Зеҳн
Технология·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

Мебел

Намуди зоҳирии мебел аз даврае, ки одамон ба тарзи ҳаёти нишаст гузаштанд, оғоз меёбад. Мебел дар қабилаҳое, ки бинобар шароити иқлимӣ дар биноҳои пӯшида зиндагӣ карданро талаб мекарданд, босуръат инкишоф ёфт. Мавҷудияти масолеҳи зарурӣ барои сохтани мебел низ боиси ба вуҷуд омадани навъҳои гуногуни мебел гардид. Дар аввал ҳангоми сохтани мебел материалҳое интихоб карда мешуданд, ки ба шакли мебел шабоҳат доштанд, зеро технологияи коркард хеле содда буд. Дар натиҷаи инкишоф ёфтани техника ва технологияи чӯбкорӣ, дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ навъҳои нави мебел пайдо шуданд.

Мебелҳоро аз рӯйи нишонаҳои зерин ба гурӯҳҳо тақсим кардан мумкин аст:

  1. аз рӯйи ҷойи ҷойгиркунӣ: мебелҳои дар хона, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар нақлиёт истифодашаванда;

  2. аз рӯйи вазифа: мебелҳо барои нишастан, хобидан, нигоҳ доштани ашё, иҷрои корҳои рӯзмарравӣ;

  3. аз рӯйи сохт: мебели ҷамъшаванда ва ҷамънашаванда;

  4. аз рӯйи усули тайёр кардан: мебели серия, дар асоси дархост, мебели таҷрибавӣ;

  5. аз рӯйи материал: мебели чӯбӣ, масолеҳи чӯбу тахтагӣ, металлӣ, пластмассагӣ, шишагӣ, бамбукӣ ва ғайра.

Азбаски чӯб як маводи табиӣ аст, аз он мебели аз ҷиҳати кологӣ хушсифат сохта мешавад. Дар саноати мебелсозӣ ДСП, ЛДСП, ДВП, МДФ, фанер, металл, сангҳои табиӣ ва сунъӣ, пластмасса, шиша, масолеҳи рӯйпӯш ва ғайра истифода мешаванд.

Миқдори зиёди техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои дар саноати мебел истифодашавандаро шартан ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:

  1. Дастгоҳҳои нақшакашӣ ва бурриш

  2.  Дастгоҳҳои пармагӣ ва кандакорӣ

  3. Дастгоҳҳои суфтакунанда

  4. Асбобҳои коркарди рӯйизаминӣ

  5. Дастгоҳҳо барои коркарди канор ва қирраи мавод

  6. Асбобу ускунаҳо барои рангубор

  7. Асбобу ускунаҳо барои бастабандӣ

  8. Дастгоҳи арракунии лентаи амудӣ

  9. Дастгоҳи фрезерии бо барномаи рақамӣ идорашаванда

  10. Мошин барои пӯшонидани канори масолеҳи чӯбин

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.