Таърихи дӯстӣ ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷик ва узбек
Ғиёсиев М. И., Хокироев Р. Г.
Ҳамкорӣ, дўстӣ ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику узбек таърихи кўҳан дорад. Ин ду халқи дўст асрҳоест, ки дар як ҳудуди давлатӣ ва гоҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ намуда, сардиву гармиҳои ҳаётро бо ҳам дидаанд. Тақдири таърихии онҳо чунон ба ҳам наздик ва омехта аст, ки баъзан бо кадоме аз ин халқҳо бевосита тааллуқ доштани ин ё он воқеаи муҳими таърихӣ, шўришҳои халқӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳонаро муайян намудан душвор мегардад. Ин халқҳои ҳамтақдир пайваста ба муқобили сиёсати шоҳону амирон, хонҳою бекзодаҳо ва рўҳониёни мутаассиб, ки миёни онҳо нифоқҳу ҷудоӣ ва кинаву хусуматандохта бо ин роҳ онҳоро истисмор менамуданд, мубориза бурда, сарзамини азизашонро аз душманони аҷнабӣ якҷоя мудофиа мекарданд.
Дар маҷмўи матни хатҳои суғдӣ ҳуҷҷатҳое ба назар мерасанд, ки дар хусуси ба муқобили истилогарони араб паҳлу ба паҳлу истода мубориза бурдани халқҳои Осиёи Миёна маълумоти пурқимате медиҳанд. Чунончи, дар ҳуҷҷати А-14 маҷмўаи матнҳои кўҳи Муғ, ки дар он архиви ҳукмрони Панҷакент Деваштич гирд оварда шудааст, дар қатори ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ, мактубҳои Деваштич ба ҳокимони вилоятҳои дигар, мактубу ахбороти сафиронаш ба Деваштич низ дида мешавад.
Деваштич дар чоряки якуми асри VIII ба муқобили арабҳои ғоратгар мубориза бурданӣ шуда, намояндаи худ Фатуфарнро ба вилояти Чоч (Тошкент) мефиристонад, ки ў ба ҳокими Чоч подшоҳи Фарғона ва ҳукмрони Канд (Конибодом) дар хусуси дар ин мубориза ўро дастгирӣ карданашон маслиҳат кунад. Фатуфарн ба Чоч меояд, ҳокими он ҷо ба ҳамкорӣ розӣ мешавад. Вай мактуби Деваштичро ба подшоҳи Фарғона, ки намояндаашон он вақт дар Чоч будааст, медиҳад. Азбаски роҳи бозгашти Фатуфарн ба воситаи Устурушан (Истаравшан) буд, ба он тараф равона мешавад, аммо дарроҳ хабардор мегардад, ки Устурушанро арабҳо ишғол кардаанд, бинобар ин ноилоҷ ба Чоч бармегардад ва аз он ҷо, ҳамаи вазъият ва ҳолу аҳволро ба Деваштич хабар дода, баъд ба Канд меравад Ҳуҷҷати мазкур роҷеъ ба дўстию ҳамкории халқҳои Осиёи Миёна ва алоқаи мустаҳками ҳукмронии вилоятҳои Панҷакент, Чоч, Кант ва Фарғона маълумоти муфиде медиҳад.
Суғдҳо соли 720-721 барои арабҳоро аз сарзамини худ дур кардан шўриш бардоштанд, ба ёрии онҳо бо роҳбарии Курсул туркҳо омаданд. Дар ин шўриш арабҳо мағлуб гардида маҷбур шуданд, ки Самарқандро тарк кунанд. Ҳамчунин дар ин хусус дар « Таърихи халқи тоҷик» низ чунин гуфта шудааст. «Ҳокими нави Хуросон Саид ибни Абдулазиз мулаҳқаб ба «Хузайна» (720-721) ду маротиба ба муқобили Суғдҳо юриш ташкил кард.Суғдиҳобо ҳамроҳии туркҳо ба ў зарбаҳои қатъӣ заданд».
Ба ин тариқ, ягонагии сохти иқтисодӣ, муборизаҳои дурударози якҷоя, ки боиси ба ҳам наздик ва ҳатто омезиш ёфтани ҳаёти моддиву маишӣ ва урфу одати онҳо шудааст, дар тафаккури маънавӣ, яъне эҷодиёти даҳонакии халқӣ ва адабиёти хаттии ин халқҳо басо хуб инъикос ёфта, дар тамоми соҳаҳои адабиёту фарҳанги онҳо сабаби ба амал омадани як омезиш, ҳамдигарро пурра ва аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам гардидааст. Аз ин рў, тоҷикон ва узбекон аз якдигар бисёр чизҳоро омўхтаанд.
