Зеҳн

Бозёфти ашъори нави Шамсиддин Шоҳин

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 ноябри 2026 · 17 дақиқа хондан

Дар қаламрави сарзамини Хуросону Эрон, Синду Ҳинд, Озарбойҷону Бағдоду Димишқ дар асрҳои миёна ва анқариб то авоили асри ХХ забон ва адабиёти тоҷику форс нуфузи зиёде дошт, ки ҳазорон шоиру адиби барҷаста дар домани он парвариш ёфтаанд. Тайи ин қарнҳо теъдоде аз шоиру муаррихон ва хаттотону мусаввирон дар Мовароуннаҳру Хуросон зиндагӣ карда, аз худ мероси гаронбаҳое ба забони тоҷикӣ-форсӣ боқӣ гузоштаанд. Бо гузашти айём бар асари ҷангу ҷидолҳои шадид ва тохтутозҳои тўлонии аҷнабиён, қисмати зиёде аз осори хаттии гаронбаҳои мардуми эронитабор аз байн рафт. Аммо қатъи назар аз ҷой доштани чунин вазъ боз намунаҳои ашъори бисёр шоирон тавассути тазкираҳо, ҷунгҳо, баёзҳо ва маҷмўаҳо маҳфуз монда, то замони мо расидаанд. мутаасифона, то имрўз дар адабиётшиносии дохил ва хориҷи кишвар ба чунин сарчашмаҳо таваҷҷуҳи бояду шояд дода нашудааст. Агарчи шарқшиносони маъруфи дунё дар бораи паҳлуҳои гуногуни адабиёти тоҷику форс маълумоти зиёде додаанд, аммо ба маҷмўаҳо, ҷунгҳо ва баёзҳо кам таваҷҷуҳи зоҳир намудаанд, ва ё умуман, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор надодаанд.
Ин ганҷинаҳои беназир дар осорхона ва китобхонаҳои гуногуни мамолики дунё маҳфузанд. Таъкидан бояд гуфт, ки чунин маҷмўаҳо, хусусан баёзҳо, ба таври пурра мавриди пажўҳиш ва таҳқиқ қарор нагирифтаанд.
Аз ин рў, лозим медонем, ки имрўз ба омўзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдулғанӣ Мирзоеви Маркази мероси хаттии АМИТ маҷмўаҳои зиёди шеърӣ бо унвонҳои “Радоиф-ул- ашъор”, “Ҷунг”, “Маҷмўа” ва “Баёз” маҳфуз мебошанд, ки то кунун ба таҳқиқи адабиётшиносон ниёз доранд. Дар адабиётшиносии Шарқу Ғарб ба ҷуз баъзе ишораҳо маълумоти пурра мавҷуд нест. Танҳо шарқшиносони шинохтаи тоҷик А. Мирзоев, А. Афсаҳзод ва А. Алимардонов дар осори таҳқиқии хеш дар бораи радоиф-ул-ашъор маълумот дода, аз “Туҳфат-ул-ҳабиб”-и Фахрии Ҳиравӣ истифода бурдаанд. Ҳазорон ҷилд баёзу ҷунгу маҷмўаи шеърӣ ба гўшаи фаромушӣ афтодаанд. Ҳол он ки чунин тарзи китобат ҳанўз аз асрҳои пешин ба ҳукми анъана даромада буд. Дар баёзҳо метавон аз Ҳаким Фирдавсӣ то шоирони нимаи аввали асри ХХ маълумот пайдо кард.
Раванди рў овардан ба ҷамъу мураттаб намудани ашъори шоирони гуногун баъд аз асри XVI бештар ривоҷ мегирад. Аввалин маҷмўаи мукаммал ва мураттаб, ки ашъори шоирони зиёдро дар бар мегирад, «Туҳфат-ул-ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ мебошад, ки дар асри XVI навишта шудааст. Баъдан чунин тарзи тартиб додани маҷмуаҳо ба ҳукми анъана даромада, ҳазорҳо нусхаи хаттӣ таъриф гардид, ки таҳқиқу омўзиши ҷудогона тақозо шудаанд.
