Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Усулҳои тайёр намудани қаламчаҳои сабз ва баргӣ

Қаламчаи сабз аз шохаҳои ҷавони нарми растанӣ тайёр карда мешавад. Азбаски онҳо нисбат ба дигар қаламчаҳо зудтар реша мегиранд, афзоиш додани растанӣ бо онҳо осонтар аст.

Қаламчаҳои сабзро одатан аз қисми болоии растанӣ – шохаҳои тез нашъунамоёбанда мебуранд. Онҳоро дар дигар фаслҳои сол, махсусан дар охири тобистон ва аввали тирамоҳ низ тайёр кардан мумкин аст. То баҳор бо роҳи сунъӣ баланд бардоштани ҳарорати ҷойе, ки дар он ниҳол нигоҳ дошта мешавад, имкони нашъунамои босуръати шохаҳои барои буридан мувофиқ фароҳам овардан мумкин аст.

Барои он ки қаламча зуд реша гирад ва инкишоф ёбад, қисми поёнии онро аз шохаи ғафс бо усули «пошна» мебуранд.

Қаламча пас аз буридан бояд зудтар шинонда шавад. Агар ин имконнопазир бошад, онҳоро дар зарфи пур аз об, ё дар халтаи полиэтиленӣ гузошта дар ҷойи сояафкан ё дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст. Ин имконият медиҳад, ки бухоршавии об аз қаламча кам карда шавад.

Бо усули ба даст овардани қаламчаи сабз шумо метавонед ба осонӣ растаниҳои гуногун, аз ҷумла растаниҳои мевагӣ ва ороишӣ, навъҳои ангур, садбарг ва хризантема парвариш кунед.

Усулҳои тайёркунии қаламчаи барг

Дар амалиёти боғдорӣ ба ибораи «қаламчаи барг» дучор омадан мумкин аст. Саволи «Оё аз барги оддӣ як растании том рӯёнидан мумкин аст?» ба миён меояд. Баъзе растаниҳои хонагӣ (бегония, толстянка, геснерия ва ғайра) чунин хусусияти аҷиб доранд. Муайян карда шудааст, ки ин хусусият ба ҷараёнҳои мураккаби биофизиологӣ ва кимиёвӣ, ки дар баргҳои растанӣ ба амал меоянд, вобаста аст. Дар ҷараёни инкишоф аз ҳисоби дар баъзе ҷойҳои барги растанӣ муттаҳид шудани бофтаҳо барои пайдоиши растании нав шароит ба вуҷуд меояд.

Чунин «қаламчаи барг»-и беназирро танҳо аз баргҳои пурра ташаккулёфта гирифтан мумкин аст. Азбаски растаниҳои дорои ин хусусият асосан дар гармхона, ё дар хона парвариш карда мешаванд, аз онҳо дар фасли зимистон ва тобистон «қаламчаи барг» гирифтан мумкин аст.

Боғбоне, ки ин усулро истифода мебарад, бояд боварӣ ҳосил кунад, ки таҷҳизот тоза ва баргҳо солиманд (бемор нестанд).

Андозаи зарф вобаста ба миқдори қаламчаҳои барг интихоб карда мешавад. Он бо омехтаи баробари торф ва қуми дурушт пур карда мешавад. Сатҳи омехта бояд аз канори зарф 1 см поёнтар бошад. Баргро бо бандаш бо корди тез ё теғи устара бодиққат мебуранд. Агар дарозии банди барг аз 5 см зиёд бошад, зиёдатиаш бурида мешавад. Қаламчаҳои баргро дар сӯрохиҳои дар омехта кофташуда шинонда мешаванд. Баъд аз ин ба онҳо маҳлули фунгитсид пошида, зарфро бо тамғаи мувофиқ қайд мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.