Бояд афзуд, ки равобити адабии ин халқҳо пеш аз ҳама дар адабиёти шифоҳии онҳо ба вуҷуд омадааст. Дар фолклори ин халқҳо бисёр достон, афсона, тарона, зарбулмасал, чистон ва латифаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати мазмун ва образҳояшон бо ҳам хеле наздик ва ҳатто муштараканд. Чунончи, образи Рустам ҳамчун ҳимоякунандаи ватан ва паҳлавони наҷиб, образи манфии Заҳҳоки морон, ҷодугар кампири Мастон ва дигар қаҳрамонони афсонавӣ дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва махсусан тоҷику узбек аз қадим маълуму машҳур аст.
Ҳамчунин ин халқҳо дар тасаввуроти худ образҳои паҳлавонони афсонавӣ, ба мисли:
Алпомиш, Гурўғлӣ ва Авазро, ки онҳо барои озодиву ободии сарзамини худ пайваста мубориза мебурданд, дар васфи паҳлавониву адолати онҳо эпосҳои қаҳрамонӣ сурудаанд.
Эпоси «Алпомиш» ва «Гурўғлӣ» аслан офаридаи тасаввури бадеии халқҳои туркнажод буда, дар байни халқи тоҷик низ маъруфу машҳур ва вариантҳои худро доранд.
Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику узбек ҳама вақт як хел набуда, балки дар шароиту давраҳои мухталиф дар намудҳои гуногун зоҳир гардида, мустаҳкамтар шудааст. Бисёр намояндагони адабиёти тоҷику узбек аз ҷиҳати мазмун, шакл, услуб ва воситаҳои тасвири бадеӣ ба ҳамдигар пайравӣ ё бо таъсири якдигар асарҳо эҷод кардаанд. Бояд афзуд, ки адабиёти пешқададми тоҷик ва узбек дар тамоми давраҳои инкишофи худ ба муборизаҳои озодихоҳӣ ва фикру андешаҳои пешқадам сахт марбут буд. Шоирону нависандагони ин халқҳо дар таълифоти худ марому мақсад, орзуву умед, фикру андешаҳои пешқадами барои ҳастии ҳар ду халқ муҳимро инъикос намудаанд.
Албатта, адабиёти тоҷик бо намояндагони бузурги худ Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва Камол ба адабиёти нав шакл гирифтаистодаи дигар халқҳои Осиёи Миёна таъсир накарда наметавонист. Аз ин рў, дар «Девони луғоти турк»-и Маҳмуди Кошғарӣ, «Ҳикматҳо»-и Аҳмади Ясавӣ, «Ҳибат-ул-ҳақоиқ»-и Аҳмади Юғноқӣ, «Қасас-ул-анбиё»-и
Носируддини Робғузӣ ва дигар асарҳои адибони туркгў ду манбаи адабӣ-эҷодиёти даҳонакии халқҳои туркнажод ва адабиёти хаттии форсу тоҷик ҳис карда мешавад. Чунончи, шоири асри XI Юсуф Ҳос Ҳоҷиби Баласағунӣ, ки дар давраи ҳукмронии қарахониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, дар зери таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асари худ «Қутадғу билинг» (Дониши бахтдиҳанда)-ро навиштааст. Ин асар дар байни халқҳои туркнажод бо номи «Шоҳномаи туркӣ» низ машҳур аст.
Дар қатори шоирони туркгў, ки ба забону адабиёти тоҷик майлу рағбати калон доштанд, шоирони тоҷик низ аз асрҳои XI сар карда ба ашъори шоирони туркгўйи Осиёи Миёна ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар ашъори шоири маъруфи асри XI форсу тоҷик Манучеҳри Домғонӣ порчаҳое дида мешавад, ки дар назари ў мақбулу писанд будани ашъори шоирони туркгў маълум мегардад.
Баро турки моно, ки хубтар гўй,
Ту шеъри туркӣ бихон марову шеъри ғузӣ.
Ба ҳар луғат, ки ту гўйӣ сухан, тавонӣ гуфт,
Ки асли ҳар луғатеро ту абҷаду ҳавазӣ.
Дар осори шоирон ва нависвндагони ин аср баъзе калимаҳои туркӣ аз қабили су, олмоқ, ётоқ, чопар, қувнок, керак ва ғайра истифода карда шудааст. Чунончи, Саноӣ дар байтҳои зерини худ калимаҳои туркии човушӣ (шахсе, ки пешопеши аспи амир, ҳаким ва ё шахси бузурге пиёда меравад) ва қон (хун)-ро кор фармудааст:
Човуше рафт, то кунад дураш,
Дид ногоҳ шоҳ дастураш.
Ё ки:
Аз раият шаҳе, ки моя рабуд,
Таҳи девор канду бом андуд.
Чун ситад тухм омил аз деҳқон,
Дуҳ аз ў рафту монд бар ўй «қон».
