ТАНЗИМ ВА ТАЪМИРИ АСБОБҲОИ ДАСТИИ ЧӮБКОРӢ
- Ба сифати коркарди чӯб тез ва ё кунд будани асбобхо, танзим ва замонавии
онҳо таъсир мерасонад. Асбобҳои пастсифату кунд вақт ва қувваи зиёдро талаб мекунад. Инчунин маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи техникӣ ҷавоб дода наметавонад.
Дандонҳои арраро чапа роста кардан.
Дандонҳои арраро суфта кардан (чарх кардан).
Санҷиши тезии дандонҳои арра.
Пеш аз тез кардани дандонҳои арра дандонҳоро чаппа роста мекунанд. Ба ин мақсад коҳои конструксияҳои гуно- гун истифода мешаванд (расми 14, б). Дар ин маврид новобаста аз намуди арра дандонҳои тоқи онро ба як самт ва дандонҳои ҷуфташро ба тарафи дигар тоб медиҳанд. Ҳангоми чаппа роста кардан дандонҳои арра бояд як хел тоб дода шаванд. Дуруст тоб хӯрдани дандонҳо бо шаблон санҷида мешавад.
Барои буридани чӯби дурушт дандонҳои арра 0,25—0,50 миллиметр ва барои буридани чӯби нарм 0,5—0,7 мм чаппа роста мешаванд. Арраҳои полотноликии барои арра кардани нохуну гӯшҳо чаппа роста карда намешаванд. Дандонҳои арра пас аз чаппа роста кардан чарх карда мешаванд.
Дар бурчарра ба ғайр аз чаппа роста кардани дандон ва чарх кардани онҳо, теғро танзим мекунанд ва теғро нисбат ба полотнос ба кунҷҳои гуногун мегардонанд. Полотно нисбат ба теғ ҳадди аққал 200 дараҷа тоб дода мешавад. Вобаста ба бар ва дарозии тахтаи аррашуда ин кунҷ зиёд мешавад. Полотно нисбат ба теғ бо ёрии гӯшҳо тофта мешавад.
Баромади ҳамвори рӯяҳо ба кор мувофиқ кунондани рандаҳо, дуруст нигоҳ дошта озодона ранда кардан ва дуруст ба кор андохтани қувваҳо дар вақти ранда кардан вобаста аст.
Теғи рандаҳо дар чархҳои барқӣ ё дар пораҳои санги табиӣ ва сунъӣ тез карда мешаванд.
Ҳангоми чарх доштани теғ тамоми сатҳи онро ба санги чарх расонида сахт пахш накарда, дар як маром ин тараф он тараф бурдан лозим аст. Дар вақти чарх доштани бурришҳо дар чархи электрикӣ ба сутун пояи махсус гузошта, кунҷи зарурии тезшавиро таъмин кардан лозим аст. Барои тез кардани теғҳо бо сангҳои табиӣ ва сунъӣ асбобҳои оддиро истифода бурдан мумкин аст.
Барои резонидани қирави ҳосилшудаи теғ аз сангҳои қайроқ истофода мебаранд, дар керосин ё об нам мекунонанд. Керосин барои зуд рехтани қирав ёрӣ мерасонад. Дар вақти қайроқкунӣ ба кунд нашудан ва лағжида нарафтани қайроқ эътибор додан лозим аст.
Рандаи аз қирав тозашуда дар пояи он мустаҳкам карда мешавад. Дар ин ҳолат, канори бурриши теғ рост аз поя (параллел ба поёни пойгоҳ) гузошта мешавад. Агар теғи ранда дуруст гузошта нашавад, рӯяҳоро ҳамвор ранда карда намешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




