Усулҳои парвариши тухмӣ ва ниҳолҳо
Тухмпарварӣ як соҳаи растанипарварӣ мебошад. Вай бо иваз ва нав кардани навъҳо, нигоҳ доштани сифатҳои навъии тухмиҳо машғул мешавад. Тухм узви растаниҳои тухмист. Он вазифаҳои афзоиш, паҳншавӣ ва аз сар гузаронидани шароити номусоиди берунаро иҷро мекунад.
Одатан, пас аз бордоршавӣ, тухм аз муғҷаи тухмӣ инкишоф меёбад, баъзан он метавонад бе бордоршавӣ инкишоф ёбад. Тухм аз ҷанин (эмбрион), пӯст (ғилоф) ва моддаҳои ғизоии захиравӣ иборат аст.
Ғилофи тухмӣ аз рӯйпӯши муғҷаи тухмӣ ба вуҷуд меояд. Ғилофи тухмии баъзе растаниҳо ба қисмҳои беруна (гӯштдор, обдор) ва дарунӣ (сахт, хушк) тақсим карда мешавад, баъзеи дигар пӯсти тухмии сахт, ғафс, ё нафис доранд.
Як мева метавонад аз як то якчанд ҳазор ё миллионҳо дона тухм дошта бошад. Як растанӣ аксар вақт метавонад то якчанд ҳазор тухмӣ (хусусан алафҳои бегона) диҳад.
Кӯчат ниҳолест, ки дар кӯчатзор, гармхона ва яшикҳо ва парникҳои махсус парвариш карда шуда, ба майдони асосӣ кӯчонида шинонда мешавад. Тухмниҳолҳо растаниҳои яксола ва дусола мебошанд, ки аз тухмҳо дар ниҳолхона парвариш карда мешаванд. Тухмниҳолҳои растаниҳои мевадиҳанда ҳамчун пайвандтаг, тухмниҳолҳои растаниҳои ороишӣ барои бунёди ҷангал истифода мешаванд.
Ниҳолпарварӣ (кӯчатпарварӣ) яке аз соҳаҳои муҳими сабзавоткорӣ буда, он аз тухмиҳо омода кардани ниҳолҳо барои кишт дар майдони кушод мебошад. Масалан, ниҳолҳои карам, қаламфур, бодинҷон, помидор, себ, зардолу, ток парвариш карда мешаванд.
Ниҳолҳо асосан дар гармхонаҳо парвариш карда мешаванд. Дар гармхона тухмиро дар хок ба чуқурии 3—4 сантиметр мегузоранд. Ҳарорати ҳаво дар гармхона бояд 15–20 °C бошад. Барои ин ромҳои гармхонаҳоро баста, ба ҳамин миқдор ҳарорат муқаррар карда мешавад. Дар сурати ба қадри кифоя будани намӣ ва ҳарорат тухмӣ зуд месабзад. Пас аз сабзидани тухмӣ, ҳарорат ва намӣ каме паст карда мешаванд.
Ниҳолҳоро пас аз барг баровардан ба ҷойи дигар мекӯчонанд ё беҳтаринашро монда, тунук мекунанд. Ҳангоми кӯчонидан тиррешаи ниҳолҳо бурида мешавад. Дар натиҷа нашъунамои қади растанӣ суст шуда, поя ва баргҳо ғафс мешаванд.
Барои обёрии ниҳолҳо ба 1 литр об 4—5 грамм нурии азотӣ ва 3–4 грамм нурии фосфориро омехта кардан лозим аст. Агар ба замин нурӣ андохта шавад, нашъунамои ниҳолҳо тез мешавад. Ниҳолҳо аз алафҳои бегона тоза карда мешаванд. Пеш аз кишт дар майдони кушод барои мутобиқшавӣ дару тирезаҳои гармхона шабона ва рӯзона кушода мешаванд, камтар об медиҳанд. Дар ин вақт помидор бояд 6—7-то, карам, бодинҷон ва қаламфур 4—8-то барг дошта бошанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