Шоири асри XII Сўзании Самарқандӣ низ дар шеърҳои худ ин қабил калима ва ибораҳоро кор фармудааст:
Эй турки моҳчеҳра, чӣ бошад агар шабе,
Ойӣ ба ҳуҷраи ману гўй: «қувноқ керак».
Гулрўӣ туркиву ман агар турк нестам,
Донам бад-ин қарор, ки ба туркист гул «чечак».
Аз чашми ман бар он «чечак»-и ту чакад сиришт,
Туркӣ макун, ба куштани ман бармакаш «начак».
Дар шеъри тоҷикӣ кор фармуда шудани калимаву ибораҳои туркӣ аз як тараф, натиҷаи майлу рағбати адибони форсу тоҷик ба забону адабиёти халқҳои туркнажод бошад, аз тарафи дигар, сабабҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ низ дошт.
Ҳусни таваҷҷуҳи шоирони тоҷик ва узбек ба забону адабиёти якдигар дар асрҳои минбаъда боз ҳам зиёдтар ба назар мерасад. Аз асри VIII сар карда шоирони узбек барои ба забони узбекӣ тарҷума намудани асарҳои адибони форсу тоҷик камари ҳиммат бастанд.
Онҳо ба ин восита талаботи хонандагони халқи худро, ки ба адабиёти форсу тоҷик рўз аз рўз зиёд шуда истода буд, таъмин менамуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ба воситаи тарҷумаи асарҳо як халқ ба ҳаёти халқи дигар, фикру андеша ва орзуву амали он шинос мешавад. Дар навбати худ ин ҳол, дар ривоҷу равнақи забону адабиёти он халқҳо нақши муҷалло дорад, робитаи умумии фарҳангӣ ва адабии онҳоро қавӣ мегардонад. Аз ин рў, тарҷума яке аз омилҳои муҳими ба вуҷуд омадани равобити адабии байни адабиёти халқҳои гуногунзабон мебошад.
Шоири узбек Қутб (охири асри XIII ва аввали асри XIV) «Хусрав ва Ширин» ва Ҳайдари Хоразмӣ (асри XIV) «Махзан- ул-асрор»-и Низомиро ба забони ўзьекӣ тарҷума кардаанд.
Қутб дар муқаддимаи тарҷумаи худ сабаби ба тарҷумаи асари Низомӣ шурўъ карданашро ин тавр ба қалам овардааст:
Неча йил бўлди жоним ускар эрди,
Кўнгулда ушбу андиша бор эрди.
Нетак шоҳ табғинга бир борғаман теб,
Бу кўнглум қазғусини тарғаман теб.
Қуруб кўнглум ким асру рағбатим бор,
Буюрди қим қатилғон эмди, э ёр.
Равон э Қутб, таркин кеч бўлар бил,
Не билгайлар сени сўзматмасанг тил.
Низомий назми янглиғ туз сўзунгин,
Амин билгут хонингға бу узунгни.
Бўюм шаҳринга кунглум эрди султон,
Жоним эндин қабул қилди бу фармон…
Қазонтек қайнаб уш савдо пишурдум,
Низомий болидин ҳалво пишурдим.
Ҳайдари Хоразмӣ низ дар муқаддимаи тарҷумааш аз он ки «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ бо мазмуни баландаш ўро ба шўру шавқ овардааст, мегўяд:
Менки пишурдум бу лозим ошни,
Шайхт Низомийдин олиб гошни.
Шайх Низомий дамидин жон топиб,
Маънисиндин ярлиқу фармон топиб.
Сайфи Сароӣ (нимаи дуюми асри XIV) дар соли 139/91 «Гулистон»-и ҳамеша шукуфон. ва Масъуди Тафтазонӣ (1322-1390) «Бўстон»-и пуртаровати Саъдиро ба забони ўзбекӣ тарҷума карда, дар айни ҳол то андозае талаботу завқи хонандагони узбекро ба назар гирифтаанд.
Мутарҷимон ба ин восита аз як тараф, фикру андешаишоирону нависандагони форсу тоҷикро ба оммаи хонандагони узбек пешкаш намуда бошанд, аз тарафи дигар, барои такомули адабиёти узбек хизмати арзандае кардаанд.
Аз ашъори Сайфии Сароӣ то ба рўзгори мо миқдори ночизи ашъор омада расида бошад ҳам, аз ин теъдод маълум мегардад, ки ў аз ҷиҳати мавзуъ, мазмун, услуб ва воситаҳои тасвири бадеӣ ба шоирони форсигўй пайравӣ кардааст. Вай дар пайравии ғазале, ки ба Низомӣ нисбат медиҳанд бо матлаи:
Шудам бар сурате ошиқ, ки бо маҳ мекунад ғавғо,
Чӣ сурат? Сурати дилбар! Чӣ дилбар? Дилбари зебо.
