Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Мошинҳои кишткунӣ ва ниҳолшинонӣ

Барои ба даст овардани ҳосили баланд заминро тайёр кардан кифоя нест. Барои ин инчунин тухмии навъҳои хушсифат ё ниҳоли зироатҳои ба шароити хоку иқлими маҳал мувофиқ шинондан лозим аст.

Усулҳои зиёди коштани тухмӣ, аз он ҷумла қаторӣ, қатории танг, қатории васеъ, тасмашакл, лонагӣ, квадратӣ, донагӣ ва ғайра мавҷуданд. Усули кишти тухмӣ ва навъи тухмипошак мувофиқи хусусиятҳои тухмӣ, ҳолати замин ва технологияи нигоҳубини зироат интихоб карда мешавад.

Тухмипошак (сеялка) мошинест, ки барои ба замин баробар коштани тухмӣ ва дар як вақт андохтани нуриҳо пешбинӣ шудааст.

Тухмпошакҳои (сеялкаҳои) ғалладона асосан ядакӣ (присеп) буда, бо ёрии аппарати махсус якчанд тухмипошакро ба тракторҳои пуриқтидор пайваст карда, агрегатҳои паҳноиаш калонро ташкил медиҳанд. Ин навъи тухмипошакро барои кишти тухмӣ дар майдонҳои калон истифода бурдан мумкин аст. Барои зироатҳои дар майдонҳои маҳдуд (пахта, лаблабу, сабзавот) кошташуда тухмипошакҳои овезон (осма)-ро истифода бурдан беҳтар аст.

Мошинаҳои ниҳолшинонӣ барои шинондани ниҳолҳои сабзавот, дарахт ва ток пешбинӣ шудаанд.

Дар сабзавоткорӣ мошинаҳои гуногуни ниҳолшинонӣ истифода мешаванд. Қисмҳои асосии онҳо чаҳорчӯба (рама), зарфи об, ки дар болои он гузошта шудааст, курсича ва рафҳое, ки дар онҳо қуттиҳои ниҳол гузошта мешаванд, ҷӯйкашак, дастгоҳҳои шинондани ниҳолҳо, асбобҳои обдиҳии ниҳолҳо ва чархҳо мебошанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.