Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

ИНТИХОБИ ДУРУСТ

Марди хеле доранда ба танҳоӣ зиндагӣ мекард. Аммо коргари бисёре дошт.

Рӯзе ҳама кормандон хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд, марди бой хост имтиҳоне кунад. Китоби Қуръон ва дар бараш пуле гузошт.

Ҳамин тавр китоби Қуръон ва пул дар бари ҳам гузоштан гирифт.

Вақте кормандон машғули таомхӯрӣ буданд, ӯ аз онҳо хост, то биёянд интихоби худро бигиранд. Аввал, посбон омад.

Марди бой ба посбон гуфт:

— Бе дудилагӣ интихоб кун!

Посбон гуфт:

— Ман мехоҳам Қуръонро интихоб кунам, аммо хонданро намедонам, аз ин нуқта, ман пулро интихоб мекунам.

Баъд деҳқоне, ки барои ӯ кор мекард, наздаш омад, марди бой пурсид:

— Интихоб кун!

Деҳқон гуфт:

— Зани ман сахт бемор аст ва барои шифо ба пул ниёз дорам, аз ин сабаб ман Қуръонро интихоб карда наметавонам, аммо ман пулро хоҳам гирифт.

Баъд аз ин кассоби даргоҳи қаср омад.

Марди сарватманд пурсид:

— Аз байни ин ҳарду кадомеро интихоб мекунӣ?

Кассоб гуфт:

— Ман хонданро дӯст медорам, аммо вақте кор мекунам, вақт барои хондан намемонад, ҳоло ба ман пул лозим аст, аз ин рӯ пулро интихоб мекунам...

Ҳамин тавр як-як кормандон меомаданд, бо баҳонае пулро мегирифтанд.

Охирон нафар ба он кӯдак расид, ки дар хонаи бой ба кормандони ошпазхона кӯмак мерасонид.

Марди бой дид, ки кӯдак хеле заиф аст, ва ба худ гуфт, албатта пулро интихоб мекунад, бо садои ором мард пурсид:

— Хуб фикр мекунам. Шумо низ пулро интихоб мекунед, зеро ба он зарурат доред, пойафзол мехаред, бо ҳамроҳи модари худ мурғи бирён хӯрдан мехоҳед, ҳоҷатҳоятонро мебароред.

Кӯдак бо оромӣ ва бо эҳсоси ба худ хос ҷавоб дод:

— Барои пойафзоли нав харидан ё харидани мурғ барои хӯрокхӯрӣ бо модарам эҳтиёҷ дорем, аммо ман Қуръонро интихоб мекунам, зеро модарам хонданро дӯст медорад, модарам мегӯяд вуҷуди китоби Қуръон дар хона аз доштани тилло хуштар аст.

Ӯ Қуръонро гирифт ва ба хона овард.

Модари кӯдак китоби Қуръонро баъд аз бӯсидан боз намуд ва дар саҳифаи аввал лифофаеро ёфт, ҳангоме лифофаро боз намуд, номгӯйи маблағҳо дар бонкҳои ҷаҳон оварда шудааст, модар саҳифаи дуюмро боз намуд, ки дар он марди сарватманд меросхӯри худро мехоҳад.

Дар мактуб навишта шуда буд:

Ҳар шахсе дар бораи Худо фикр мекунад, рӯҳафтода намешавад.

Ин китоби Қуръон ба дасти ҳар касе мерасад, ӯ пас аз ман меросхӯри ман аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.