оғоз мегардад, ғазали зерро навиштааст:
Топилмас ҳусн мулкинда санга тенг бир қамар манзар,
На манзар? Манзари шоҳид! На шоҳид? Шоҳиди дилбар.
Бу кун Юсуф мамолики қилибдур ҳақ санга бахшим,
На бахшиш? Бахшиши давлат! На давлат? Давлати мафхар…
Жамолинг нақшина Сайфи Саройӣ боғлади сурат,
На сурат? Сурати ҳусно! На ҳусно? Ҳусни жонпарвар.
Дар ин ҷода бояд афзуд, ки шоирони узбек на танҳо ба тарҷумаи асарҳо таваҷҷуҳ намудаанд, балки асарҳои бунёдӣ низ офаридаанд. Чунончи, Дурбек (нимаи дуюми асри XIV) «Юсуф ва Зулайхо» ном достон навиштааст. Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» дар адабиёти форсу тоҷик таърихи кўҳан дошта, дар асрҳои X-XI шуҳрати зиёд касб намудааст. Дар асоси ин қисса Амонӣ, Абумуайяди Балхӣ ва Бахтиёрӣ маснавиҳо эҷод кардаанд. Аммо дар адабиёти узбек ин қиссаро бори нахуст Дурбек ба риштаи назм кашидааст. Аз мутолиаи достони Дурбек чунин ба назар мерасад, ки ў адабиёти форсу тоҷикро хеле хуб аз худ карда будааст.
Омўзиши таҷрибаи деринаи достонсароии адабиёти форсу тоҷик дар навиштани маснавӣ ба Дурбек илҳом бахшидааст. Дурбек ҳангоми навиштани асар яке аз қиссаҳои форсӣ тоҷикиро ба асос гирифта будааст, ки ин маънӣ аз муқаддимаи достони ў ба хубӣ маълум мешавад.
Гоҳ боқар эрдим зи китоби қисос,
Гоҳ иҷар эрдим зи шароби асос.
Лек қисас иҷра вале майли жон,
«Қиссаи Юсуф»-то эди ул замон.
Бандаи бечорага шому саҳар,
Қиссаи Юсуф эди андар назар.
Наср эди бу қисса дағи форсий,
Эрди анга жон кўзи наззорасий.
Ҳамчунин дар асри XIV дар адабиёти форсу тоҷик ва узбек як қатор маснавиҳои ишқӣ ирфонӣ эҷод карда шудааст. Ин қабил маснавиҳо дар адабиёти форсу тоҷик ҳанўз аз асрҳои IX – XII арзи ҳастӣ намуда, дар асри XIV хеле инкишоф ёфтаанд. Аз ҷумла «Суҳбатнома»-и
Ҳумои Табрезӣ, «Саодатнома»-и Шайх Шубастарӣ (дар тасаввуф), «Дастурнома»-и Низории Кўҳистонӣ, «Камолнома» ва «Гавҳарнома»-и Хоҷуи Кирмонӣ, «Ишқнома»-и Убайди Зоконӣ, «Суҳбатнома»-и Имоди Машҳадӣ, «Фироқнома»-и Салмони Савоҷӣ ва ғайраҳо навишта шудаанд. Дар адабиёти узбек бошад, дар асри XIV ва XV «Муҳаббатнома»-и Хоразмӣ, «Таашшуқнома»-и Саид Аҳмад (нимаи якуми асри XV), «Даҳнома»-и Юсуф Амирӣ «Латофатнома»-и Хуҷандӣ барин асарҳо ба вуҷуд омаданд. Ин маснавиҳо асосан аз номаҳои ошиқона иборат буда, дар шакли маснавӣ, ғазал, қитъа эҷод гардидаанд, ки бештар мазмунҳои ишқию ирфонӣ доранд.
Чунон ки ба мушоҳида мерасад, «Муҳаббатнома»-и Хоразмӣ аз 11 нома иборат мебошад, ки дар 8-тои он ба забони узбекӣ ва сетои дигараш ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Ин ҷо барои намуна аз ду номаи он порчаҳои шеъриро бо ду забон узбекӣ ва тоҷикӣ зикр менамоем:
Табассум қилди айди эй фалонӣ,
Кетургил бизга лоиқ армуғоний.
Кунгул баҳринда кўп гавҳарларинг бор,
Очунда форсий дафтарларинг бор.
Муҳаббат нардини кўпларди ўттунг,
Шакардек тил била оламни туттунг.
Ё ки:
Чу маҳ рўи ту, эй сарви сарафроз,
Ки мемонад ба рўят гул даҳан боз.
Ба ёди қоматат мебўсамаш пой,
Ниҳолеро, ки мебинам сарафроз.
Бад-он монад туро дар дил баногўш,
Ки гардад Зуҳра бар Хуршед ҳамроз.
