Дуои модар
Аз Боязиди Бастомӣ, орифи бузург, пурсиданд:
Ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ?
Гуфт:
Шабе модарам аз ман об хост. Дидам, ки дар хона об нест. Кӯзаро бардоштам ва ба ҷӯй рафтам, то об биёрам. Чун баргаштам, модарам хоб рафта буд. Бо худ гуфтам: «Агар бедораш кунам, хато хоҳам кард». Пас истодам, то шояд бедор шавад.
Бомдод модарам аз хоб бедор шуд, сар бардошт ва пурсид:
Чаро истодаӣ?!
Ҳодисаро барояш нақл кардам. Ӯ ба намоз истод ва пас аз адои намоз даст ба дуо бардошту гуфт:
«Худоё! Чунон ки ин писарро бузургу азиз доштаӣ, дар миёни мардум низ ӯро азизу бузург гардон».
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




