Кафшеркунӣ. Сохтани ашё дар асоси кафшер
Асбоби асосии кафшер кафшергар мебошад. Кафшергарҳои дорои гармкунакҳои нихромӣ ва керамикӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Фарқи асосии онҳо дар қувва аст. Ҳангоми кафшер кардани платаҳои чопӣ ва элементҳои ба барқи статикӣ ҳассос кафшергари иқтидори 24–40 Вт ва ҳангоми кафшер кардани элементҳои калонтар кафшергари иқтидори 40–80 Вт истифода мешаванд.
Стансияи кафшеркунӣ мавҷуд аст, ки имкон медиҳад қувваи кафшеркуниро танзим кунад. Он инчунин қобилияти нигоҳ доштани ҳарорати доимиро дорад. Дар кафшери муқаррарӣ агар ҳарорат кофӣ набошад, кафшер хуб об намешавад ва дар сурати баланд шудани ҳарорат он метавонад элементҳоро сӯзонад. Ҳангоми интихоби кафшер, тавсия дода мешавад, ки кафшерро бо нӯги ивазшаванда интихоб кунед.
Нӯгҳо метавонанд ҳамвор, конусӣ, сӯзанмонанд ва ғайра бошанд. Якҷояшавӣ зуҳуроти падидаи диффузия мебошад. Истифодаи поя барои кафшергар ва «дасти сеюм» дар рафти кор кори кафшерро осон мекунад.
Барои он ки кафшер хушсифат бошад, қоидаҳои зеринро риоя кардан лозим аст.
- Интихоби дурусти флюс ва кафшергар барои кафшер. Кафшергар як хӯлаи металлии ба осонӣ гудохташаванда мебошад, ки дар раванди кафшер кардани симҳо ва қисмҳо истифода мешавад. Беҳтарин металл қалъагӣ аст. Аз сабаби баланд будани нархи он, дар аксари мавридҳо, хӯлаи қалъагӣ ва қурғошим дар корҳои электрикӣ ва электротехникӣ истифода мешавад.
Флюс як моддаи зидди занг (оксидшавӣ) мебошад. Флюс барои он истифода мешавад, ки қисмҳои барои кафшер омодашуда ҳангоми кафшер оксид нашаванд. Кафшер бе флюс ба сатҳи металлӣ намечаспад. Флюс инчунин моеъи кафшерро таъмин мекунад. Флюс гуногун аст. Барои корҳои электрикӣ ва электротехникӣ флюсҳои бе кислота бояд истифода шаванд. Яке аз ин флюсҳо канифол аст.
-
Тоза ва ба қадри кофӣ гарм кардани кафшергар. Агар нӯги он тоза набошад, кор кардан душвор аст; кафшер гудохта мешавад, вале ба нӯги кафшергар намечаспад. Нӯги кафшергар бояд тоза ва бо қабати тунуки кафшер пӯшонида шавад. Барои тоза кардан порчаҳои чӯб ё картон истифода мешаванд. Ҳангоми аз ҳад зиёд ифлос будани нӯги кафшергар барои тоза кардани он аз коғази наждак ё сӯян истифода бурда мешавад.
-
Сатҳи кафшершаванда бояд тоза бошад. Ноқилҳо ва ҷойҳои кафшергари деталҳо бояд тоза карда шаванд. Барои пешгирии оксидшавӣ ба сатҳҳои тозашуда канифол мемоланд. Канифол зуд об мешавад ва кафшери кафшергар оҳиста ба рӯйи сатҳ паҳн мешавад.
-
Дуруст пайваст кардани ноқилҳо (деталҳо) дар ҷараёни кафшер ва хуб гарм кардани ҷойи кафшер. Дар вақти кафшеркунӣ на танҳо худи кафшергар, балки ҷойи кафшершаванда ҳам бояд нағз гарм карда шавад. Ноқил ва қисмҳои кафшершаванда бояд дуруст нигоҳ дошта шаванд, барои ин аз пинсет истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Бояд гуфт, ки ҳангоми кафшер кардани элементҳои электронӣ ба ҳарорати баланд ҳассос, аз ҷумла транзисторҳо ва схемаҳои интегралӣ ҳангоми ба 260—300 °С расидани ҳарорат мӯҳлати кафшеркунӣ набояд аз 5 сония зиёд бошад. Вақте ки кафшери кафшергарро канда мегиранд, кафшер зуд сахт шуда, нӯгҳои деталро мустаҳкам нигоҳ медорад. Агар симҳои пайвасткунанда пас аз гирифтани кафшер 10 сония ҷунбонида нашаванд, кафшер мустаҳкам мешавад.
Қоидаҳои бехатарии кор бо кафшергар
-
дар вақти кафшеркунӣ гап назанед ва ба кори дигар парешон нашавед, зеро дастгоҳи кафшеркунӣ асбоби хавфнок ҳисоб меёбад, дар вақти кор кардан бо он эҳтиёткор будан лозим аст;
-
асоси мисӣ ва корпуси кафшер гарм мешавад, дар натиҷа хатари сӯхтор ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, кафшерро танҳо аз дасташ гирифта, эҳтиёт кардан лозим аст, ки қисмҳои тафсони он ба проводҳо ва шнурҳое, ки ба кафшергар ток медиҳанд, нарасад. Дар акси ҳол, хатари пайвасти кӯтоҳ ё сӯхтор вуҷуд дорад;
-
ҳангоми кафшер кардани асбобҳои электронӣ онҳо бояд аз сети электр ҷудо карда шаванд;
-
ҳангоми кафшер аз қалъагӣ ва қурғошим газҳои заҳролуд хориҷ шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, дар рафти ҷараён хам шуда, ҷисми кафшершавандаро бӯй кардан мумкин нест. Дар фасли тобистон кафшерро дар назди тирезаи кушода, дар зимистон бошад, хонаро зуд-зуд шамол додан, баъди кафшер кардан дастҳоро бо оби гарм ва собун нағз шустан лозим;
-
дар ошхона кафшер кардан мумкин нест. Шахсе, ки пайваста ба кори кафшергарӣ машғул аст, бояд маҳсулоти ширӣ истеъмол кунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




