Усулҳои нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда (обдиҳӣ, ғизодиҳӣ, шаклдиҳӣ, буридани навда)
Усулҳои обдиҳии дарахтони мевадиҳанда. Дар ҷаҳон дар мевапарварӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон 4 усули обёрӣ истифода мешавад:
- бо ҷӯя об додан;
- ҳавза карда об додан;
- обёрии ғарқобӣ;
- обёрии боронӣ.
Дар баробари ин технологияи муосири обёрӣ, ки обро сарфа мекунанд, низ истифода мешаванд. Аз ҷумла, усули обёрии қатрагӣ мавҷуд аст, ки минтақаи решаи растаниро бо оби даркориаш таъмин мекунад.
Нуридиҳии дарахтони мевадор. Нуриҳо ба ҷараёнҳои гуногуни ҳаётии дарахтони мевадиҳанда таъсир мерасонанд. Дар сурати моҳирона истифода бурдани онҳо қисми рӯизаминӣ ва системаи решаи растаниҳо хеле мустаҳкам инкишоф меёбад.
Дарахтҳо қисми зиёди моддаҳои ғизоии заминро барои ҳосил намудани меваю барг ва нашъунамои шохаҳои имсола сарф мекунанд.
Ба замин омехта кардани нуриҳои органикӣ ва минералӣ самарабахш аст. Дар вақти бо пору омехта кардани нуриҳои минералӣ хок на танҳо аз моддаҳои ғизоӣ бой мешавад, инчунин моддаҳои органикӣ ба вуҷуд омада, структураи хокро нигоҳ медоранд.
Роҳҳои шакл додан ва буридани дарахтони мевадор. Шаклдиҳӣ ва буриданро дар мевапарварӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар Ӯзбекистон ба аксари навъҳои дарахтони мевадиҳанда шакли пасттана медиҳанд. Зеро ин усул барвақт ба ҳосил даромадани онҳоро таъмин карда, тобоварии онҳоро ба сӯзиши офтоб, шамол ва хунук зиёд мекунад, инчунин нигоҳубини дарахтонро (буридан, муборизаи зидди ҳашароти зараррасон, ҷамъоварии ҳосил) осон мекунад.
Шакли қабатӣ
Дар баъзе навъҳои меваҷот (себ, нок, гелос ва ғайра) шохаҳои асосӣ дар тана қабат-қабат ҷойгир шуда, дар ҳар қабат 3–5 шоха мешавад.
Шакли беқабат
Хусусияти ин шакл дар он аст, ки шохаҳои асосӣ як-як қад-қади тана, дар масофаи муайян аз ҳамдигар ҷойгиранд. Танаи марказӣ ё шохаи дарахт дар тӯли умри худ нигоҳ дошта мешавад ё пас аз пайдо шудани шохаи охирини боло бурида мешавад.
Шакли косашакл
Одатан 3—5 шохаи асосиро дар як қабат гузошта, шохаи марказиро бурида мегиранд. Дар ин ҳолат, дарахт косашакл мегардад.
Шакли хобида
Шохаҳо дар баландии 30—60 сантиметр аз сатҳи замин, дар наздикии хок ҷойгир карда мешаванд.
Шакли бутташакл
Дарахтони бутташакл танаи марказӣ надоранд, онҳо аз якчанд танаи мустақил иборатанд, ки аз назди замин мерӯянд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




