Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

ХОСИ ХУДО

Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки гуфт: «Дар аснои як сафар бо Расули Худо будем ва ӯ бинобар рафъи эҳтиёҷе чанд муддат аз мо ҷудо шуд. Дар ин миён парандаеро бо ду чӯҷааш дидем ва чун паранда аз лонааш парвоз намуд, мо чӯҷаҳояшро гирифтем. Паранда бозгашт ва болои сарамон парвоз кардан гирифт. Дар ин ҳол Расули Худо (с) омаду гуфт:

— Чӯҷаҳои ин бечораро кӣ гирифт, ки боиси озораш гардид? Бар ҳоли ин паранда раҳм кунед ва чӯҷаҳояшро зуд баргардонед!

Ва боре чун Расули Худо (с) огоҳ шуд, ки мо хонаи мӯрчаҳоро оташ задаем, гуфт:

— Кӣ ин корро анҷом дод? Гуфтем:
— Мо.
Пас фармуд:

— Бо оташ ҷазо додан танҳо хоси Худост!»

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.