Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Дастгоҳҳо ва мошинҳои обёрикунандаи зироатҳо

Дар хоҷагии қишлоқ самаранок ва сарфакорона истифода бурдани ресурсҳои об, хусусан дар обёрии зироатҳо ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об муҳим аст.

Усули обёрӣ маҷмӯи усулҳо ва тадбирҳоест, ки барои ба минтақаҳои обёришаванда тақсим кардани оби обёрӣ ва интиқол додани об ба хок ва ҳавои атрофи растанӣ истифода мешаванд.

Технологияи обёрӣ – технология ва воситаҳои техникии интиқоли об ба хок ва ҳавои атрофи растанӣ.

Ҳоло дар республикаи мо дар парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ навъҳои анъанавии обёрии рӯйизаминӣ ва технологияи муосири сарфаи об истифода мешаванд.

Обёрии ҷӯякӣ дар болои замин. Дар усули обёрии рӯйизаминӣ об аз болои хок ба киштзор тақсим карда мешавад. Дар ин ҳолат об дар ҷараёни ҳаракати уфуқӣ ба тарафҳои амудӣ ва паҳлӯӣ ба хок ҷаббида мешавад.

Технологияи обёрии каммасраф. Дар байни технологияҳои сарфаи об обёрии қатрагӣ, боронӣ, дискретӣ ва аэрозолӣ аҳамияти калон доранд.

Обёрии қатрагӣ усули обёрӣ мебошад, ки обро ба минтақаи решаи растанӣ мувофиқи талаботи он мерасонад.

Обёрии боронӣ як усули обёрӣ мебошад, ки барои обёрии зироатҳо дар асоси ҳосил кардани борони сунъӣ пешбинӣ шудааст. Обёрии боронӣ бо ёрии асбобҳои махсуси обпошӣ ва боронкунӣ гузаронда мешавад.

Обёрии дискретӣ усули обёрии зироатҳои кишоварзӣ мебошад, ки дар он об аз қубурҳои чандир бо силсилаи импулсҳо ва бо таваққуф дода мешавад. Дар ин сурат замин бо ёрии агрегатҳои автоматии ҳамворкунии замин бо идоракунии лазерӣ пешакӣ ҳамвор карда мешавад.

Дар рафти обёрии аэрозолӣ барои зироатҳои хоҷагии қишлоқ шароити мусоиди микроиқлим фароҳам оварда мешавад. Намии нисбии қабати сатҳи ҳаво зиёд шуда, ҳарорати узвҳои рӯизаминии растаниҳо 6—12°С паст мешавад. Дар ин усул нормаи обёрӣ 0,8—1,0 м3/га буда, обёриро дар гармии рӯз ҳар ду соат гузаронда, обро бо асбобҳои махсус ба қатрачаҳои хурди диаметрашон 400—600 мкм (микрометр) тақсим мекунанд.

Афзалиятҳои усули обёрии аэрозолӣ

  • ҷараёни фотосинтез дар растаниҳо беҳтар мешавад;
  • ҳосилнокии зироат меафзояд;
  • сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар мегардад;
  • сарфи об 40–50 % кам мешавад.
0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.