Зеҳн
С

Саволҳо

1 аъзоаз 18 июли 2026
Саволҳо·Зеҳн·1 моҳ пешСуол

«Барои чӣ мо Худоро намебинем?»

Дидан бо чашм иҳота карда тавонистан аст. Масалан, дар вуҷуди инсон бактерияҳо вуҷуд доранд. Аз ҳама бештар ин бактерияҳо дар даҳон ҷой гирифтаанд. Онҳо ба қадри имкон ба дандонҳо таъсир расонда, пӯсидани дандонҳоро метезонанд. Ҳол он ки инсон на садои бактерияҳоро мешунавад, на мавҷудияти онҳоро эҳсос мекунад. Бактерияҳо низ инсонро намебинанд, чун иҳота карда наметавонанд. Аслан барои он ки бактерияҳо инсонро дида тавонанд, онҳо бояд аз инсон ҷудову тамоман мустақил бошанд ва мисли телескоп чашмони пурбин дошта бошанд. Маълум мешавад, ки бе қобилияти фарогирии комил дидани чизе номумкин аст. Микроорганизмҳо танҳо он чизеро «мебинанд», ки дар муқобили онҳо қарор дорад. Мисоли дигарро аз олами васеътар меорем. Фарз кардем, мо дурбини пуриқтидоре дорем, ки ҷисму ашёро дар масофаи чаҳор миллиард соли рӯшноӣ нишон медиҳад. Маълумоте, ки мо тавассути ин дурбин дар бораи фазову коинот мегирем, дар қиёси воқеият боз ҳам қатрае аз дарё аст. Ҳамин тавр мо дар мавриди бахши ба чашм намоёни коинот дар шакли фарзияҳои печ дар печ чанд маълумоте ба даст меорем. Дар асоси фарзияҳои мазкур тахминҳо карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки маълумоти тозатаре пайдо кунем. Дар чунин ҳолат мо наметавонем тарзи идораи коинот ва шакли умумии онро фаҳмида, ба моҳияту муҳтавои он сарфаҳм равем. Зеро мо дар олами кӯчак, тавре дар сатҳи бузург ҳам мушоҳида шуд, тариқи телескоп ё шуои рентгенӣ имкони иҳота кардани тамоми мавҷудотро надорем. Акнун дар хусуси эҳтимолияти бо чашм иҳота кардани Худованд андеша мекунем. Дар Қуръони Карим фармуда шудааст: «Чашмҳо Ӯро (дар дунё) дарнамеёбанд ва Ӯ чашмҳоро дармеёбад...» (Сураи Анъом, 6/103). Бале, чашми мо қудрати дидани Худоро надорад, зеро он Худоро фаро гирифта наметавонад. Худованд ҳамаи чашмҳоро, аёну ноаёнро мебинад, аммо Ӯро бо чашм дидан номумкин аст. Аз ин рӯ барои равшан шудани масъала мавзӯъро аз ҳамин нуқтаи назар баррасӣ бояд кард. Аз ҷониби дигар нур пардаи Худованд аст. Чашми мо ҳатто дар иҳотаи нур оҷиз аст. Пас аз Меъроҷ, вақте Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба замин баргашт, саҳобагон аз Ӯ суол карданд: «Ту Худовандро дидӣ?» Тавре дар ин маврид Абӯзар (р) нақл мекунад, бори аввал Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) посух дод: «Ӯ нур аст. Ман чӣ тавр метавонам Ӯро бубинам?» Дар ҷойи дигар фармуд: «Ман нуре дидам». Ҳол он ки нур офаридаи Худо буда, худи Худованд Мунаввир-ун-нур аст. Яъне Худованд нурро падид овард, шакл бахшид ва тасвирашро офарид. Нур Худо нест, балки махлуқи Худо аст. Яъне миёни шумову Худо нуре ҳаст, ки шуморо фаро гирифтааст. Вале ин ҷо боз як нуктаи муҳиме ҳаст. Мо «фаро гирифтааст» мегӯем, аммо танҳо бо сифатҳояш, на дигар. Вақте гап сари масъалаи улуҳият меравад, мавзӯи баррасишаванда печидатару вазнинтар мешавад. Ба ин тартиб ба хулосае мерасем, ки Худованди Мутаъол бо чашм дида намешавад. Ҳиҷоби Ӯ аз нур иборат аст ва ба ҷуз нур чизе дидан номумкин аст. Масалан, вақте инсон ба «нафси аммора» ғолиб меояд, ранги сурхе мебинад; вақте ба «нафси лаввома» мерасад, ба ӯ ранги кабуд намудор мешавад; то ба «нафси мутмаинна» боло шуда, ранги сабзро мебинад. Баъд аз он инсон ба мартабае мерасад, ки ранги нури он ҷойгоҳро муайян карда наметавонад. Ҳамаи инро аҳлуллоҳ — авлиё ва нафароне, ки ба Худованд наздиканд, мушоҳида