Баёзҳои баъдан гирдоварда ҳам аз назари таҳқиқ дур мондаанд. Қисми зиёди баёзу ҷунгу маҷмўаҳои маҳфуз дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдулғанӣ Мирзоеви Маркази мероси хаттии АМИТ соли 1974 дар таҳрири академик А.М. Мирзоев ва доктори илми филология А.Е. Бертельс ба Феҳристи дастхатҳои шарқии АМИТ дохил гардиданд. Дар ҳамин ҷилд дар бораи 429 дастнавис, ки аз асри X то асри XX навишта шудаанд, маълумоти муфассал дода мешавад ва ин ҷилд пурра ба маҷмўа ва ҷунгу баёзҳо бахшида шудааст.
Ҳангоми ҷустуҷўйи маводи иловагӣ дар бораи шоири шаҳир ва ҷавонмарги тоҷик Шамсиддин Шоҳин ба сабаби камии вақт мо танҳо ба ду сарчашмаи муътамад ва арзишманд иктифо намудем.
Оид ба ҳаёту фаъолияти Шоҳин таҳқиқоти зиёде ба анҷом расидааст. Муҳаққиқи аввалин-прфессор Холиқ Мирзозода дар бораи Шамсиддин Шоҳин монографияи илмӣ навишта, девони шоирро ба хатти форсӣ ба табъ расонидааст.
Расул Ҳодизода дар мақолаи “Шеърҳои навёфта”, ки соли 1972 дар маҷаллаи “Садои
Шарқ” ба табъ расонида буд, дар бораи як ғазали нави Шамсиддин Шоҳин бо матлаи «Чун каду аммомаро зоҳид мучаррах мекунад, Чун қутоси тўғ риши хешро фах мекунад» маълумот додааст.
Баёзе, ки мавриди таваҷҷуҳ ва таҳқиқи мо қарор гирифтааст, «Баёз»-и Абдулмуъминшоҳи Дарвозӣ мебошад. Саҳҳофи баёзи мазкур дар китоб Эшони Дарвозӣ Лутфуллоҳхоҷаи
Саҳҳоф зикр шудааст. Ин баёз бо хатти зебои настаълиқи моил ба шикаст, шояд ба қалами худи муаллиф бошад, ба ду тарз навишта, атрофи он ҷадвалкашӣ шудааст. Баёз соли 1328 бо ҷаҳд ва саъйи Лутфуллоҳхоҷаи Саҳҳоф ва бо дастури Муллонизомуддин ном шахс дар матбааи Когони Бухоро ба табъ расидааст. Чун мураттиби баёз аз Дарвоз аст, дар ин баёз бештар ашъори шоирони дарвозӣ ба монанди Муллоёр, Фитрати Дарвозӣ (бо тахаллуси
Фитрат ва ҳам бо тахаллуси Муҳаррир ғазал гуфтааст), Ноҷӣ, Ғиёсӣ ва дигарон гирд оварда шудааст. Ҳамчунин дар баёз аз ашъори Ҳофиз, Бедил, Доъӣ, Ҳазин, Имло, Шавкат, Исо
Махдум, Сўфӣ, Туғрал ва дигарон намунаи ғазалу мухаммасу муламмаъ мавҷуд мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки як ғазали Туғрали Аҳрориро низ аз ҳамин баёзи номбурда пайдо намудем, ки дар дигар осори ба табъ расидаи ў дида нашуд ва муҳаққиқини осори Туғрал аз он бехабар мондаанд.
Аз рўи мазмун ва мундариҷаи баёз маълум мешавад, ки муаллифи баёз таҳсилкардаи
Бухоро буда, бо аксари шоироне, ки дар баёз осорашонро овардааст, аз наздик ошноӣ доштааст. Агар ў бо Туғрал ошноӣ намедошт, ин ғазалро аз куҷо ба даст меовард? Ў дар муламмаъе, ки гўё ба маҳбубаш ирсол намудааст, тамоми дарду ҳасрати хешро чунин баён намудааст:

Чи гуна шарҳ созам дарди дурӣ,
Зи ҳад бигзашт андўҳу сабурӣ,
Ки як бори дигар рўят бибинам,
Ба коми дил ба паҳлуят нишинам.,
Гаҳе дастат бибўсам гоҳ поят,
Кунам ҷону дили худро фидоят....

