Технологияи дӯхтани чокҳои параллелӣ, зигзагӣ, чорқатори хурду калон. Дӯхтани гиреҳ (петля) дар мошина
Ба чокҳои мошин аз тарафи истеҳсолгар ва истеъмолкунандагон талаботи баланд гузошта мешавад. Ба талаботи истеҳсолӣ сарфи матоъ, сарфи матоъ барои чок (ҳаққи хам шуда дӯхтан), ҳаҷми кор ва ғайраҳо дохил мешаванд. Талаботи истеъмолкунандагон намуди зоҳирии чок, якпорчагии пайвасткунакҳо, мавҷуд ё набудани қитъаҳои фуҷур ё кашидашудаи дарз, қувват ва ғайраро дар бар мегиранд.
Қисмҳои либос бо ришта дар мошинаҳои гуногуни дӯзандагӣ бо истифода аз як ришта ё ду ришта пайваст карда мешаванд. Аз рӯйи сохт ва вазифа 3 намуди дарзҳо мавҷуданд:
-
дарзҳои пайвасткунанда – деталҳои либосро ба ҳам мепайванданд;
-
дарзҳои коркардӣ – канори деталҳоро коркард намуда, бурришҳоро аз парешон шудан ҳифз мекунанд;
-
дарзҳои ороишӣ – либосро оро медиҳанд.
Дарзи васлкунанда барои пайваст кардани деталҳо истифода бурда мешавад. Дар ин маврид ду қисмро ба ҳам гузошта, дар паҳнои 1,0 см аз канор бахяқатор мегузоранд.
Дӯхтани дукарата барои дӯхтани рӯйпӯшҳо ва халтаҳои ҷайбӣ истифода мешавад. Барои сохтани дарзи дукарата деталҳоро бо тарафҳои чап ба ҳам гузошта, бо дарз васлкунандаи паҳнои 0,3–0,5 см медӯзанд. Баъд деталҳоро ба тарафи рост гардонда, дарзро рост карда, дар масофаи 0,6—0,7 сантиметр аз канори деталҳо чоки дуюм мегузоранд.
Дарзи дарунӣ барои дӯхтани деталҳои либоси таг, пиджак аз дока ва шим истифода мешавад.
Аз ҳама маъмултарин намуди дӯхтани зигзаг мебошад. Паҳнои дарз ба тунук ва ғафсии матоъ вобаста аст. Барои он ки зигзаг дар матоъи тунук ҳамвор ва бе кашишхӯрӣ бошад, матои нобофтаи иловагӣ истифода мешавад. Матои нобофтаро ба тарафи чапи матоъ часпонида, баъд як қатор кӯкҳои зигзагӣ месозанд. Гиреҳ бо риштаи махсуси мошинҳои нимавтоматӣ дӯхта мешавад. Мошини дарздӯзӣ дарз медӯзад, дарозии дарзро оператор муайян ва назорат мекунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