Хушо рўзе, ки Хоразмӣ бимолад,
Қадамҳои туро бар дидаҳо боз.
Чунин дилбастагӣ ба адабиёти якдигар, ба ду забон эҷод намудани асарҳо, асарҳоиякдигарро тарҷума кардан, дар жанрҳои мухталифи адабӣ пайрави намудани шоирони тоҷику узбек дар асриXV зиёддтар ба чашм мерасад.
Асри XV дар таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику узбек нақш ва мавқеи махсус дорад, ки баробари инкишофи адабиёти ин халқҳо равобити адабии онҳо аз ҳар ҷиҳат такомул меёбад.
Дар ин аср адабиёти форсу тоҷик ва узбек рушду такомул намуда, ғазал бештар ривоҷу равнақ дошт. Шоирони узбек дар ғазалҳои худ аз ҷиҳати мавзуъ, мазмун, истифодаи санъатҳои лафзӣ, услуби баён бештар ба ғазалҳои шоирони бузурги форсу тоҷик Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол пайравӣ кардаанд, бинобар ин, дар эҷодиёти як қатор шоирони ғазалсарои узбек ба монанди Саккокӣ, Атоӣ, Лутфӣ, Гадоӣ ва Навоӣ таъсири ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва дигарон ҳис карда мешавад. Чунин ғазалҳо аз ҷиҳати шаклу мазмун ба намунаҳои барҷастаи адабиёти форсу тоҷик монанд буда, воситаҳои тасвири бадеии муштарак доранд.
Чунончи:
Ҳофиз:
Ало ё айюҳассоқӣ адир каъсар ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд, аввал, вале уфтод мушкилҳо.
Саккокӣ:
Ишқ ишин Саккокий, аввал билмайин осон,
Охир ўз жонининг ишини душвор айлади.
Камол:
Душвор кашад нақши ду абрўи ту наққош,
Осон натавонад кашидан ду камонро.
Лутфӣ:
Қошлари ёсин кулоқга еткура тортар кўзи,
Экиёйни масти лояъқил на осон тортадур.
Ҳамчунин дар эҷодиёти Мир Алишери Навоӣ жанри ғазал мавқеи муҳимро ишғол мекунад, ки қисмати асосии чор девони ашъори ўро ташкил додааст. Навоӣ дар ғазал Саъдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Салмони Соваҷиро устодони худ медонад ва дар «Муҳокимат-ул-луғотайн» қайд мекунад, ки «ман девони Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз ва Ҷомиро мутолиа кардам. Аз машъали ишқи ғазалҳои онҳо оташдони дили ман низ ба аланга омад».
Аз ин рў, Навоӣ дар девони ғазалиёти узбекии худ шоирони форсу торҷик Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ ва дигаронро борҳо бо эҳтиром ёдрас намудааст:
Янаки нутқ илау руҳ ила етурди анга,
Фуюз орифи Жомию ринди Шерозий.
Ё:
Эй Навоӣй сени Хусрав била Жомий таври,
Санъату рангин кўй, сўзда керак дард ила сўз.
Навъи дигари шеърие, ки дар адабиёти ин давраи тоҷик ва узбек маъмул буд, қасида аст, ки шоирон бештар ба қасидаҳои фалсафии Носири Хусрав, Ҳоқонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ ва ба қасидаҳои маснўи Салмони Соваҷӣ ҷавобҳо гуфтаанд. Навоӣ дар ҷавоби қасидаи маснўи Салмони Соваҷӣ, ки бо матлаи зерин оғоз мегардад:
Сафои сафвати рўят бирехт оби баҳор,
Ҳавои ҷаннати кўят бибехт мушки татор.
ҷавоб гуфтааст, ки матлааш ин аст:
Чунон вазид ба бўстон насими фасли баҳор,
К-аз он расид ба ёрон шамими васли нигор.
Гузашта аз ин, дар адабиёти асри XI халқҳои тоҷик ва узбек мунозиранависӣ низ вуҷуд дошт. Дар адабиёти тоҷику форс мунозираи «Замину Осмон»-и Орифӣ, «Шамшеру ҷавгон»-и Толиби Ҷоҷурмӣ, «Махзани маонӣ»-и Хоҷа Масъуди Қумӣ ва дар адабиёти узбек «Чоғир ва банг»-и Юсуф Амирӣ, «Ўқ ва йой»-и Яқинӣ ва «Танбўр ва ҷанг»-и Саид Аҳмад мутахаллис ба Асадӣ (ваф. 1030-1041), машҳур аст. Бояд гуфт, ки дар асри XI мунозира ба туфайли Асадии Тусӣ хеле ривоҷу равнақ ёфта, ин анъана дар асри XV низ давом кард, вале жанри мунозира дар адабиёти узбек маҳз дар асри XV ба вуҷуд омад.