Дар он 1 қасида, 1 мухаммас ва 25 ғазали Шамсиддини Шоҳин гирд оварда шудаанд.
Ҳангоми мутолиа ва муқоисаи осори дар баёз овардаи Шоҳин бо осори дар “Куллиёт” (“Адиб,”2006), “Девон”-и Шоҳин (“Дониш”, 2018) ва нусахи хаттии осори Шоҳин чопшуда як қасида ва се ғазали Шоҳин пайдо гардид, ки дар китобҳои зикргардида дида нашуд. Дар баробари ин дар мутуни ғазалиёт фарқиятҳои зиёд мавҷуд аст, ки ин фарқиятҳо месазад, ки дар нашри интиқодии осори ин шоири варзида истифода карда шаванд.
Дар ин мақолаи фишурда аз хусуси фарқиятҳо дар матни осори шоир ва дар муқоиса бо баёзи болоӣ маълумот медиҳем. Муҳимтар аз ин, 19 ғазал ва мухаммаси Шоҳин дар “Баёзи шоирони Дарвоз”-и Мир Юлдошбой, ки дар Дарвоз ва Рўшон муддате намояндаи манғитҳо буду бо тахаллуси Доъӣ шеър мегуфт, таҳти рақами 819 дар Ганҷинаи дастнависҳои ММХ АМИТ маҳфуз аст. Дар баёзи номбурда як ғазал бо матлаи зер омадааст:

“Дилам ба тоқи баланди ду абрўй шуда банд,
Чӣ сон шавад, агар афтад аз ин тоқи баланд”.
Ҳамчунин дар ин баёз як мухаммаси Шоҳин бар ғазали Оҷиз (амир Абдулаҳад) низ омадааст, ки дар дигар сарчашмаҳо ва кутуби ашъори ба табъ расидаи Шоҳин ба назар нарасид.
Мухаммас ин аст:
Гар фитад булбули шўрида зи гулзор ҷудо,
Сина бар хора ҷудо сояду бар хор ҷудо,
Сахт рўзест, ки шавад ёре аз ёр ҷудо,
Чархи каҷрав, ки маро кард зи дилдор ҷудо,
Гаштам аз ёр ба ночор мани зор ҷудо!

Гуфтам: -Инак, дили афгор шавад восили ту,
Чун надидам сари мў майли вафо дар дили ту,
Ҷаҳд кардам, ки дигар дил нашавад моили ту,
Ман ҷудо гаштаму дил монд ба сарманзили ту,
Чӣ кунам, чора шудам аз дили афгор ҷудо!

Ман, ки аз шохи амал мева начидам бо ту,
Бода аз соғари ишрат начашидам бо ту,
Хешро ҳамдаму ҳамроз надидам бо ту,
Ба ҳамин умр, ки як бор расидам бо ту,
Чун тавонам, ки шавам аз ту ба як бор ҷудо!

Чун маро аз ғамаш аз бом ба зер ояд ташт,
Мекунам ногаҳ ба ҳар гўша, чи кўҳ асту чи дашт,
Ҳаргиз аз нолаам он бехабар огоҳ нагашт,
Гарчи бо ман ситами чарху ҷафояш бигузашт,
Ситами ёр ҷудо, чархи ситамгор ҷудо!

Бе ту ҳар рўз ғами тоза зи даврон дидам,
Шаб чу хуфтам, ҳама гаҳ хоби парешон дидам,
Ҷаври чарху ситами даҳр фаровон дидам,
Оҳ, сад оҳ, ки аз шиддати ҳиҷрон дидам,
Кулфати рўз ҷудо ранҷи шаби тор ҷудо!

Эй ба пайкони ҷафои ту дили халқ ба асар,
Кандани дил зи ту аз кандани ҷон (аст) бадтар,
Чун задӣ захм, аз ин хаста макун қатъи назар,
Марҳами лутф бубахш бар мани маҳҷур нигар,
Рўзи охир шавам аз ту ба озор ҷудо!

