Зеҳн
Технология·Зеҳн·8 рӯз пешНашрия

АСБОБҲОИ ДАСТӢ БАРОИ КОРКАРДИ ЧӮБ

Дар коркарди чӯб аз асбобҳои ченкунӣ, нақшакашӣ ва асбобу ускунаҳои корӣ истифода бурда мешаванд. Барои ин асбобҳои корӣ, аз қабили дастарра, бурчарра, арраи лобзикӣ, искана, рандаи дар коркарди даставвали чӯб истифодашаванда, рандаҳои махсус, исканаҳои новӣ ва ғайра истифода мешаванд.

Арракунӣ. Ҷараёни ба қисмҳо буридани чӯбҳо бо ёрии асбоби бурранда –арра, арракунӣ номида мешавад.

Усулҳои нишеб, дарознокӣ ва омехтаи арра кардани чӯб вуҷуд доранд. Дар арракунии нишеб арраҳои дандонҳояш дар шакли секунҷаи баробарҷанба ва нисбат ба полотно рост ҷойгиршуда, дар вақти ба дарозӣ арра кардан арраҳои дар шакли секунҷаи каҷ ва нисбат ба полотно кунҷ ҳосилшуда ва дар арракунии омехта арраҳои дандонҳояш дар шакли секунҷаи росткунҷа, қисми пешаш нисбат ба полотно рост, қисмҳои дигар кунҷро ҳосилкунанда истифода бурда мешавад.

Арра аз рӯйи хатти нақша гузаронда мешавад. Полотнои арра бояд дар кунҷи рост ба сатҳи аррашаванда ҳаракат кунад. Иҷрои дурусти арра аз рӯйи нақша назорат карда мешавад. Арра кардани чӯб аз камтар ба рӯйи он кашидан оғоз мешавад. Суръати арраро тадриҷан зиёд карда шуда, дар охири бурриш суръати арраро кам карда, ба чӯби аррашаванда куч наоварда, онро мебуранд. Барои осон кардани арракунӣ тахтаи роҳнамо ё қолаби порсӣ истифода мешавад.

Рандакунӣ. Пас аз арра кардани қисми лозима чӯб барои ҳамвор, суфта ва ба як андозаи муайян даровардан онро ранда мекунанд.

Дар вақти рандакунӣ масолеҳи коркардшаванда бояд ба дастгоҳ мустаҳкам васл карда шавад. Вобаста ба намуди коркард, маводро бо роҳҳои гуногун мустаҳкам кардан мумкин аст. Дар вақти рандакунӣ дуруст доштани ранда ва дуруст нигоҳ доштани ҳолати гавда қатъӣ риоя намудан лозим аст. Ҳангоми рандакунӣ дастҳо ба дарозии пурра дароз карда мешаванд ва бо қувва ба пеш равона карда мешаванд. Ҳангоми равонкунии ранда дастаки пеш бо дасти чап ва дастаки ақиб бо дасти рост нигоҳ дошта, бо қувва ба пеш равона карда мешавад. Дар вақти арра кардан самти равиши чӯбро ба назар гирифтан лозим аст. Ҳамвор будани сатҳҳои рандашуда бо хаткашак, ё гӯнё санҷида мешавад.

Қоидаҳои бехатарии коркарди чӯб бо асбобҳои дастӣ:

  1. пеш аз сар кардани кор танзими асбобоҳро тафтиш кунед;\
  2. дар вақти кор кардан дар дастгоҳ масолеҳро дар байни часпакҳо мустаҳкам кардан;\
  3. ҳангоми арра кардан, ранда кардан ва кандакории дастгоҳ ба рост омадани мехҳо роҳ нагузоштан;\
  4. асбобҳоро дар нови дастгоҳ бо тартиб ҷойгир карда, теғи асбобҳои теғи тездор ба пеш нигаронида мешаванд;\
  5. дар вақти кор бо дастгоҳ пахолҳои ҳосилшударо тез-тез бо чӯтка тоза кардан;\
  6. баъди ба охир расидани кор асбобҳоро бо тартиб ба ҷойи худ гузоштан лозим аст.
0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.