Иҷрои корҳои электромонтажи оддӣ
Аз сабаби дар ҳама соҳаҳо васеъ истифода шудани қувваи барқ одамон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо асбобҳои гуногуни барқӣ сару кор мегиранд. Аз сабаби аз кор баромадани асбобҳои электрикӣ ва вайрон кардани қоидаҳои истифодабарии онҳо ҳатто шиддати нисбатан ками он метавонад ба саломатии инсон зарар расонад ва ҳатто ба ҳаёти одамон хавфнок бошад. Барои он ки хавфи зарбаи электр ба одам кам карда шавад, бояд сохти асбобҳои электрикӣ, принсипи кор ва қоидаҳои бехатарии истифодабарии дастгоҳҳоро донист.
Сими дарозкунандаи барқ. Дар дастурҳои истеҳсолкунанда нишон дода шудааст, ки асбобҳои электрикии рӯзгор бояд бевосита ба васлак (розетка) пайваст карда шаванд. Баъзан ин талаботро қонеъ гардондан мумкин нест, зеро истеъмолкунанда аз васлаки (розеткаи) электрикӣ дур аст. Дар чунин ҳолатҳо симҳои дарозкунандаи барқ ба кӯмак меоянд.
Чӣ қадаре ки истеъмолкунандагон ба шабака пайваст шаванд ва қувваи онҳо зиёдтар бошад, ҳамон қадар ҷараёни бештар аз ноқилҳо мегузарад. Инро дар муҳандисии электротехникӣ изофаборӣ меноманд. Дар сурати зиёд шудани сарборӣ изолятсияи ноқилҳо вайрон мешавад (месӯзад). Дар натиҷа ноқилҳои кушодашуда ба ҳамдигар мерасанд ва дар натиҷа расиши кӯтоҳ ба амал меояд.
Ҳангоми интихоби буриши (сатҳи кундаланги) симҳои дарозкунанда ҷараёни истеъмолкунанда ба назар гирифта мешавад. Ҳар қадаре ки ҷараёни истеъмолӣ зиёд бошад, буриши ноқил бояд ҳамон қадар калон бошад. Масалан, агар сими дарозкунанда барои иқтидори 1,5 кВт пешбинӣ шуда бошад ва ба он истеъмолкунандаи қувваи барқ 3 кВт пайваст шавад, сими ноқил хеле гарм мешавад. Ин боиси вайрон шудани изолятсияи электрикӣ ва расиши кӯтоҳ мегардад.
Дар ёд доред!
Истифодаи нодуруст, ё аз ҳад зиёди интиқолдиҳандаҳои барқӣ метавонад боиси сӯхтор гардад. Ба интиқолдиҳандаи электрикӣ дар як вақт якчанд истеъмолкунандаро пайваст кардан мумкин нест. Ноқилҳои барқро дар зери қабатҳои гуногун истифода бурдан мумкин нест.
Включатели автоматӣ. Включатели барқӣ барои пайваст кардан ва ҷудо кардани схемаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, барои муҳофизат кардани онҳо аз расиши кӯтоҳ ва аз ҳад зиёд сарборӣ истифода мешавад.
Дар сурати аз ҳад зиёд гарм шудан, расиши кӯтоҳ ва ё аз ҳадди иҷозатдодашуда зиёд шудани ҷараён дар сети электрикӣ, включатели автоматӣ схемаи электрро аз сети электр ҷудо мекунад. Ҳангоми дар хона иҷро кардани корҳои хурди электрикӣ (иваз кардани лампочка, шнур, розетка, включател ва ғайра) включатели автоматро хомӯш кардан лозим аст. Барои интихоби автомати барқ, шумо бояд иқтидори умумии истеъмолкунандагонро дар хона ё шабака донед. Масалан, агар қувваи умумии истеъмолкунандагон дар хона 4400 Вт бошад, ҷараён I = P : U = 4400 Вт : 220 В = 20 А мебошад.
Ҳангоми иҷрои корҳои монтажи электрикӣ дар хотир бояд дошт, ки бо дароз кардан, монтаж кардан, ҷойгир кардан ва васл кардани симҳои электр танҳо мутахассисон машғуланд.
Шумо метавонед дар зери назорати муаллим ва падару модарон худатон корҳои оддиро, аз қабили насб кардан ва танзим кардани штепсел, таъмири симҳои дарозкунандаро иҷро кунед. Барои ин таҷҳизоти махсус лозим аст.
Ноқилҳои электрӣ одатан дар шакли мудаввар истеҳсол карда мешаванд, онҳо бояд гузариши баланди барқ, чандирӣ ва қувваи баланди механикӣ дошта бошанд. Дар истеҳсоли ноқилҳои барқ мис ва алюминий истифода мешавад.
Аз рӯйи шумораи пояҳои ҷараёндор симҳои якпоядор, дупоядор ва бисёрпоядор ҷудо мешаванд. Ҳар як пояро якнахӣ ё бисёрнахӣ истеҳсол мекунанд. Ноқилҳои бисёрнахи барқ нарм ва чандир мебошанд. Ноқилҳои электрӣ аз ҳамдигар ва аз таъсири беруна ҷудо мебошанд.
Барои изолятсияи ноқилҳо полимерҳо, лак, коғаз ва ғайра истифода мешаванд. Дар вақти кандани изолятсия ба изолятсияи дохилӣ ва берунӣ зарар нарасондан, бутунии пояи ҷараёндорро нигоҳ доштан лозим аст.
Изолятсияи ноқилҳои барқ ба таври зерин канда мешавад:
• сими электрро ба таҳкурсии ҳамвор гузошта, изолятсияи беруна бо корд бурида мешавад;
• ба корд қувваи бештар дода, изолятсия то охир бурида мешавад;
• изолятсия бо даст кушода мешавад;
• изолятсияи беруна канда партофта мешавад;
• кордро дар кунҷи хурд нигоҳ дошта, як тарафи изолятсияи дохилӣ гирифта партофта мешавад;
• изолятсияи боқимонда печонида, бо корд бурида мешавад.
Истифодаи стрипператорҳо барои кандани изолятсияи ноқилҳои барқӣ самаранокии корро зиёд мекунад.
Пайваст кардани симҳои электр. Симҳои электрро бо роҳи кафшер кардан, пайванд кардан, печонидан ва бо клеммаҳои махсус пайваст мекунанд. Кафшеркунӣ ва пайвандкунӣ усули боэътимодтарин мебошанд.
Якҷоя печонидани симҳо усули маъмултарин аст. Бо мурури замон ҷойи печ заиф мешавад. Камбудии ин усул дар он аст, ки вай гарм мешавад ва дар натиҷа изолятсияро об мекунад. Усули печонидани онро муваққатан истифода бурдан мумкин аст.
Барои васл кардани симҳо клеммаҳои махсуси гуногун истифода мешаванд. Бо ин мақсад нӯгҳои симҳоро ба клеммаҳо гузошта, маҳкам мекунанд.
Симҳоро бо болт, гайка ва шайба низ пайваст мекунанд. Аввал изолятсияи симро канда, дар нӯги сим ҳалқа сохта, онро бо болт, гайка ва шайба пайваст мекунанд.
Диққат кунед! Қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳои монтажи барқ
-
Ҳангоми корҳои таъмири дастгоҳҳои барқӣ бояд аз қувваи барқ ҷудо карда шаванд.
-
Асбобҳои электромонтажӣ бояд мувофиқи талаб изолятсия карда шаванд. Таҷҳизоти дорои изолятсияи вайроншуда истифода намешаванд.
-
Ҳар як таҷҳизот ва мавод бояд мувофиқи таъинот истифода шавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