Чашми Шоҳин шуда бе талъати рўяш Оҷиз,
Монда бечора дилам дар хами мўяш Оҷиз,
Оҷизам нест маро роҳ ба сўяш, Оҷиз,
Ман, ки дар кулбаи ғам дур зи рўяш Оҷиз,
Бахти бад кард маро з-он гули рухсор ҷудо!

Ҳангоми муқоиса ва таҳқиқ маълум гардид, ки як ғазали Шоҳин дар саҳифаи 8-уми баёз омада, дар дигар осори нашргардидаи шоир ва инчунин дар нусахи хаттии Маркази мероси хаттӣ дида нашуд. Ғазали мазкур дар баёз ба сурати зер омадааст:

На хатти ғолиясо гарди орази тар аст ин,
Гузашта подшаҳи ҳусн гарди лашкар аст ин.
Басе ба лавҳи мазорам навиштааст ба хунам,
Ки ин шаҳиди нигоҳат маҳзараш аст ин.
На доғи обилааст ин ба рўи зебояш,
Ба оя-ояи мусҳаф қасам, ки ҷавҳар аст ин.
Зи моҳ пурсиши авсофи ёр бинмудам,
Ба офтоб назар карду гуфт чокар аст ин.
Чу моҳ дўш дар оғўши "Хола" дидам, гуфтам, Ҳанўз хатнакашида нишони мистар аст ин.
Назар ба оина кард он нигору гуфт зи шўхӣ,
Хушо, ба ҳоли дили ошиқе, ки дар бар аст ин.
Кунун, ки хост чу Шоҳин кашад миёнашро,
Кашид оҳу бигуфто, ки ҷисми лоғар аст ин.

Ғазали дуюми Шоҳин бо матлаи:
Эй хати мушкин, ватан бар тарфи рухсораш макун,
Равнақи ҳуснаш мабар, беқадр миқдораш макун,.

Дар матни ғазалҳои қаблан чопшуда ва матни ғазали баёз тафовут ба назар мерасад.
Мисраи дуюми байти дуюм дар матни «Куллиёт» ва “Баёз” чунин омадааст:
Куллиёт:
...Бар азизи кишваре шукре бикун, хораш макун,
Баёз:
Дар азизи кишваре лашкар макаш, хораш макун.
Дар мисраи дуюми байти сеюми ғазал низ тафовут ба назар мерасад ва ба андешаи мо,
матни баёз саҳеҳтар мебошад. Тафовути мисраъҳои “Куллиёт” ва “Баёз”-ро ба сурати зер баён мекунем.
«Куллиёт»:
...Ё умеди ком аз лаъли шакарбораш макун.
Баёз:
...Ё умеди бўса аз лаъли шаккарбораш макун.
«Куллиёт»:
Гуфтамаш: –Шоҳин умеди бўса дорад аз лабат,
Гуфт: –Уммеде, ки мумкин нест, изҳораш макун.
Баёз:
Гуфтамаш: –Шоҳин умеди бўса дорад аз лабат,
Гуфт: – Агар мақсуд ин аст, ҳеҷ такрораш макун.
Ғазали дигари Шоҳин дар саҳифаи 10-и Баёз бо матлаи зер омадааст:

Аз чашми ту кардем ба абрўи бутон баҳс,
К-аз бодапарастон ба ҳилоли рамазон баҳс, ..
Байти мазкур дар матни «Куллиёт» ба шакли “аз чашми ту кардем ба абрўи ту он баҳс” омадааст ва матни баёз саҳеҳтар мебошад. Дар байти дуюми ғазал низ фарқият дида мешавад.