кардаанд. Ба ин мартабаҳо танҳо бо роҳи тақводорӣ расидан мумкин аст. Ман ин мисолро барои шарҳи андешаи худ овардам. Маълум мешавад, ки инсон қодир аст, ки танҳо кӯчактарин сояи нури Худоро бинад. Яъне ба дидани худи Ӯ қодир нест. Акнун паҳлӯи дигари масъаларо мебинем. Ҳазрати Иброҳим Ҳаққӣ мегӯяд: «Худованд беназир аст, дар олам мислу монанд ва зид(д) надорад. Ӯ муқаддас ва муназзаҳ аст». Аввалан, Худованд зид(д) надорад. Ин хосияти хеле муҳим аст. Ба чашм он чиро дида мешавад, ки зид(д) дошта бошад. Яъне шумо рӯшноиро ба он хотир мебинед, ки зулмот вуҷуд дорад. Ё масалан, шумо дарозии чанд ҷисмро муқоиса мекунед: якумаш ду метр аст, дигараш се метр. Дар ин маврид муқоиса мекунед, зеро чизе ҳаст, ки бо он қиёс карда мешавад. Худо мислу монанд ва зид(д) надорад, ки Ӯро дар қиёси онҳо дида шавад, тавре рӯшноӣ аз рӯйи зулмот дида мешавад. Ҳамчунин масъалаи мазкурро аз рӯйи имконоти физикии инсон баррасӣ мекунем. Аҷиб аст, ки инсон чанд фоизи кавну маконро (олами ҳастӣ) бо чашм дида метавонад? Оё дар ин хусус рақами мушаххасе гуфта метавонед? Тасаввур кунед, ки дар паҳнои олам теъдоди бешумори ашё пеши назари мо ҷилвагар шуда, нидо мекунанд: «Марҳамат, бубинед, ибрат гиред, Офаридгорро сано гӯед!» Ҳол он ки мо аз ҳар миллион ашёи табиат танҳо панҷтои онро дида метавонем ва дар хусуси боқимонда ҳатто маълумоте ҳам надорем. Мо танҳо ҷисмҳоеро мебинем, ки ҳаҷму тобиши муайяне доранд. Пас таваҷҷуҳ кунед: Инсон аз ҳар миллион ҷисм қобилияти дидани танҳо панҷтои онро дошта, бо вуҷуди ин Худоро ба ҳамин доираи танг ғунҷониданӣ мешавад ва суол мегузорад, ки «Чаро ман Худоро намебинам?» Чӣ мафкураи танге! Ба маърифати Парвардигор касе мерасад, ки пайваста дар андешаи амиқтар мутаваҷҷеҳ шудан ба мантиқи (ҳикмати) китоби ҳастӣ (оёти таквиния) аст. Набии бузург Ҳазрати Мӯсо (а) ва Султони пайғамбарон Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз рӯйи мақоми худ ва дигарон низ вобаста ба мавқеашон Худоро мебинанд. Ин ҷо ҷузъиёти муҳиме ҳаст, ки касро ба андеша водор мекунад. Ҳар касе мехоҳад дар охират аз ҷумлаи мавлоён бошад, ӯро лозим аст, ки дар ҳаёти дунёӣ дар пайи пок сохтани дилу нияти хеш бошад. Гузашта аз ин ба хотири сазовор будан ба дидори Худованд, инсон бояд дар андешаи зиндагӣ аз рӯйи маънии ботин бошад, ҳимматашро олӣ дорад ва ба ҳузури Худо бо аҷри беҳисоб ҳозир шавад. Иброҳим Ҳаққӣ ҳадисеро, ки баъзе олимон ҳадиси заиф донистаанд, ба риштаи назм кашидааст: Ҳақ(қ) нағунҷад дар самовоту замин, Аз аҷаб ғунҷад ба қалби муъминин. Чӣ қадр латифу марҳаматкор аст, Оне, ки олам пеши азаматаш аз рег кӯчактар асту Ӯ дар қалби ҳар муъмини асил макон гирифтааст. Ҳамаи ҳақиқатро танҳо Ӯ медонад.

0
Саволҳо·Барномасоз·1 моҳ пешСуол

Масъала

Дар қуттӣ 4 қалами сурх ва 3 қалами кабуд мавҷуд аст. Қаламҳоро аз қуттӣ дар торикӣ мегиранд. Аз қуттӣ чанд қалам гирифтан лозим аст, ки дар байни онҳо як қалами кабуд мавҷуд бошад?

0
Саволҳо·Дунё·2 моҳ пешСуол

Шарбати лаблабу чӣ фоида дорад?

Шарбати лаблабу аз намакҳои кислотаи азотӣ ва антиоксидантҳои табиӣ бой аст ва шарбати ҳақиқии ҷавон мондан аст. Тадқиқоти олимон собит кардааст, ки шарбати лаблабу ба васеъшавии рагҳои хунгард, афзоиши гардиши хун ва мутаносибан беҳтар шудани таъминоти оксиген ба ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Тадқиқот таъсири мусбати истеъмоли шарбати лаблабуро ба фаъолияти майна, инчунин, самаранокии онро дар пешгирии гипертония тасдиқ кардаанд.

0