Дар асри XV баробар дар ҳарду адабиёт ба вуҷуд омадани мавзўъ ва мазмунҳои адбии ягона ба ду забон эҷод кардани шеър хеле зиёд ба назар мерасад.Чунончи аз шоирони тоҷик Хоҷа Осафӣ, Дарвеш Нозукӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Амир Шайхам Суҳайлӣ, Биноӣ ва дигарон шеърҳои узбекӣ эҷод кардаанд.
Ғайр аз шоироне, ки ба ду забон шеър эҷод мекарданд, шоироне низ буданд, ки дар шеърҳои худ калима ва ибораҳои узбекиро истифода менамуданд. Чунин иқдом дар асри XV густариш ёфта, калимаҳои зиёди узбекӣ ба забони тоҷикӣ дохил шуданд. Дар ин хусус Навоӣ ба омезиши забони тоҷикӣ ва ўзбекӣ гуфтааст: «Ҳар қадаре, ки яке аз онҳо бо дигаре омезиш ва гуфтугузор дорад, он дигар низ бо ин ҳамон қадар, дар такаллум ва гуфтор воқеъ шудааст».Чунончи, шоир Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ бо радифи узбекӣ ғазале дорад, ки ба матлаи зерин сар мешавад:
Ман чунин сармасти ёрам, сан начук сан? Суйлагил,
Ғайри ишқаш нест корам, сан нагуксан? Суйлагил.
Мавлоно Бурундуқ низ дар қитъаи худ як қатор калимаҳои ўзбекиро ба кор гирифтааст:
Шоҳи душманнавозу дўстигудоз,
Он ҷаҳонгир к-ў ҷаҳондор аст.
«Беш йўз олтин» маро намуд инъом,
Лутфи султон ба банда бисёр аст.
Ё магар дар иборати туркӣ,
«Беш йўз олтин» дувист динор аст.
Бояд зикр намуд, ки як зумра шоирони узбек низ дузабона буда шеърҳо эҷод кардаанд.
Ба ин гурўҳ Яқинӣ, Мир Саиди Кобулӣ, Лутфӣ, Навоӣ ва Гадоӣ шомиланд. Барои узбекон забони тоҷикӣ чун забони модариашон буд ва ин забонро хурду калон ҳама медонистанд ва дар ин хусус Навоӣ чунин зикр намудааст: «Аммо аз хурд то калон ва аз навкар то мири турк (узбек) аз забони тоҷики баҳраманд мебошанд. Ҳатто шуарои узбек ба забони форсӣ ашъори рангин ва гуфторҳои ширин зоҳир мекунанд» .Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» дар хусуси ба забони тоҷикӣ шеър гуфтани Мавлоно Амирӣ ва Мавлоно Лутфӣ чунин навиштааст: «Мавлоно Амирӣ турк буда, назми туркии ў ҳам нек воқеъ шуда, вале шуҳрат нагирифта, дар форсӣ дар ҷавоби Хоҷа Камол ин матлаъ аз ўст:
Рўзи қиёмат ҳар касе аз айш бахти худ ситонд,
Ғайри зоҳид, ки риёзатҳо кашиду хушк монд.
«Мавлоно Лутфӣ малик-ул- каломи замони худ буд ва дар шеъри туркӣ ва форсӣ назир надошт. Аммо дар назми туркӣ шуҳрати ў бисёр аст ва девони ў машҳур аст. Бештар қасоиди мушкили устодони форсигўйро ҷавоб кард ва дар наваду нўҳсолагӣ шеъре гуфт дар радифи «Офтоб», ки шуарои замон ҷвоб карданд ва ҳеҷ кадом матлаъро дар баробар натавонистанд гуфт ва матлаи он шеър ин аст:
Эй зулфи шабиисолат сояпарвар офтоб,
Шоми зулфатро ба ҷои моҳ дар бар офтоб.
Мутаассифона, аз ашъори форсӣ-тоҷикии Лутфӣ аз се байте, ки Навоӣ дар… «Маҷолис-ун-нафоҳис» меорад, чизи дигаре боқӣ намондааст.
Лутфӣ бо Ҷомӣ ва Навоӣ муносибати дўстона дошт ва онҳо ўро хеле эҳтиром менамуданд ва истеъдоду маҳорати шоириашро қадр мекарданд. Алишери Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат» дар бораи муносибати Ҷомӣ ва Лутфӣ лаҳзаеро ёдрас намудааст, ки шоҳиди барҷастаи дўстӣ ва алоқаи илмӣ-адабии онҳо мебошад. Лутфӣ дар синни зиёда аз 90-солагиаш бо радифи «сухан» бахшида ба Ҷомӣ қасидае менависад, ки ба матлаи зерин оғоз меёбад:
Зиҳӣ, ҳадиси лабат қути ҷону рўҳи сухан,
Гули рухат суманорои бўстони сухан.
