Намудҳои мошинҳое, ки дар ҷамъоварии ҳосил истифода мешаванд
Барои ба вуҷуд овардани базаи хушсифату ба қадри кифоя хӯроки чорво, яъне бештар коштани зироатҳои серҳосил ва серғизо, инчунин беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил аз мошинаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ истифода бурда мешавад.
-
Мошини пахтачинии МХ-1,8 бо шпиндели амудӣ. Шпиндели амудӣ танҳо пахтаи пухтарасидаро кашида мегирад, аммо пахтаи пухтанашударо гирифта наметавонад.
-
Мошини пахтачинӣ бо шпиндели горизонталӣ. Дар пахтазоре, ки ҳосил пурра кушода шудааст, истифода бурдани мошинаи дорои шпиндели горизонталӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар акси ҳол шпиндел бо нӯги худ ба кӯракҳои кабуд зада, нахи хоми даруни онҳоро мекашад ва дар натиҷа сифати пахтаи чидашуда паст шуданаш мумкин.
Мошини ғалладаравӣ
Ҳар як комбайни ғалладаравӣ аз қисмҳои дарав, аппарати кӯфтан, коҳтозакунӣ, донтозакунӣ, бункери дон ва ҷамъкунандаи коҳ иборат аст. Аппарати кӯфтани аксиал-роторӣ аз ротори (барабани) хеле дароз (қариб 3,0 м) ва ҷилди мустаҳками ба он насбшуда иборат аст.
Мошинҳои картошкаҷамъкунӣ
Ҷамъоварии картошка меҳнатталаб буда, 45—60 фоизи хароҷоти парвариши картошкаро ташкил медиҳад. Картошкаро бо фосилаи байни қаторҳо 70 сантиметр ва байни лонаҳо 30 сантиметр мекоранд. Бо мошина ҷамъоварӣ намудани картошка самаранок буда, ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардорад.
Мошинаҳои донҷамъкунӣ
Мошинҳои дондаравӣ мошинҳое мебошанд, ки гандум, ҷав, шолӣ, овёс барин зироатҳоро даравида, ба қатор ҷамъ (ғун) мекунанд. Одатан, барои ҳар як зироати ғалладона комбайнҳои хоси дондаравӣ ва боркунакҳои дон мавҷуданд.
Мошинҳои ҷамъкунандаи хӯроки чорво
Мошинҳои алафдарав аз рӯйи пайвастшавӣ ба трактор ядакӣ, овезон ва нимядакӣ мешаванд; вобаста ба навъи дастгоҳи дарав – сегментию ангуштдор ё ротордор; вобаста ба шумораи аппарати дарав – як, ду ё се теғдор; аз рӯйи таъсир ба пояҳои буридашуда ба навъҳои пахшкунанда ва майдакунанда тақсим мешаванд.
Мошинҳои пресскунии алаф. Технологияи дар саҳро то 25—26 фоиз намӣ хушк кардани хошоки даравида, дар як қатор ҷамъ кардан ва пресс кардани он маъмул аст.
Комбайнҳои силосдаравӣ. Технологияи дар вақти алафдаравӣ майда кардани хошок ва аз онҳо гирифтани хӯроки сенаж, силос ва орди алаф васеъ паҳн гаштааст. Ин комбайнҳо зироатҳои силосбоб, монанди алаф ва ҷуворимаккаро дар як вақт даравида, ба нақлиёт бор мекунанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




