ҚОИДАҲОИ ХУШК КАРДАН ВА НИГОҲ ДОШТАНИ ЧӮБ
Хушк кардани чӯб барои баланд бардоштани муқовимати он ба пӯсидан, баланд бардоштани мустаҳкамии он, пешгирӣ кардани кафидан, рахнашавӣ, таъмини пайвастшавии мустаҳкам ҳангоми ширешкунӣ ва зебогии ороиши берунӣ анҷом дода мешавад.
Хусусиятҳои фоиданоки чӯби хушк
Овозгузарониаш меафзояд.
Деформатсия кам мешавад, зичӣ беҳтар мегардад.
Ҳамвор кардан, ширеш кардан, ранг кардан осонтар мегардад.
Ашёҳои сохташуда шаклашонро тағйир намедиҳанд.
Рутубати дарахти навбурида вобаста ба намуд ва вақти буридани он 40% ва аз он зиёдтар аст. Чӯби тар аз 23 % ва бештар аз он, чӯби нимхушк аз 18 то 23 %, чӯби дар ҳавои кушод хушкшуда аз 12 то 18 %, чӯби дар шароити хона хушкшуда аз 8% то 12% намнокӣ дорад.. Чӯби мутлақо хушк намнокии 0 фоизро ташкил дода, дар шароити лабораторӣ ба даст меояд. Дар дуредгарӣ ва мебелсозӣ истифода бурдани чӯбу тахта, ки намии он аз 8—12 фоиз ва камтар аст, рухсат дода мешавад.
Хушк кардани чӯб бо ду роҳи гуногун анҷом дода мешавад:
Роҳи табиӣ Усули сунъӣ (хушккунӣ дар ҳавои кушод) (хушккунӣ дар камераҳо)
Хушккунии табиӣ. Дар ҳавои кушод хушк кардани чӯб усули оддитарин аст. Ин харҷи зиёд надорад. Барои он ки дарахтон дар ҳавои кушод нағз хушк шаванд, майдони калоне интихоб карда мешавад, ки дар он нури офтоб рост намеафтад, шамол тез-тез давр мезанад ва оби борон ҷамъ намешавад. Ташкилу амалӣ гардондани он душвор нест.
Дар болои пояҳои баландиаш 50 сантиметр тахтаҳои чӯб гузошта мешаванд, то хушк шаванд. Чӯби як хел, навъ, андоза, ғафс дар як ҷо гузошта мешавад. Канорҳои паҳлӯи онро арра накарда, чӯбу тахтаҳои ҳаҷмаш гуногунро алоҳида- алоҳида мегузоранд. Дар байни тахтаҳо рейкаҳо гузошта мешаванд. Тахтаи бо- лои рейкаҳо зуд хушк мешавад ва мағор намекунад. Ҳар қадар баландтар бошад, ҳаво дар байни онҳо ҳамон қадар тезтар ҳаракат мекунад.
Хушккунӣ аз иқлим вобаста аст.
Дар зимистон хушкшавии чӯб суст мешавад.
Чӯб мувофиқи талаб хушк намешавад.
Ҷараёни хушкшавиро ба таври домӣ назорат кардан мумкин нест.
Чӯбро кирм мехӯрад, онро аз пӯсидан наҷот додан мумкин нест.
Барои нигоҳ доштани захираи чӯб майдонҳои калон лозиманд.
Барои хушк кардани чӯб муддати зиёд лозим аст.
Хушккунии сунъӣ. Хушккунии сунъии чӯб дар камераҳои гарми дараҷаи гармиашон гуногун гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, намиро дар вақти хушккунӣ мувофиқи зарурат назорат кардан мумкин аст. Он вақт ва ҷойи камро талаб мекунад. Азбаски ҳаво дар камера назорат карда мешавад, чӯб бе тобхӯрӣ ё кафидан хушк мешавад. Дар ин ҷо замбӯруғҳои касалкунанда ва ҳашароти гуногуни зараровар нест карда мешаванд.
Камераҳои хушккунӣ имкон медиҳанд, ки масолеҳи чӯбин дар ҳар шароити иқлим, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар обу ҳаво хеле зуд хушк шавад. Ҳангоми дар камераҳо хушконидани чӯб омодакунии чӯбҳо ба мисли хушккунии табиӣ сурат мегирад.
Камбудиҳои хушккунии сунъӣ:
1. Барои сохтани камераҳо маблағи зиёд сарф мешавад.
2. Барои ба кор андохтани дастгоҳҳо маблағи зиёд сарф мешавад.
3. Таннархи чӯб баланд мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