Баёз:

Зи абруву мижгони ту ҳарфе натавон гуфт,
Аз бас кашад охир ба хадангу ба камон баҳс.
«Куллиёт»:
Бо абрўву мижгони ту ҳарфе натавон зад,
Аз бас кунад охир ба хадангу ба камон баҳс.
Байти сеюм дар Баёз:
Аз шўхии наргис нарамад чашми ту бас нест,
Бар хотири устод зи шогирди гарон баҳс.
Дар матни ба нашррасида ба чунин шакл нашр шудааст: “Аз шўхии наргис нарамад
чашми ту к-аш нест”. Дар байти шашуми ғазал низ дар байни матнҳои «Куллиёт» ва «Баёз»
тафовут ба назар мерасад.
Дар Баёз:
Аз бозуи пире, ки ба тадбир тавоност,
Саҳл аст ба сарпанҷаи неруйи ҷавон баҳс.
Дар «Куллиёт»:
“Аз бозўи пирӣ, ки ба тадбир тавоност....
Дар байти ҳафтуми ғазал низ фарқият ба назар мерасад.
Дар Баёз:
Гуфтам, ки лабат бўсаму дашном ба ман дод,
Шоҳин беҳ аз ин нест ҷавобе ба чунон баҳс.
Дар «Куллиёт» ва нусхаи хаттӣ чунин омадааст:
“Гуфтам, ки лабат бўсам дашноми даҳон дод”.
Дар ғазали бо матлаи “Турост аз ду тараф зулф дар миён ораз, Намуда сайди дилам зулфу қасди ҷон ораз”, омада низ ҳангоми муқоисаи матнии Баёзу «Куллиёт»-у «Девон»
тафовутҳо дида шуд. Байти сеюми ғазали мазкур дар Баёз ба сурати зер омадаст:

Ту намуда пинҳон зери зулф орази хеш,
Даҳон нуҳуфта пинҳон зери хайма з-он ораз.

Ин байт дар матни «Куллиёт»-и Шоҳин ба назар нарасид.
Дар саҳифаи 11-и Баёз ғазал бо матлаи зер мавҷуд аст:
Ман, ки дар пойи ту кардам сари савдойиро,
Бохтам дар сари савдои ту муллойиро,.

Ин ғазал аз нўҳ байт иборат аст ва дар матни «Куллиёт» панҷ байти он омадааст. Байтҳои мафқудшудаи матн чунинанд:

Байти 2: Нест мумкин ба Худо махласи риндон аз қарз,
Кам шавад дафтару хатчўб магар бойеро.

Байти 5: Танг шуд ҳол ба ман з-ин дили ҳарҷойӣ чунон,
Бар сари зулфи ту бастам дили ҳарҷойиро.

Байти 6: Бо ман аз нақди дилу дину хирад ҳеҷ намонд, Ё Раб, инсоф бидеҳ он бути яғмойиро.
Дар саҳифаи 12-и Баёз ғазале бо матлаи: «То кай он бедодгар бар синаам ханҷар занад, Захми он ногашта беҳтар ханҷаре дигар занад.» омадааст. Ин ғазал дар матни «Куллиёт» оварда нашудааст. Мураттибони «Девон»-и Шамсиддин Шоҳин Ҷ. Назриев ва Беҳрўзи Забеҳулло онро аз нусхаи қаламии рақами 1774 дафтари 1-уми Маркази мероси хаттӣ пайдо намуда илова кардаанд. Дар матни ғазали Баёзу «Девон» чанд фарқият ба назар расид, ки дар зер оварда мешаванд. Дар мисраи аввали байти аввал дар матни «Девон» ба шакли «Ҳар дам он бедодгар бар синаам ханҷар занад”... омадааст. Ба назари ман, мисраи дар Баёз овардашуда саҳеҳтар мебошад. Тартиби байтҳо низ тафовути зиёд дорад. Байти дуюми ин ғазал дар Баёз:
ба тариқи зайл аст:
Хуни ман аз шавқ болад то сари зонуи ў,
Баҳри қатлам гар зи рўи соқ доман барзанад.
Дар мисраи дуюми байти сеюм ба ҷойи таъбири “баҳри қатлам гар” ибораи “Гар ба қатли ман...” омадааст. Мисраи дуюм дар баёз ба шакли “Оҳи ман силӣ ба рўи торами ахзар занад” ва дар «Девон» ба шакли “Оҳ, сад силӣ ба рўи торами ахзар занад”дар байти 5-ум омадааст. Мисраи охири ғазал– “Ҷавр кам кун, в-арна аз дасти ту Шоҳин шикваҳо”... дар матни «Девон» ба сурати “Ҷавр кам кун в-арна Шоҳин шикваҳо аз дасти ту...” омадааст.
Тартиби пайиҳамии байтҳо низ тафовут дорад.
Дар Баёз қасидае аз Шамсиддин Шоҳин дида мешавад, ки дар ашъори батабърасида ва хаттии шоир ин қасида ба назар нарасид. Қасида чунин аст:

Хусраво, даври фалак тобеи фармони ту бод,
Гавҳару маҳ моидабардори сари хони ту бод.
Ҳар кӣ гардан зи хати ҳукми ту тобад чун гўй, Сараш андар хами шамшер ба чавгони ту бод.
Биниҳад бар кафи дасти ту гиребони мурод,
Панҷаи бахт, ки овеза ба домони ту бод.
Абри найсон, ки шуда дасти карам бар сари баҳр, Хиҷил аз бахшиши дасти гуҳарафшони ту бод.
Туҳфае нест маро лоиқи дарбори ту, лек
Ними ҷон дорам, агар ҳаст, ба фармони ту бод.
Чашми осудагии халқ ба даврони ту бод,
Ё Раб, осудагии халқ ба даврони ту бод.
Ҳар кӣ Шоҳинсифат аз файзи сухан баҳра гирифт, То бувад зинда дуогўю санохони ту бод. Баъд аз ин қасида Абдулмуъминшоҳ дар баёзаш пайиҳам 12 ғазали дигарро низ аз Шасиддин Шоҳин меорад.
Дар баёзи Абдулмуъминшоҳ ғазале бо матлаи: “Касе чу ман набувад дар ҷаҳон фироқ,/ Ҳазор тири бало хўрда зи камони фироқ. омадааст, ки матнаш дар муқоиса бо матни ғазали «Девон»-и Шоҳин дар таҳияи Ҷ. Назриев ва Беҳрўзи Забеҳулло дар матни ғазал тафовутҳои зиёд дорад. Мисраи 2-юми байти дуюми ғазал дар «Девон» ба шакли “Набуд дар дили ман ҳеҷ аз ман гумони фироқ” ва дар баёз бошад: “Ҳанўз дар дили ман ҳеҷ аз ман гумони фироқ” омадааст.
Мисраи дуюми байти 3-юм дар «Девон»: “Баҳори висол, ки дорад зи пай хазони фироқ” ва дар Баёз ба таври:“Аҷал биё, ки мерасад кунун замони фироқ” зикр ёфтааст. Чунин тафовут дар мисраи аввали байти 4-ум низ ба мушоҳида мерасад. Ин мисраъ дар «Девон» ба тарзи “Зи заъф нест миёни ману алиф фарқе” ва дар Баёз чунин навишта шудааст: “Нест миёни ману алиф зи заъф фарқе”. Дар ғазали дигари Шамсиддини Шоҳин, ки бо матлаи: “Ба ёди рўят қасам мехўрам ба ҷони фироқ, Ки қути ман ҳама шуд хуни дил зи хони фироқ”, оғоз мешавад, таъбири “ба ёди рўят”дар «Девон» ибораи “Ба бовариат...” омадааст. Мисраи дуюми байти сеюми ғазал дар Баёз ба шакли “Фитода муҳрасифат дар таҳи забон фироқ” ва дар «Девон» ба сурати “Ба сони муҳра ниҳон дар тайи забон фироқ” ифода шудааст.
Дар ғазале, ки матлаи “Қадам зи бори ҷафоҳои ёр мешиканад, Чу шохи нахл, ки пур шуд, зи бор мешиканад”, дорад, мисраи якуми байти дуюми ғазал дар Баёз ба шакли “Хате, ки медамад зи гирди лаъли нўшинат” ва дар «Девон»-и таҳияшуда ба сурати “Хатте, ки медамад зи гирди лаъли мушкинат” омадааст, ки ба назари мо, матни Баёз саҳеҳтар аст. Байти сеюми ғазал дар Баёзи мазкур чунин шакл дорад:

