Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Говпарварӣ

Говпарварӣ яке аз соҳаҳои пешқадами чорводорӣ буда, аҳолиро бо маҳсулоти ширу гӯшт, саноати сабукро бо пӯст ва дигар ашёи хом таъмин мекунад.

Қисми асосии маҳсулоти чорво, ки дар мамлакати мо истеҳсол мешавад, маҳсулоти говпарварӣ аст: говпарварӣ 95 фоизи шир ва 63 фоизи гӯшти истеҳсолшавандаро таъмин мекунад.

Маҳсулнокии шир – миқдори шире, ки аз модагов дар як муддати муайян дӯшида мешавад. Давраи ширдӯшии говро давраи ширдиҳӣ меноманд. Давраи ширдиҳӣ тақрибан 10 моҳ давом мекунад.

Маҳсулнокии гӯшт – миқдори гӯште, ки аз як сар мол гирифта мешавад.

Маҳсулнокии гӯшти гов аз рӯйи вазни лоша ва баромади гӯшт муайян карда мешавад.

Масалан, агар вазни зиндаи буқача 450 кг ва вазни лошаи он баъд аз куштан 207 кг бошад, баромади гӯшт ба 207 : 450 × 100% = 46% баробар аст.

Дар республикаи мо говҳо барои гӯшт дар хоҷагиҳои шахсии ёрирасон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерии гӯштпарварӣ ва дар фермаҳо (бо фарбеҳкунӣ) парвариш карда мешаванд.

Дар асоси ҷорӣ намудани технологияи фарбеҳкунии чорво дар хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ва фермаҳои чорводорӣ захираи калони истеҳсоли гӯшти гов ба вуҷуд оварда мешавад.

Чорворо дар биноҳо ва оғилхонаҳо фарбеҳ карда, бо хошок, коҳ, шелухаи пахта, шрот, сабӯс, партовҳои хӯрокворӣ, мева, полиз ва сабзавот парвариш мекунанд.

Мақсади асосии фарбеҳ кардани гов ба даст овардани самараи баланд аст. Ба говҳо ҳар рӯз дар як вақт хӯрок додан лозим. Мӯҳлати фарбеҳкунӣ вобаста ба синну сол ва дараҷаи фарбеҳшавии чорво аз 70—80 рӯз то 110—120 рӯзро ташкил медиҳад.

Дар ҷадвали зерин таркиби ратсиони хӯроки чорво дар давраи фарбеҳкунӣ (бо ҳисоби %) нишон дода шудааст.

Навъи озуқаДавраи IДавраи IIДавраи III
Озуқаҳои сенаж ва дағал30–353020–25
Озуқаҳои ширадор50–5545–5035–40
Озуқаҳои консентратӣ10–1520–2540

4 гурӯҳи омилҳои ба ҷараёни фарбеҳкунӣ таъсиррасонанда мавҷуд аст. Дар вақти интихоб, хӯрокдиҳӣ ва нигоҳубини чорво ба ин омилҳо эътибор додан лозим аст.

1. Омилҳои марбут ба чорво

Ба ин омилҳо зот, синну сол, ҷинс, насл ва ҳолати умумии говҳо дохил мешаванд. Ин бо хариди бевоситаи говҳо вобаста аст. Дар ин сурат чорвои зоти хубро интихоб кардан самарабахш аст.

Зотҳои чорвои ширу гӯшт низ мавҷуданд, ки онҳоро зоти ҷуфтмаҳсул меноманд.

2. Омилҳои марбут ба раванди идоракунӣ

Ба ин омилҳо интиқол додани чорво, карантин, рақамгузорӣ, эмкунӣ ва безараргардонӣ, нигоҳубини сумҳо ва омода кардан ба фарбеҳкунӣ дохил мешаванд.

3. Омилҳои марбут ба молхонаҳо

Ҷойҳое, ки говҳо парвариш ва фарбеҳ карда мешаванд, молхона, ҷойи кушод ва оғилхона номида мешавад.

4. Омилҳои марбут ба озуқаворӣ

Чорво хӯрокиҳои гуногуни растанӣ мехӯрад ва онро ба ширу гӯшт табдил медиҳад. Моддаҳои ғизоии хӯрок бояд дар организм осон ҳазм шаванд. Агар гов барои ширдиҳӣ парвариш карда шавад, дар ратсиони он бояд силос, хошок, алафи кабуд, пичан, лаблабу, хӯроки хушсифати консентратӣ дохил карда шавад.

Агар гов барои фарбеҳкунӣ парвариш ёбад, дар ратсиони он бояд бештар консентратҳо (ем, сабӯс, шелуха, шрот) бошанд. Чорво бояд дар ҳолати камҳаракат бошад. Талабот ба об дар чорводорӣ низ муҳим аст ва обе, ки ба ҳайвонот дода мешавад, бояд тоза ва барои нӯшидан мувофиқ бошад. Агар имконпазир бошад, беҳтар аст, ки ҳамеша дар назди чорво оби тоза гузошта шавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.