Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·4 рӯз пешНашрия

Коркарди бадеии чӯб ва масолеҳи чӯбӣ

Чӯб маводи нодирест, ки инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо аз он истифода бурдааст ва арзиши худро то ҳол гум накардааст. Барои зеботар гардондани маснуоти чӯбин корҳои гуногуни ороишӣ иҷро карда мешаванд. Ба коркарди бадеии чӯб кандакорӣ, харротӣ, мозаика, коркарди чопӣ, сӯзондан, наққошӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Кандакории чӯб. Кандакории чӯб яке аз намудҳои паҳншудаи санъати ороишии халқ мебошад. Дар ин ҷо нақшу нигор ё тасвир дар тахта ё ашёи чӯбин кашида, бурида ва кандакор карда мешавад. Ба ғайр аз меъморӣ, кандакории чӯб дар ороиши рӯзгор ва ашёи гуногун васеъ истифода мешавад.

Ин навъи санъати бадеӣ қариб дар ҳамаи халқҳо мавҷуд буда, бо нақшҳои гуногун, усул ва анъанаҳои коркард аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Асбоби асосии кандакории чӯб искана мебошад. Дар кандакорӣ навъҳои зиёди искана аз қабили исканаи ковза, исканаи рост, исканаи нова, заминискана, исканаи рӯйи моҳӣ, исканаи морпеч ва ғайра истифода мешаванд. Дар кандакории чӯб ба ғайр аз искана қалам, сиркул, хаткашак, хаткушак, коғази наждак, асбобҳои дуредгарӣ, болға, ширеш ва ғайра низ истифода мешаванд.

Коркарди бадеии чӯб бо роҳи сӯзондан. Коркарди бадеии чӯб бо роҳи сӯзондан бо ёрии оташгираки электрикӣ сурат мегирад. Нӯгҳои оташгираки электрикӣ аз хӯлаи махсуси металлӣ сохта шудаанд, то ки ҳангоми додани ток он хуб гарм шавад. Дар оташгираки электрикӣ нӯгҳои гуногуншакл мавҷуданд.

Қоидаҳои асосии сӯзонда коркард кардани чӯб

  1. заготовка тайёр карда мешавад;

  2. расм ё хатҳои асосӣ кашида мешаванд;

  3. дастаки оташгиракро мисли қалам дошта, оташгираки электрикӣ ба кор андохта мешавад;

  4. гармии нӯги оташгирак (сӯзон) танзим карда, ба пораҳои чӯби аз заготовка боқимонда якчанд хати назоратӣ кашида мешавад;

  5. ҳангоми кор дуруст нишастан ва хонаро тез-тез шамол додан лозим;

  6. дастаки оташгирак бе пахшкунии сахт истифода мешавад; нӯги гарми он дар як ҷо пахш карда нашуда, хатҳо бояд бо роҳи якчанд маротиба ба кор андохтани нӯги оташгирак ташкил карда шаванд.

Сатҳи сӯхташуда метавонад табиӣ бошад, ё бо ранг ва лак коркард карда шавад.

Қоидаҳои бехатарии кор бо оташгираки электрикӣ

  1. бо иҷозати муаллим оташгираки электрикиро ба кор андозед. Пеш аз ба кор андохтани оташгирак ашёи зиёдатиро аз миз хориҷ кунед;

  2. дасту либоси худро аз нӯги гарми оташгирак муҳофизат кунед;

  3. дастгоҳро даргирон нагузоред;

  4. баъди ба охир расидани кор оташгиракро аз ток кашида, хунук шудани онро интизор шавед.

Мозаика усули сохтани таркиб аз қисмҳои хурди маводи рангҳои гуногун дар сатҳи гуногун мебошад.

Намудҳои мозаика

Инкрустатсия – усули эҷоди тасвир ё нақшҳо дар рӯйи ашёи чӯб, металлӣ ва чармӣ бо истифода аз шаклҳои садафӣ, қаҳрабогӣ, металлӣ, устухони фил ва сангҳои қимматбаҳо сохташуда мебошад.

Интарсия як навъи мозаикаест, ки аз пораҳои чӯби ранг ва нақши табииашон гуногун дар пояи чӯбӣ сохта мешавад.

Корҳои мозаикаи блок ба таври зерин иҷро карда мешаванд:

  1. чӯби рангоранг ва гулдори табиӣ дар як чанд қабат бо ҳам часпонида мешаванд;

  2. аз қабати ҳосилшуда пораҳои чӯбии чортарафа бурида, мувофиқи тасвири сохташаванда васл карда, сипас ширеш карда мешаванд;

  3. аз блокҳои часпонидашуда ба самти нишеб пластинкаҳои тунук бурида мешаванд;

  4. сатҳи маҳсулот бо ин пластинкаҳо оро дода мешавад.

Маркетрӣ як навъи мозаикаест, ки дар он тасвирҳо ва нақшҳо тавассути часпонидани порчаҳои чӯби гаронбаҳо ба рӯйи чӯбҳои оддӣ сохта мешаванд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.