Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Маълумоти умумӣ дар бораи либос

Либос – ин маҷмӯи маҳсулоти тайёре мебошад, ки инсон мепӯшад. Вай бадан ва дасту пои одамро аз муҳити беруна пурра, ё қисман ҳимоя мекунад. Либос яке аз қадимтарин ихтирооти инсонӣ ба мисли манзил аст, ки дар давраи охири палеолит ба вуҷуд омада, вобаста ба муҳити ҷуғрофӣ, сохтори иқтисодӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, хусусиятҳои этникӣ ва ғайра инкишоф ёфтааст.

Либоси беруние, ки бар болои либосҳои сабук мепӯшанд: палто, куртка, комбинезон, костюм, свитер, юбка, пешдоман, курта.

Либосҳои сабуке, ки дар бадан мепӯшанд: курта, халат, блузка, куртаи мардона, юбка, шим, футболка.

Либоси дарунӣ: куртаи шабона, пижама, футболка, шим, корсет, синабанд. Либосҳои сар ва пой: кулоҳ, шиляпа, рӯймол, шарф, сарпӯш, пойафзол, кроссовкаҳо, мӯза, шиппак, ҷӯроб.

Одатан либосҳои оддиро мувофиқи фарҳангу табъи мардум, бо модаҳои гуногун ва аз матоъҳои гуногун тайёр мекунанд. Мансубият ба касб, гурӯҳи этникӣ ва иҷтимоӣ дар он ифода меёбад.

Либоси спортӣ барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва спорт хеле мутобиқ аст.

Либоси корӣ аз матоъҳои махсус мувофиқи шароити кор тайёр карда мешавад. Масалан, либоси кории сӯхторхомӯшкунанда аз брезенти ба оташ тобовар, либоси моҳигирон аз матои обногузар дӯхта мешавад. Либоси кории тракторчӣ аз комбинезон, либоси кории коркунони тиб, сартарошҳо, ошпазҳо асосан аз халатҳои сафед иборат аст.

Либосҳои идонаю маросимӣ бо услуби миллӣ аз матоъҳои гаронбаҳо дӯхта шуда, бо ороишоти гуногун, гулдӯзӣ, маҳтобӣ ғанӣ гардонида шудаанд. Либоси махсус – либоси занони ҳомила, беморон ва дигарон.

Либоси хизматӣ (либоси расмӣ) – либоси низомии ҳарбӣ, прокуратура, андоз, милитсия, алоқа тибқи низомномаи махсус, инчунин либоси мактабӣ.

Либосе, ки ҳангоми истироҳат истифода бурда мешавад, аз матои мулоим ва нарм сохта мешавад, ки барои ҳаракати озод мутобиқ аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.