Лаби ту равнақи оби ҳаёт мерезад,
Хати ту қимати мушки тотор мешиканад.
Ин байт дар матни «Куллиёт» ва «Девон» наомадааст.
Ду ғазали дигари Шамсиддин Шоҳин, ки дар Баёз омадаанд, дар дигар сарчашмаҳо ва осори ба нашррасидаи шоир дида нашуд. Ин бори дигар исботи он ақида аст, ки Шоҳин бо аҳли адаби Бухорои шарқӣ робитаи хеле наздик доштааст. Шояд бо муаллифи Баёзи мавриди назар низ робитаи наздики дўстона доштааст. Ин ду ғазали дигар низ манзури хонандагон ва ҳаводорони ашъори рангини Шоҳин мегарданд.

Ба ҳар диёр равам, мекунам зи ёр суроғ,
Бувад маро зи пайи ёр кору бор суроғ.
Зи тоби рафта дили ман, кунун ки кам шудааст,
Кунанд аз хами он зулфи тобдор суроғ.
Суроғи дил зи хами турраи ту саъбтар аст,
Чу зар зи муҳра кунанд аз даҳони мор суроғ.
Зи файзи гиряи ман чун таровати рухи хеш,
Ҷамоли боғ кун аз абри навбаҳор суроғ.
Чу дурҷи лаълдаҳон дориву лабханд, ки ман
Зи бурҷи лаъл кунам дурри шоҳвор суроғ.
Дилам, ки дар шикани зулфи тобдори ту рафт,
Намуд шона зи зулфи ту тор-тор суроғ.
Дил аст ҷоми ҷаҳонбин, макун ба гирди ҷаҳон,
Абас аз он чи ки ҳаст дар канор суроғ.
Ба мўшикофии рамзи адам фаридам, лек
Наёфтаам зи даҳону миёни ёр суроғ.
Ба ҷустуҷўйи ту шуд зарду нотавон Шоҳин,
Магар биҷўйӣ аз ин нотавони зор суроғ.

Ғазали зер низ дар нусхаҳои хаттӣ ва «Куллиёт»-у «Девон»-и матбуи Шоҳин наомадааст:
Чашмат ба хоби ман ҳама нозу итоб гуфт,
То рўзи бозхост чу хоҳад ҷавоб гуфт.
Ҳар ҳикмате, ки гуфт Фалотуни хумнишин,
Як-як ба ман ҳикояти онро шароб гуфт.
Кардам тамаъ зи лаъли ту оби Ҳаёт, лек
Бераҳм абруи ту ба теғам ҷавоб гуфт.
Зуҳди сиёсати ман дами шайхе ҳавола кард,
Пири муғон, ки маслиҳати шайху шоб гуфт.
Огаҳ дили касе, ки ба ғафлатсарои даҳр,
Таъбири ҳар фасона, ки дидем хоб гуфт.
Ҳар кас ба рўй ашки равон дид, қолабам,
Киштии Нўҳ бар сари оби азоб гуфт...

Дар бахши мухаммасоти Баёз мухаммасе аз Шоҳин оварда шудааст, ки ин мухаммас дар нусхаи хаттӣ ва «Куллиёт» оварда нашудааст. Дар ин замина танҳо банди аввали мухаммас оварда мешавад:
Килки монии қазо то он гули рў мекашад,
Ҳалқаи зулфи сунбул бар руху рў мекашад,
То ба лаъли обдораш хат чу абрў мекашад,
Гаҳ дилам сўйи хату гаҳ сўйи гесў мекашад,
Ин дили шайдо маро ҳар лаҳза ҳар сў мекашад... Дар охир ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки ашъори бештари шоирон дар баёзу ҷунгу маҷмўаҳо ба таври пароканда ҷой доранд ва ҳеҷ гоҳ мавриди омўзиши пурра қарор нагирифтаанд. Ба мураттибон ва муҳаққиқине, ки дар ҳамин замина пажўҳиш мекунанд, зарур аст, ки ҳангоми таҳияи девон, маҷмўаи ашъор, хусусан ҳангоми таҳияи матни интиқодӣ ба чунин сарчашмаҳо низ таваҷҷуҳ намоянд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2