Саволҳо
Масъала
Ба 16 хонанда 2 варианти кори санҷишӣ дода шуд. Бо чанд тарз хонандагонро ба ду қатор шинондан мумкин аст, то ки дар назди якдигар нишастагон вариантҳои гуногун дошта бошанду хонандагоне, ки паси якдигар нишастаанд, вариантҳои якхела дошта бошанд?
Масъала
Ораш бояд супоришеро иҷро мекард, ки 20 масъала дошт. Барои ҳалли дурусти ҳар масъала ба ӯ 8 хол дода шуд, барои ҳалли нодурусти ҳар масъала 5 хол кам карда шуд ва ба масъалае, ки барои ҳалли он шурӯъ накарда буд, ба ӯ хол дода нашуд. Ораш соҳиби 13 хол шуд. Ӯ чанд масъаларо ҳал кард?
Масъала
Шаш шоҳмотбоз: Ардашер, Бежан, Виркан, Гурдофарид, Доро ва Фаррух дар мусобиқаи як давр дошта қувваозмоӣ карданд. Ардашер ҳамаи бозиҳояшро якранг анҷом дод, Бежан ягон бозиро набохт, Виркан бар ғолиби мусобиқа дастболо шуд ва бозии худро бо Доро якранг кард. Гурдофарид дар ҷадвал болотар аз Доро, аммо поёнтар аз Фаррух ҷой гирифт. Кӣ чанд хол ба даст овард?
Масъала
Хонандагони синфи 𝟏𝟏д ҳар субҳ бо арзи эҳтиром бо якдигар бо даст салом мекунанд. Ҳар хонанда ба хонандаи дигар фақат як бор даст медиҳад. Яксаҳар омӯзгори фанни риёзӣ ин ҳодисаро мушоҳида намуда, дар як лаҳзаҳисоб кард, ки 300 дастдиҳӣ рух дод. Хонандагони синфи 𝟏𝟏д чанднафаранд?
Масъала
Диагоналҳои трапетсияи баробарпаҳлӯи 𝐀BCD ба тарафҳои паҳлӯӣ перпендикуляр буда, дарозии асосҳо ба 10 см ва 26 см баробар аст. Масоҳати трапетсияи 𝐀𝐁𝐂𝐃-ро ёбед.
Масъала
Фарқи ду адад ба 56, фарқи миёнаи арифметикӣ ва миёнаи геометрии ин ададҳо ба 8 баробар аст. Адади хурди онҳо ба чанд баробар аст?
Масъала
Се адад дода шудааст. Адади дуюм аз адади якум ҳамон қадар калон аст, ки адади сеюм аз адади дуюм. Маълум аст, ки ҳосили зарби ду адади хурд ба 340 ва ҳосили зарби ду адади калон ба 460 баробар аст. Ҳосили ҷамъи ин ададҳоро ёбед.
Масъала
Ду сатил 17,4 литр об дорад. Агар аз сатили якум 13% миқдори об ба сатили дуюм рехта шавад, миқдори оби ҳар ду сатил баробар мешавад. Сатили якум чанд литр об дошт?
Масъала
Бо чанд тарз аз гурӯҳе, ки аз 7 писар ва 4 духтар иборат аст, 6 нафарро интихоб кардан мумкин аст, то ки дар байни онҳо на камтар аз 2 духтар бошад?
Масъала
Дар давоми 5 соли донишомӯзӣ донишҷӯ 31 имтиҳон супурд. Ҳар сол нисбат ба соли гузашта бештар имтиҳон дошт. Имтиҳонҳои курси панҷум нисбат ба курси якум се маротиба бештар буд. Курси чорум чанд имтиҳон дошт?
Масъала
Ҳосили зарби чор ададеро ёбед, ки ҳамаи онҳо аъзоҳои таносуб мебошанд. Маълум аст, ки ҳосили ҷамъи аъзоҳои канорӣ баробари 33, ҳосили ҷамъи аъзоҳои миёна баробари 21 ва ҳосили ҷамъи квадратҳои ин чор адад ба 1170 баробар аст.
Масъала
Аз 8 гули садбарги сурх ва 10 гули садбарги сафед гулдастае омода кардан лозим аст, ки ду садбарги сурх ва се садбарги сафед дошта бошад. Чанд гулдастаи гуногун сохтан мумкин аст?
Масъала
Аз хонандагоне, ки кори контролии фанни математикаро ба иҷро расонданд, 20% баҳои «5», 30% − баҳои «4», 10 нафар хонандагон баҳои «3», боқӣ ҳама баҳои «2» гирифтанд. Баҳои миёнаи тамоми хонандагон ба 3,7 баробар гашт. Чанд нафар хонанда кори санҷиширо ба сомон расонданд?
Масъала
Адади дурақамдореро ёбед, ки чунин хосиятҳо дорад: агар аз он ададеро тарҳ кунем, ки дар он ҳамон рақамҳо бо тартиби баръакс оварда шудаанд, он гоҳ адади 18 ҳосил мешавад, суммаи квадрати рақамҳои адади мазкур ба 74 баробар аст. Дар ҷавоб миёнаи арифметикии рақамҳои адади мазкурро нависед.
КОРИ ХАТТӢ АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКА
Дар мусобиқаи шоҳмотбозон 8 нафар иштирок варзида, холҳои гуногунро ба даст оварданд. Миқдори холҳои шоҳмотбозе, ки ҷои дуюмро гирифт, ба ҷамъи холҳои чор нафаре, ки ҷойҳои охиринро ба даст оварданд, баробар мебошад. Бозии шоҳмотбозоне, ки ҷойҳои сеюм ва ҳафтумро ишғол кардаанд, бо чӣ натиҷа анҷом ёфт?
КОРИ ХАТТӢ АЗ ФАННИ МАТЕМАТИКА
Ҳосили ҷамъи рақамҳои адади серақамдоре ба 86 баробар аст. Рақами садиҳои ин адад ба суммаи секаратаи рақамҳои даҳиҳо ва воҳидҳо баробар аст. Ҳосили фарқи ин адад ва ададе, ки дар он ҳамон рақамҳо бо тартиби баръакс навишта шудаанд, ба 792 баробар мебошад, ин ададро ёбед.
масъала
Синни миёнаи 11 бозингари дастаи чавгонбозон 21 сол аст. Яке аз ин бозингарон барои вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон ронда шуд. Синни чавгонбозони боқимонда ба 20 баробар шуд. Чавгонбози аз майдон рондашуда чандсола аст?
Масъала
Дар қуттӣ 4 қалами сурх ва 3 қалами кабуд мавҷуд аст. Қаламҳоро аз қуттӣ дар торикӣ мегиранд. Аз қуттӣ чанд қалам гирифтан лозим аст, ки дар байни онҳо як қалами кабуд мавҷуд бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё