Фирдавсӣ дар анҷоми рўзгори Искандар чунин мефармояд:

Чунин аст расми саройи каҳун,
Сикандар шуду монд эдар сухун...
Биҷўст он ки ҳаргиз наҷустаст кас,
Сахун монд аз ў андар офоқу бас.
Сахун беҳ ки вайрон нагардад сахун,
Чу аз барфу борон сарои каҳун.

Дар зиндагияш Искандар сию шаш подшоҳро бикушт, даҳ шаҳристон сохт, чизе ки ҳаргиз кас наҷуста буд, биҷуст. Аз ин кирдор чизе ба нишон намонд, аммо дар офоқ сухан монду бас. Ба василаи сухан овозаи Искандар дар ҷаҳон қиссаи ўст, ки бо сухан дар ҷаҳон монд. Дар чунин маврид достони қисса шудани Искандар сухан аст ва маънии сухан бо достони подшоҳии Искандар баробар аст. Ҳамин сухан, пазируфта аз дигарон ва пардохтаи гўянда дар ҷаҳон ёдгор мемонад: Ба ин маънӣ Фирдавсӣ мегўяд: “номаи ман барои Маҳмуд то ҷовидон ёдгор мемонад”. Ин ҷо “нома” ба маънои достону китоб аст:

Нигаҳ кун, ки ин нома то ҷовидон,
Дирафше бувад дар сари бихрадон...
Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,
Сухан беҳтар аз гаҳвари шоҳвор.

Ба ёдгор мондани сухан дар мавридҳои дигар низ ба такрор омадааст (6,341). Фирдавсӣ ду чизро, ҳамчунон ки қаблан ном мебарад ҷовид мемонад: номи неку сухани нағз. Номи нек ҳосили кирдори мардумӣ ва сухани нағз аз суханварист, ки ин ду чиз табаҳ намегарданд:

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,
Дигар ҳарчӣ бошад, намонад ба кас.
Сахун гуфтани нағзу кирдори нек,
Нагардад куҳан то ҷаҳон аст виск.
Зи хуршеду аз боду аз обу хок,
Нагардад табаҳ ному кирдори пок!...
Зи ман ёдгор аст чанде сухун,
Гумонам, ки ҳаргиз нагардад каҳун!.
Матлаби ниҳоии шоир аз чанде сахун” ҳамин достону ҳамосаҳои “Шоҳнома” аст.
Дар фасли овардани “Калила ва Димна” сухан чун гиёҳ ва дониш чун кўҳ хонда шуда
буд. Шахси бедониш мурда ва ин ин гиёҳ-сухан зиндакунандаанд. Ба таъбири дигар, кайфияти сухани парварида бо дониш равонбахш меояд, равони гўянда аз он ромиш мебарад.
Сарояндаи ҳамосаи бузург аз ҷараёни халлоқият кайфият мебарад.
Барои марди суханвару донишпардоз чизе болотар аз кайфияти равонбахши ҷараёни офаридан нест.
Ба андеша ва тасаввур овардан мумкин аст, ки чӣ кайфияте Фирдавсӣ аз саҳнаҳои шоду ғамангези вазъи қаҳрамонон, муносибати миёни онҳо ва сухани дар забони гуфторашон ниҳодааш ҳосил мекард. Он баҳраи ҳиссиёти неку бад, шодию ғам, ҳузну фараҳмандӣ ва дигар ҳолатҳои фарогири қалбу равон, ки хонандаи соҳибзавқи “Шоҳнома”ҳосил мекунад, бегумон аз мағзи дилу ҷони сароянда гузаштаанд.
Бо вуҷуди ин, шоир тамкину солории бардошти ҳамаи онҳоро дорад. Аз ҳамин ҷиҳат, Фирдавсӣ як марди бурдбор бо тамоми сўзу ҳиссиёту равонии башарист, ки дар ҳоли бетамаӣ сухан аз хотироти мардуми худ барои ояндагон ба ёдгор мегўяд.
Дар оғози достони “Хусрав ва Ширин” изҳор медорад, ки нав кардани “куҳун гаштани номаи бостон”-ро аз гуфтор ва кирдори он ростон аст. Аз чунин андешаи Фирдавсӣ боз ҳам бармеояд, ки асоси нав кардани достони кўҳан ба тозагии кирдор ва гуфтор расидан аст. Асоси офаринандагии ҳунарӣ (бадеӣ) бо сухани тоза нақши қаҳрамонҳоро бо кирдорҳояшон офаридан аст. Ин нав кардан зарур ба ҷиҳати ёдгор будан аз он гузаштагон мебояд. Ҳадафи Фирдавсӣ ба ҳангоми навиштани “Шоҳнома” ҳамин аст, яъне эҳё намудани кирдори номдорони гузашта бо сухани худ барои ёдгор мондан ба ояндагон. Ҳамаи андешаҳои Фирдавсӣ дар мавриди мақсади гуфтани номаи бостон дар фасли «Гуфтор андар Айвони Мадоин» бо сўзи дили гўянда чунин натиҷа шудаанд:

Ҷаҳон бар кеҳону меҳон бигзарад,
Хирадманд мардум чаро ғам хўрад.
Басе меҳтару кеҳтар аз ман гузашт,
Нахоҳам ман аз хоб бедор гашт.
Ҳар гоҳ гаҳ ки шуд сол бар шастушаш,
На некў бувад мардуми пиркаш.
Чун ин номвар нома ояд, ба бун,
Зи ман рўи кишвар шавад пурсухун.
Аз он пас намирам, ки ман зиндаам,
Ки тухми сухан ман парокандаам.
Ҳар он кас ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин..

Пас аз ҳазор сол ҳамаи таманнои гўянда ба ҷой омада, рўи ҷаҳон аз ў пурсухан аст, ному кораш ҳамчунон зинда бо тухми сухани парокандааш миёни аҳли фазлу адаб мондааст.
Ситоиши сухан дар “Шоҳнома” мавқеи намоён ва муассир дорад, ки Абулқосим Фирдавсӣ дар оғози достони “Сиёвуш” бо таваҷҷуҳи беандоза онро ба зевари табъ кашидааст:

Ту чандон, ки бошӣ, сухангўй бош...
Хирадманд бошу накўхўй бош...
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гўӣ, ҳамон бишнавӣ.

Ба ин монанд ситоиши сухан дар оғози маснавиҳо, дар шеъру абёти шуаро зиёд ба назар
мерасад. Ба андешаи профессор Худоӣ Шарифзода “ҳамаи ин ситоишҳои фаровони суханро Худо накунад ҳарзагўиҳо ё худнамоиҳои шоирон, ки аз камэътиборӣ ба шахсияти худ ва
дигар гирифториҳои равонӣ ба вуҷуд меомада бошад, набояд донист”. Дар иқтибоси зикр Фирдавсӣ ба шахсияти худ бо таъбири “сухангўи бедормағз” хитобан муроҷиат мекунад ва ин чунин маъно дорад, ки ў худро “сухангўй” мешиносад, яъне худшиносии эҷодии Фирдавсӣ дар ҳунари волои суханварии ўст.
Ҳамчуноне Низомии Арўзии Самарқандӣ дар асараш “Чаҳор мақола” зикр менамояд: “бисту панҷ сол дар он китоб машғул шуд, ки он китоб тамом кард. Ва алҳақ, ҳеҷ боқӣ нагузошту суханро ба осмони иллийин бурд ва дар узубат (ширинӣ) ба маъин расонид. Ва кадом табъро қудрати он бошад, ки суханро бад-ин расонад, ки ў расонидааст...
Ман дар Аҷам сухане бад-ин фасоҳат намебинаму дар бисёрии аз сухани араб ҳам”.
Аз ин рў, сухан ҳамчун василаи асосии баёни эҳсосу андеша, матлабу афкор ва муҳимтар аз ҳама таъриху ойин, одобу суннатҳо ва ба таври куллӣ Эрони бостон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҷойгоҳи хоссае дорад.
Сухан ва суханварӣ аз нигоҳи Фирдавсӣ дар ҳаёт ва ҷомеаи инсонӣ мақому манзалати воло дошта, арзишҳои баландеро касб намудааст. Суханварӣ ҳунаре аст, ки аз рўзгорони басо дароз мавриди таваҷҷуҳи арбобони фазлу камол ва тамоми миллатҳо аҳаммияти вижаро соҳиб шуда, ба ҳукми «сухан монад андар ҷаҳон ёдгор» ҷой ва пояи маҳкам дар адабиёти милал доштааст.
Дар адабиёти форсу тоҷик низ суханварӣ манзалати олӣ дошта, удабои мо доди суханро додаанд. Аҳаммияти масъала бештар аз он ҷиҳат аст, ки бархе аз суханварони фозил ва мавқеиятшинос тавонистаанд то ҳади муҷибот дигаргунии ҷомеаро фароҳам оранд ва инқилобҳои асосӣ ва бунёдиро пайафкананд. Суханварону забоншиносон чун шамшери бурранда дунёеро мусаххари худ сохта, шуҳраи хосу ом гаштаанд:

Чу густурда хоҳӣ ба ҳар ҷой ном,
Забон баркашӣ ҳамчу теғ аз ниём.

«Номаи бостон»-и Фирдавсӣ аз ҷумлаи китобҳои адабии нодирест, ки дар тамоми маврид, ахлоқи нек ва хўи писандидаи аҳли башар мавриди таваҷҷуҳи сарояндаи он будааст. «Шоҳнома» китобест, ки дар он ақлу хирад ва донишу илм бар ҳама чиз тарҷеҳ дода шудааст. Ва ин ҳамосаи беназир дар адаби форсӣ шинохта шуда, зиндакунандаи таърихи Эрони кўҳан аст, ки аз назари дин ва ахлоқу ҳикмат низ дархўри аҳамияти беандоза мебошад.
Суханронӣ он гоҳ писанди ҷомеа қарор мегирад, ки дигаргуниву таҳаввул эҷод кунад.
Суханрони хуб шароитеро дорост, ки удабо ва суханварони мо ба онҳо таваҷҷуҳ намуда, дар навиштаҳову сурудаҳои худ баён доштаанд. Ба ин маънӣ, дар шоҳасари безавол Фирдавсӣ ҳакимона ишора кардааст:
Сухан бишнаву беҳтарин ёд гир,
Нигар, то кадом оядат дилпазир.

Барои суханвар лозим аст, ки матлаберо перомуни суханронии худ бо таваҷҷуҳ ба он чи дар китобҳо хонда ё аз дигарон шунидааст, гирд биоварад ва матни суханронии худро таҳия намояд ва чизҳое, ки шунавандагонро писанд набошад, парҳез намояд, то мақому арзишмандии сухан пойбарҷо бимонад:

Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангўӣ дар мардумӣ хор гашт.
Ё:
Магў он сухан к-он дар ў суд нест,
К-аз он оташ аст, баҳра ҷуз дуд нест.
Суханвари хуб бо таваҷҷуҳ он чӣ дар кутуби муътабар баён шудаву мавриди эътимоди ҳамагон аст, сухан мегўяд. «Сухан бигўед, то шинохта шавед зеро, ки сухани мард дар зери забонаш пинҳон аст». Марди сухангўй дар назар дошта бошад ва бидонад, ки хирадмандон ва донишмандон то нагўянд қадрашон ҳувайдо нагардад ва ҷоҳилу нодон сухан нагуфтанаш шоиста аст. Зеро забони баста роздори зиштиҳо ва зебоиҳост ва айбу ҳунари фард ҳангоми баёни сухан ошкор мешавад.

Забонро нигаҳдор бояд будан,
Набояд равонро ба заҳр ожадан.

Гўяндаи хуб таваҷҷуҳ мекунад бар он чӣ мегўяд ва аз натиҷаи баёнаш огоҳии комил дорад, аз пургуйӣ мепарҳезад ва медонад, ки:

Ки бар анҷуман марди бисёргўй,
Бикоҳад ба гуфтори худ обрўй.

Суханварон мавқеияти шунавандагон ва замону маконро ҳангоми баён дар назар мегиранд ва бар тибқи масали машҳур «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад» амал мекунанд. Баррасии муҳити атроф мавқеияти гўяндаро нопойдор месозад ва ҳарчанд сухан фасеҳ ва балеғ бошад, наметавонад сомиёнро маҳҷуб намояд ва хастагӣ ба бор меоварад, ки ин нуктаро Ҳаким Фирдавсӣ чунин тасвир намудааст:

Чу гўяндае, к-ў на бар ҷойгоҳ,
Сухан гуфту з-ў дур шуд фарру ҷоҳ

Гўяндаи нуктасанҷ бо ҳар кас мутобиқи андеша ва фикраш сухан мегўяд ва он гуна, ки ба авом ба сухан менишинад, бо арбобони фазлу дониш намегўяд ва баръакс:

Сухангўйи рўшандилу дод деҳ,
Кеҳонро ба кеҳ дораду меҳ бо меҳ

Оре, суханро бояд ба андоза ва дар вақти зарур гуфт ва аз бемавқеъ сухан гуфтан ва беҳисоб гуфтан худдорӣ намуд. Ҳамчунин нашояд суханро ба дароз кашид, ки хотири шунавандагонро малул месозад ва бояд чандон сарояд, ки ба кор ояд:

Аз андоза бар нагзаронӣ сухан,
Ки ту нав ба кориву гетӣ куҳан.
Ё:
Забону хирад бо дилат рост кун,
Ҳамон рон аз он сон, ки хоҳӣ сухун.

Агар ин ҳамоҳангӣ вуҷуд надошт, таъсири сухани муассир дар шунавандагон нахоҳад буд. Зеро:
Забоне, ки андар сараш мағз нест,
Агар дурр борад, ҳамон нағз нест.

Сухан гувоҳи ҳоли гўянда аст ва гўяндагоне, ки гўш ба гуфтаҳояшон надошта бошанд
ва ё аз рўи ҳавою ҳавас сухан гўянд ва манзурашон касби худнамоӣ дар байни мардум бошад, наметавонад баёнашон муассир дар дигарон воқеъ шавад. Мегўянд, сухане, ки аз дил барояд, бар дил нишинад ва он чи аз рўи ҳавою ҳавас гуфта шавад, бар боди ҳаво супурда
гардад ва на танҳо асари мусбат дар шунавандагон надорад, балки гўяндае ҳам ки ба суханони хештан бовар надорад, оромии равониро аз каф медиҳад:
Сухан чун барбар шавад бо хирад,
Равони сароянда ромиш барад.
Ва:
Бузург он касе, к-у ба гуфтори рост,
Забонро биёросту кажӣ нахост.
Вагарна:
Агар ҷуфт гардад забон бар дурўғ,
Нагирад зи бахти сипеҳри фурўғ.
Сухан гуфтани каж зи бечорагист,
Ба бечорагон бар бибояд гирист.

Мавзуи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи суханварон шудаву ононро дар кори худ муваффақ гардонидааст, тамрин ва такрор дар суханронӣ мебошад:

В-гар чанд бахшӣ зи ганҷи сухан,
Барафшон, ки дониш наояд ба бан.
Ё:
Ки пайваста гўяд саросар сухан,
Агар нав бувад достон, гар куҳан.

Ҳангоми баён бояд бо таҳаммул сухан гуфт, ҳамон гуна, ки «Суханро то нагуфтаӣ, дар қайду банд ва амонати ту аст, вақте ки баён шавад ва ба забон ояд, ту дар қайду банди он хоҳӣ буд. Пас, забонро дар хазинаи даҳон нигоҳ дор, ҳамон гуна ки аз тилло дар хазина нигаҳдорӣ мешавад. Чи басо як сухани ноҷо муҷиби аз даст рафтани неъмате гардад ва азобу гирифторӣ ва дарди сар пеш оварад.» Ва ё: «Сухан то напурсанд, лаб баста дор, гуҳар нашканӣ, теша оҳиста дор». Он чиро ки ба забон ояд, бояд ниёзи шунавандагонро донист, ки калима ё ҷумлае мумкин аст кишвареро ба хоку хун кашад, ва бараъкс, ҷумлае ё калимае мумкин аст асомии ҳамагонро фароҳам оварад. Аз ин ҷост, ки агар сухани суханвар натиҷабахш бошад, алоқаи шадиди шунавандагонро бармеангезад, то он ҷо ки чун соҳири забардаст шунавандагонро ба худ ҷазб медорад ва зери лаб чунин замзама мекунанд:

Сухангўй чун баркушояд сухун,
Бимон ,то бигўяд, ту тундӣ макун.
Ё:
Агар дониши мард ронад сухан,
Ту бишнав, ки дониш нагардад куҳан.

Сухан шунидан бехи давлат аст ва сармояи шавкат ва азамат: зеро « Онон ки гуфтор ва суханро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд». Ва суханвар низ беҳтаринро интихоб мекунад ва ба гўши шунавандагон мерасонад ва аз гуфтаҳои нописанд дурӣ меҷуяд.
Нуктаи дигар, ки мавқеияти суханваронро тамзин мекунад, эътимод ба нафс аст, вагарна матолиби мавриди назар ба фаромўшӣ супурда мешавад. Барои ҷуръат ба нафс такягоҳе лозим аст, ба он неру паноҳ мебарад ва ёрӣ меҷуяд:

Ба ҷое, ки танг андарояд сухун,
Паноҳат ба ҷуз пок Яздон макун.
Бо ёрӣ хостан аз неруи Офаридгор сухангўйи бо рою дониш ва ҳақиқатҷўй фарогирифтаҳоро таҷзия ва таҳлил менамояд ва сипас, забон ба сухани нағз мекушояд ва чун доност ва такягоҳи ў Аллоҳ, забонаш ба гуфтан тавоно хоҳад буд.

Ба дигар сухун, ҳар кӣ доно бувад,
Забонаш ба гуфтан тавоно бувад.

Чун медонад шарофат ва қимати одамӣ ба сухани хуби ўст ва афроди ҳушманд сардӣ ва гармии рўзгор чашидаанд, ки матлабро дар зеҳни худ пазонда, сонӣ ба забон меоваранд:
Сухан чун як андар дигар бофтӣ,
Аз ў бегумон коми дил ёфтӣ.
Он чиро намедонӣ магў, балки ҳар чиро ҳам ки медонӣ, магў. Чи зебост ин сухан ва чи дастури арҷаманде аст суханваронро, ки аз баёни суханони судманд ва нукоти ҷолиб ва шуниданӣ, ки дигаронро хуш ояд ва барои ин кор лозим аст аз манобеи мусиқӣ кор бигиранд ва масоили муҳимро аз бузургони илм ва дониш нақл намоянд ва чунин кас ҳамеша фаро мегирад ва аз омўхтан изҳори хастагӣ намекунад:

Нагардад дилаш сер з-омўхтан,
Аз андешагон мағзро сўхтан (8, 136).

Басо шахси хирадманд ба гуфтор коре анҷом диҳад, ки ба шамшер анҷом нагирад. Гўяндагони хуб ва забардаст ҳамеша шунавандаи хубе ҳастанд ва гуфтаҳоро хуб ё бад гўш мекунанд ва беҳтаринро бар мегузинанд ва дар гуфта ва амал ба кор мегиранд.“Чи басо гуфторе, ки асараш дар дилҳо беш аз ҳамла намудан аст”.

Зи бекоргўён ту доно шавӣ,
Нагўйӣ аз он сон, к-аз ў бишнавӣ.
Ё ки:
Ҳамон, к-ў сухан сар ба сар нашнавад,
Надонад ба гуфтору ҳам награвад.

Санъати сухани беҳамто, ҷавҳар ва бунёди беолоишу пок ва такрорнопазир чи дар адабиёти гузашта ва чи дар адабиёти муосир имкон медиҳад, ки бидуни кадом қайду шарт офаридгори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ифтихор ва шарафи тамаддуни ҷаҳониён аст. «Шоҳнома»
неруи идроки мардуми тамоми иқлими дунёро барои дарёфти адолат, ростӣ, дўстӣ, инсоф ва худшиносӣ алайҳи ҷаҳолат, бедодиву дурўғ, номардиву беинсофӣ душманиву ҷанг бедор мекунад,қувват мебахшад, роҳи омўзишу донишу хирадро мунаввар месозад (4).
Фирдавсӣ дар абёти оид ба сухану суханварӣ шартҳои беҳдошти суханвариро зикр намуда, аз судмандиву хушсадоӣ, бамавқеиву ҳадафмандӣ, шириниву малоҳат, нармиву латофат ва амсоли ин судманд гуфтааст. Ў сухани неку ростро арҷу ситоиш намуда, ҳама гуна суханҳои ноҷо ва бемавқеъро мавриди мазаммат қарор медиҳад ва махсусан, сухани нораворо барои шоҳону ҳокимон зиёновар мешуморад.
Аз ин ҷост, ки Абулқосим Фирдавсӣ сухани бемаъниву беҳуда, пурлофу газоф, насанҷидаву наандешидаро сахт накўҳиш карда, онро боиси пушаймонӣ медонад. Сухани носазоро шоир сабабгори ранҷи ҳам шунаванда ва ҳам худи гўянда медонад. Инсон бояд аз сухани нохушоянд ҳамеша худдорӣ намояд. Фирдавсӣ мисли шоирони шуҳратёри асрҳои 9-10 адаби тоҷику форс аз зумраи Рўдакиву Шаҳид ва Абушакури Балхӣ ба ёдгор мондани сухан дар ҳаёти одамӣ эътиқоди комил дорад.
Ба мақому манзалати сухан ва нақши он дар ҳаёти инсон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудани Фирдавсӣ гувоҳи он аст, ки маҳз тавассути сухан метавон мардумро на танҳо ба тамаддуни ғаниву бостонии ниёгон ошно сохт, балки бо беҳтарин андешаву паёмҳои башардўстӣ шинос намуд ва онҳоро дар рўҳияи ахлоқи хубу ҳамидаи инсонӣ тарбият кард.
Аз ин ҷост, ки мавқеи сухан ва суханварӣ дар “Шоҳнома” яке аз омилҳои асосиву муҳимтарини ташаккули инсон маҳсуб мешавад ва намирандагии шоир ва асари оламшумулаш “Шоҳнома” аз забони шоир садо медиҳад, ки:
Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир,
Суханҳои покизаву дилпазир.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2