Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Усулҳои мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон

Бемориҳои растанӣ бо сабабҳои гуногун тавассути микроорганизмҳо ва дар натиҷаи ҷараёнҳои дар зери таъсири шароити номусоиди беруна рухдиҳанда ба вуҷуд меоянд. Онҳо боиси вайрон шудани фаъолияти организми растанӣ (фотосинтез, нафаскашӣ, синтези моддаҳои афзоиш, ҳаракати об, моддаҳои ғизоӣ), пурра нобуд гаштани растанӣ ё осеб дидани баъзе узвҳои он мешаванд. Касалии растаниҳо ҳосилро паст карда, сифати онро вайрон мекунад. Зиёда аз 30 ҳазор навъи онҳо маълум аст. Аломатҳо ё таснифоти беморӣ вобаста ба растании зарардида ва сабабҳои барангезанда гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

Зараркунандаҳо ҳайвоноти хурд ва ҳашаротҳое мебошанд, ки ба растаниҳо зарари калон мерасонанд. Онҳо рушди растаниро ба таври назаррас суст ва ҳосилро кам карда, ба меваҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд. Ба зараррасонҳо шира, шабушк, гамбӯсакҳо, личинка, кирм, лойкирм, муш, каламуш, паррандаҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Усулҳои мубориза бар зидди бемориҳои растанӣ ва зараркунандаҳо

  1. Агротехникӣ – шудгори хушсифат, кишт, обёрӣ, хишова, нурӣ андохтан, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил.
  2. Биологӣ – мубориза ба муқобили касалиҳо ва ҳашароти зараррасон бо ёрии организмҳои зинда.
  3. Кимиёвӣ – ба муқобили касалиҳо ва ҳашароти зараррасон истифода бурдани доруҳои гуногуни заҳрнок.
  4. Физикӣ – усулҳои гармкунӣ ва сӯзонидан.
  5. Механикӣ – чидани дастии ҳашарот (гамбӯсаки колорадо, шабпараки сафеди карам ва ғайра).
0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.