АСБОБҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ ДАСТӢ БАРОИ КОРКАРДИ ЧӮБ
Ҳаёти инсонро бе қувваи электр тасаввур кардан душвор аст. Бисёр дастгоҳҳои хонаамон бо қувваи электр кор мекунанд. Дар натиҷаи тараққиёти истеҳсолот, тараққиёти илм ва техника бисёр дастгоҳҳои электриконидашудаи коркарди чӯб истеҳсол карда шуданд.
Ба ин асбобҳо электродрел, арраи электрикии дастии дискдор, дастгоҳи суфтакунанда, асбоби фрезери электрикии дастӣ, лобзики электрикӣ ва арраи электрикии нишеб буридани чӯб дохил мешаванд. Асбобҳои дастии электрикӣ самараи баланд дошта, истифодаашон осон, аз як ҷой ба ҷойи дигар ба осонӣ кӯчонидан мумкин ва энергияро кам сарф мекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




