Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Технологияи танзим, таъмир ва нигоҳдории асбобҳои коркарди металл

Дар устохонаҳои таълимӣ асбобу ускунаҳо бояд мураттаб гузошта шаванд. Ҳар як асбоб бояд ҷойи худро дошта бошад, он гоҳ шумо медонед, ки асбобҳо дар куҷо ҳастанд, ба шумо лозим нест, ки ҳангоми кор онҳоро ҷустуҷӯ кунед ва шумо зуд пай мебаред, ки кадом асбоб намерасад. Барои он ки асбобҳои коркарди металлӣ муддати дароз хизмат кунанд, бояд қоидаҳои зеринро риоя кард:

  1. Аксари асбобҳои челонгарӣ аз металл сохта шудаанд. Азбаски металл ба зангзанӣ моил аст, асбобу ускунаҳои челонгарӣ бояд дар ҷойи хушк ва шамолгард нигоҳ дошта шаванд.

  2. Асбобу ускунаҳо бояд аз намӣ муҳофизат карда шаванд. Агар ба асбобҳо об расад, онҳоро зуд пок карда, бо қабати нафис равғани мошина молидан лозим аст.

  3. Агар асбобу ускунаҳо муддати дароз истифода нашуда бошанд ҳам, онҳоро сари вақт тафтиш ва тоза кардан лозим аст.

  4. Асбобу ускунаҳои хурд бояд дар қуттиҳо ва ҷойгоҳҳои махсус ҷойгир карда шаванд ва асбобу ускунаҳои калон бояд дар шкафҳо ҷойгир карда шаванд. Эҳтиёт кардан лозим аст, ки ба теғҳои асбобҳои теғашон тез зарар нарасад.

Зубилро тез кардан

Дар ҷараёни кор асбобҳо кунд мешаванд, аз ин сабаб барои тез ва бурро кардани асбобҳо корҳои чархкунӣ анҷом дода мешаванд.

Кунҷи тезшавии теғи зубило вобаста ба сахтии металли коркардшуда интихоб карда мешавад. Масалан, 70° барои буридани чӯян ва биринҷ, 60° барои буридани пӯлод, 40° барои буридани мис ва латун, 35° барои буридани руҳ ва алюминий истифода мешаванд.

Зубило ва крейцмейселҳоро дар дастгоҳи оддии чархии бо ҳалқаи суфтакунандаи корунд чарх мекунанд. Дар ин маврид асбобро ба пояе, ки дар пеши санги чарх ҷойгир шудааст, гузошта, баъд онро оҳиста-оҳиста ба тарафи чапу рост мегардонанд, гоҳ як тараф, гоҳ тарафи дигарро бо қувваи андаке ба доираи абразивӣ пахш мекунанд. Пас аз тез кардан қирави теғро дар чархи абразивӣ мегиранд.

Кунҷҳои тавсияшудаи чархкунӣ бояд ба таври қатъӣ риоя карда шаванд. Барои пешгирии гармии аз ҳад зиёд нӯги тезкунанда ҳар сари вақт дар об тар карда мешавад.

Дар вақти чарх доштани кунҷи теғи зубило бо ёрии андоза санҷида мешавад.

Интихоб ва насби полотнои арраи челонгарӣ

Ҳангоми интихоби полотно шумо бояд ба масолеҳи он ва сохтори дандонҳо диққат диҳед. Миқдори дандонҳо ҳар қадар зиёд ва майда бошад, металлҳои сахтро ҳамон қадар беҳтар мебурад. Барои буридани металлҳои мулоим полотнои дандонҳояш ниҳоят хурдро истифода бурдан мумкин нест, зеро дандонҳои хурд бо рехтаҳои металлӣ зуд пур шуда, корро душвор мегардонанд.

Полотно бо усули резбагӣ ва ричагӣ насб карда мешавад. Ҳангоми бо ричаг насб кардан ричаг ба самти муқобил кушода мешавад, пас аз насб кардани полотно ричаг ба ҳолати аввалааш бармегардад.

Дар насбкунии резбагӣ як тарафи полотно ба дандончаи рамкаи арра ва тарафи дигараш ба винт часпонида шуда, бо гайка мустаҳкам карда мешавад.

Самти дандонҳои полотно бояд ба тарафи муқобили даста нигаронида шавад. Полотно бояд дуруст, бидуни каҷшавӣ гузошта шавад. Агар суст насб карда шавад, полотно шикастанаш ва бурриш рост нарафтанаш мумкин. Полотное, ки аз ҳад зиёд сахт гузошта шудааст, метавонад ҳатто бо каме гардиш шиканад. Агар ҳангоми бо ангушт пахш кардани паҳлӯи полотно хам нашавад, тарангӣ кофист.

Насби дастаки болға (путк)

Дастаи болға аз дарахтони сахту чандир, аз қабили қайрағоч, боҷун, чалғӯза, чинор, чормағз сохта мешавад.

Ҳангоми васл кардани дастаи болға барои мустаҳкамӣ дар он фона кӯфта мешавад. Барои фонакунӣ аз нӯги қисми даста ба дараҷаи ғафсии болға бурида мешавад. Сипас, дастаро ба болға насб карда, фона аз чӯби сахту мустаҳкам часпонида, мезананд. Барои фонакунии болға фонаҳои металлӣ низ истифода мешаванд. Баъзан ба ҷойи фона плиткаҳои металлӣ гузошта, бо мехи винтӣ маҳкам карда мешаванд.

Таъмир ва нигоҳдории сӯян

Сӯянҳоро бо ашёи сахт задан хуб нест, онҳо ноустуворанд ва кафида рафтанашон мумкин. Ҳатто як сӯянро болои сӯяни дигар гузошта намешавад, зеро ба дандонҳои онҳо зарар расиданаш мумкин аст. Сӯян бояд аз нам, равған ва чанг муҳофизат карда шавад. Сӯяни нам рӯйи ҳамаи асбобҳои металлиро занг мезанонад. Сӯяни равғаннок дар рӯйи металл лағҷида меравад ва сӯянкунӣ натиҷаи дилхоҳро намедиҳад. Баъди ба охир расидани кор дандонҳои сӯян бояд бо чӯткаи симӣ ё харошандаи аз металли мулоим сохта шуда аз рехтаҳо тоза карда шаванд. Ҳангоми тозакунӣ, чӯткаи симӣ, ё харошанда ба қад-қади бурришҳои сӯян равона карда мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.