Ҷомӣ қимати ин қасидаро ба ҳеҷ чиз баробар карда натавониста ҳамчун намунаи барҷастаи эҳтиром ҷомаи худро ба Лутфӣ мепўшонад. Дар рўзҳои охири ҳаёташ низ матлаи ғазалро мегўяд, аммо фурсати онро ба охир расондан муяссар намегардад. Ў хоҳиш менамояд, ки ўро ба Ҷомӣ диҳанд, то ки ба охир расонида, ба девони худ дохил кунад. Ҷомӣ мувофиқи васияти ин дўсташ он матлаъро давом додаву ғазали тамом офарида, ба девони худ дохил менамояд, ки дар ин хусус Навоӣ чунин навиштааст:
«Дар маҳалли реҳлат матлае гуфт ва фурсати ғазал сохтан наёфт васият кард, ки ҳазрати Махдумӣ (Ҷомӣ – Р.Х) ғазал тамом карда, дар девон нависанд, эшон низ васият ба ҷой оварда ғазал тамом карданд ва дар девони худ сабт намуданд ва матлааш ин аст:
Гар кори дили ошиқ бо кофари Чин афтад,
Беҳ з-он ки ба бадхўе бераҳм чунин афтад.
Мир Алишерӣ Навоӣ ба забони тоҷикӣ соҳиби девони ашъор аст, ки он бо номи «Девонӣ Фонӣ» машҳур мебошад. Гузашта аз ин, ў бо забони форсӣ-тоҷикӣ дар назарияи муаммо «Муфрадот» ном асари илмӣ низ таълиф кардааст. Аз 544 ғазали тоҷикии Навоӣ 349 тои он дар татаббўи ашъори шоирони форсу тоҷик навишта шудааст. Аз ҷумла, 23 ба Саъдӣ, 243 ба Ҳофиз, 36 ба Хусрави Деҳлавӣ ва 47 ба Ҷомӣ мебошанд.
Шеърҳои тоҷикӣ-форсии Навоӣ аз шеърҳои узбекиаш паст нест, ки инро ҳамзамононаш ва адабиётшиносонӣ сонӣ низ тақдир кардаанд.
Устод Айнӣ дар мақолаи худ «Алишери Навоӣ ва адабиёти тоҷик» роҷеъ ба шеърҳои тоҷикӣ-форсии Навоӣ таваҷҷуҳ намуда, дар бораи қасидаи «Туҳфат-ул-афкор» ў чунин гуфтааст: «Қасидаи аз сад байт иборат буда ва ба Ҷомӣ бахшидаи шоир «Туҳфат-ул-афкор»
дар адабиёти форсу тоҷик яке аз шоҳасарҳо мебошад».
Дар асри XV дар байни халқи тоҷик ва аҳли илму адаби он ба омўзиши адбиёти узбек, махсусан, осори баландғояву пурмазмуни Навоӣ, ки он обидаи бузурги санъат ва таҷассуми ақлу идроки халқи узбек мебошад, ҳусни таваҷҷуҳи зиёде ба вуҷуд омад. Аз ин рў, барои ба таври амиқ омўхтани адабиёти узбек дар ин аср ва минбаъда луғатҳои узбекӣ-тоҷикӣ тартиб дода шуд, ки яке аз онҳо «Бадоеъ-ул-луғот»-и Толеи Имонии Ҳиротӣ мебошад. Луғоти мазкур, асосан дар заминаи осори манзуми Навоӣ тартиб дода шудааст. Бунёди ин луғат майлу рағбати бепоёни хонандагони форсизабононро ба ганҷинаи адабиёти узбек ва осори Навоӣ нишон медиҳад ва инчунин барои хонандагони асрҳои баъдина як дастурамали гаронбаҳо дар омўзиши забони қадими узбекӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар байни тазкираҳои асри XV адабиёти форсу тоҷик ва узбек низ як иртиботи хеле мустаҳкаме дида мешавад. Тазкираҳои ин давра давоми мантиқии якдигар буда, муаллифони он тазкираҳои ҳамдигарро пурра ва аз ҳар ҷиҳат такмил додаанд. Ҳамин гуна иртибот ва такомулот дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ ва «Латоифнома»-и Фахрии Ҳиротӣ мушоҳида карда мешавад.
Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1486 асари панду ахлоқии худ «Баҳористон»-ро навиштааст.
