Кишти бе хок (гидропоника)
Баланд бардоштани самаранокии истифодаи гармхонаҳо ва коркарди технологияи муосири парвариши маҳсулот масъалаи муҳим гардидааст. Дар байни технологияҳои таҳияшуда системаи бе хок парвариш кардани зироатҳо (гидропоника) аҳамияти махсус пайдо мекунад. Калимаи гидропоника (юн. hydor — об, нам ва ponos — меҳнат, кор) усули дар муҳити сунъии бе хок парвариш намудани растаниҳоро ифода мекунад.
Дар вақти парвариши зироатҳои бе хок материалҳои гуногуне, ки ба ҷойи хок истифода мешаванд, ҳамчун муҳити реша хизмат мекунанд ва ғизодиҳии растаниҳо бо ёрии маҳлули намакҳои минералӣ дар об сурат мегирад.
Афзалиятҳои гидропоника нисбат ба кишоварзии хокӣ
- имконияти дар давоми сол рӯёндани ҳосил;
- сифати баланди ҳосил;
- ба даст овардани маҳсулоти хушсифату болаззат;
- бар зидди ҳашарот моддаҳои кимиёвӣ истифода бурда намешаванд;
- идоракунии автоматӣ;
- имконияти дар ҳама ҷо рӯёндани ҳосил;
- сарфаи об то 50%;
- назорати осони ғизо ва такрористеҳсоли растаниҳо.
Камбудиҳои гидропоника
- парвариши зироат осон нест;
- сохтани гармхона маблағи зиёдеро талаб мекунад;
- зарурати доимӣ ба об ва барқ;
- зарурати пешгирии хатогиҳои техникӣ;
- зарурати назорати доимии идоракунии автоматӣ;
- хавфи ифлосшавии муҳити зист.
Азбаски афзоиши босуръати аҳолии кураи замин, кам шудани майдонҳои обёришаванда, паст шудани ҳосилхезии замин дар натиҷаи шӯршавӣ, эрозия ва хушксолӣ ба ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ таъсири манфӣ мерасонад, парвариши зироатҳои бехок (гидропоника) дар ёфтани роҳҳои ҳалли ин масъала аҳамияти калон дорад.
Системаи гидропоника бояд асосан дар ҳудудҳои дорои захираҳои геотермалӣ барпо карда шавад. Зеро 30—40 фоизи хароҷоти дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот сарфшуда барои гармкунӣ сарф мешавад.
Усули гидропоника ба 5 намуди асосӣ тақсим мешавад:
-
гидропоникаи обӣ – муҳите, ки дар он реша ғизо дода мешавад, маҳлули намакҳои ғизоӣ дар об мебошад;
-
агрегатопоника – муҳити решаро маводи сахти бетаъсир (рег, шағал ва ғайра) ташкил медиҳад, ки ба он маҳлули ғизоҳои минералӣ дода мешавад;
-
химокултура (химокишт) (лат. chemia — кимиё, cultura — парвариш, коркард) – маводи органикии ковок, ки бо маҳлули ғизоӣ нам карда шудааст;
-
ионитопоника – муҳити ғизои реша аз донаҳои ионитҳо – омехтаи катионитҳо ва анионитҳо иборат аст (ионҳои онҳо қисман бо ионҳои намакҳои минералӣ иваз карда мешаванд);
-
аэропоника (юн. aer — ҳаво) — ҳаво муҳити ғизодиҳии реша аст. Дар ин сурат системаи решаи растаниҳоро дар ҷойи торики махсус дар ҳаво ҷой дода, ба воситаи форсункаҳо ҳар вақт ба решаи он маҳлули ғизо пошида мешавад, ё решаро дар найча меандозанд ва маҳлули ғизо ҳар замон ба воситаи ин найча рехта мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