Ин асар аз 8 равза иборат буда, дар равзаи ҳафтуми он дар бораи як зумра шоирон маълумот оварда шудааст. Аз ин сабаб ин равза ба худ шакли тазкираро гирифтааст. Ҷомӣ дар «Баҳористон» дар хусуси Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Азрақӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Адиб Собир, Анварӣ, Сўзанӣ, Муизӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Камоли Исфаҳонӣ, Салмони Соваҷӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз ва аз шоирони нимаи дуюми асри XV бошад, танҳо дар бораи Навоӣ маълумот дода, аз ашъори онҳо намунаҳо овардааст. Ҷомӣ дар охири равзаи ҳафтум оид ба шарҳи ҳоли Навоӣ таваққуф намуда, ўро сардафтари шоирони замони худ донистааст.
Пас аз Ҷомӣ дар соли 1488 Давлатшоҳи Самарқандӣ «Тазкират-уш-шуаро»-ро навишта, дар бораи як зумра шоирони гузашта ва ҳамзамонони худ маълумот додааст. Дар муқаддимаи асар Давлатшоҳ дар бораи шеър ва шоирӣ, шарҳи ҳоли худаш ва зикри ҳоли 10 нафар шоири араб ва сабаби навишта шудани китоб маълумот дода, Султон Ҳусайн Бойқаро ва Алишери Навоиро таърифу тавсиф намудааст. Чунончи дар табақаи шашуми асар дар хусуси Қосим Анвар, Исмати Бухороӣ, Шарафуддин Алии Яздӣ, Юсуф Амирӣ, Амир Шоҳии Сабзаворӣ, Мавлоно Ҷунунӣ ва дигарон; дар хотима дар бораи Ҷомӣ, Навоӣ, Суҳайлӣ, Хоҷа Афзал, Абдуллои Марворид, Хоҷа Осафӣ, Мир Ҳусайни Ҷалоирӣ ва Султон Ҳусайн маълумот додааст.
Чи тавре ки мебинем, Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ва Давлатшоҳ дар «Тазкират-уш-шуаро» асосан дар бораи шоирони гузашта маълумот додаанд. Аз ин рў, Алишери Навоӣ бо навиштани тазкираи худ «Маҷолис-ун-нафоис» кори онҳоро идома медиҳад. Ин асар бо забони узбекӣ навишта шудааст ва Навоӣ дар муқаддимаи он «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандиро ёдоварӣ намуда, роҷеъ ба равзаи ҳафтуми «Баҳористон» чунин навиштааст:
«Ва як равзаи онро ба нағамоти ин булбулони мавзуннаво ва андалебони хушовози рашки нигораҳои Чин ва ҳайрати фирдавсӣ барин кардааст.». Пас аз ин Навоӣ дар бораи сабаб ва зарурати навишта шудани «Маҷолис-ун-нафоис» чунин мегўяд:
«Шуаро ва хуштабъони ин давраи хуҷаста ва рўзгори фархунда, ки дар ин давлат ва натиҷаи тарбияи Султони Соҳибқирон дар аблағи ақсоми шеър, хоса дар тарзи ғазал, ки аз дигар ақсои он рўҳпарвар ва нишотангез… ба ҷой овардаанд ва чун асомии эшон дар зумраи он ҷамоат манзур нагардад ва суханшиносон бадон тартиб ва қоида мазкур нашудааст, лизо ба хотири шикаста гузашт, ки бояд варақе чанд бинигошт ва номҳои шуаро ва зурафои ин аср дар он сабт намуд, то ин ниёзмандон низ дар зайли шуарои бузургвори гузашта мастур ояд ва ин пайравон дар паи он роҳбарон бираванд».
Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» дар бораи шоирони форсу тоҷик ва узбек, ки дар замони ҳукмронии Шоҳрух, Абдулқосим Бобур, Султон Абусаид ва Султон Ҳусайн дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Озарбойҷон ба арсаи адабиёт қадам ниҳода, афкори худро бо забони шеър боқӣ гузоштаанд, маълумот додааст. Ў дар тазкира дар хусуси зиёда аз 385 шоирони асри XV баҳс менамояд, ки аксарияти онҳо намояндагони адабиёти форсу тоҷик мебошанд.
Бояд гуфт, ки «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ барои омўхтан ва муайян намудани адабиёти асри XV тоҷик ва ўзбек ва робитаи адабии онҳо манбаи ниҳоят бебаҳо мебошад.
Ҳамин тариқ, Навоӣ оид ба шоирони дохили тазкира маълумоти мухтасари шарҳи ҳолӣ дода, аз эҷодиёти онҳо бо овардани баъзе намунаҳо қаноат кардааст. Бо вуҷуди ин дар «Маҷолис-ун-нафоис» ҳаёти адабии асри XV халқҳои тоҷику узбек хеле хуб инъикос гардидааст. Ба вуҷуд овардани чунин асар аз ҷониби Мир Алишери Навоӣ дар асри XV намунаи барҷастаи робитаҳои адабӣ ва дўстиву ҳамкории деринаи халқҳои тоҷику узбекро ба исбот мерасонад.




