
Ҳикмат
Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.
Оташ фоидаовар аст ё зараровар?
Ба ҳама маълум аст, ки оташ дар ҳаёти рӯзмараи одамон чӣ қадар аҳамияти калон дорад. Агар оташ намебуд, тамаддуни инсонӣ пур аз нуқсу норасоӣ мешуд. Вале «оташ чизи фоидаовар аст» гуфта, дасти худро ба дарунаш андозем, кори хубе анҷом намедиҳем. Дурусттараш дар ин сурат чизи фоидаоварро дар ҳаққи худ зараровар мекунем. Оташе, ки барои рӯзгори инсон муфид аст, дар он ҳолат барои мо зиёновар мешавад. Яъне ки тарзи нодурусти истифода метавонад чизи манфиатоварро дар ҳаққи инсон зиёновар кунад. Вале дар асл худи оташ ба фоидаи инсон офарида шудааст ва офариниши он кори хуб аст.
Ошпаз бо корд сабзӣ, гӯшт ва маҳсулоти дигарро реза мекунад, вале қотил бо корд одам мекушад. Дар ин ҳолат, магар корд ва ё кордсоз гуноҳе доранд?
Мисоли корд низ ҳамин гуна аст. Ҳар вақте ки онро дар нонбурӣ ва пӯст кардани меваю сабзавот истифода мекунем, намегӯем зарарнок аст. Аммо вақте бо корд одам кушта мешавад, ҷиноят содир мегардад. Одамкушӣ аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин аст. Дар ин сурат, агар касе бо корд ҷиноят содир кунад, оё устое, ки он кордро сохтааст, дастгир мешавад? Албатта, он усто на танҳо дастгир намешавад, балки касе ҳам ӯро пурсуҷӯ намекунад. Чунки ӯ кордро на барои куштани инсон, балки барои буридани нон ва ё барои анҷом додани корҳои муайяне сохтааст. Содиркунандаи ҷиноят устои он корд нест, балки ҳамон касест, ки кордро бо мақсади нодуруст истифода бурдааст. Яъне ӯ кордро бар хилофи мақсади сохта шудани он истифода кардааст. Аз ин рӯ, корд ҳеҷ бадие надорад, балки тарзи истифодаи инсон нодуруст аст.
Агар дар ҳавои боронӣ бе чатр ба берун бароем ва дар натиҷа бемор шавем, оё метавонем даъво кунем, ки борон бад аст?!
Агар касе дар вақти боридани борони зимистон бо либосҳои тунук ва бе чатр ба берун барояд, борон ба ӯ фоида мерасонад ё зарар? Албатта, зарар дорад, ҳамин тавр не?! Зеро он гоҳ инсон бемор мешавад. Оё мо метавонем дар чунин ҳолат хулоса барорем, ки борон зарар дорад ва бояд тамоман наборад?! Оё ба чунин хулоса расидан ба ақлу мантиқ рост меояд?
ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!
Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллАллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.
Одамизод бо ҳисси парастиши Худо ба дунё омада, баъдан ҳастиву ягонагии Парвардигорро эҳсос мекунад.
Аввалин ва асоситарин масъулияти инсони болиғ ва соҳибақл имон овардан ба Худованди Донову Тавоно мебошад. Агар инсон бо чашми хирад ба худ ва ба ҳар он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, назар кунад, ҳастии Худованди Қодиру Тавоноро ба осонӣ дарк мекунад ва ба қадри идрокаш Ӯро дӯст медорад. Агар ӯ ба Худо имон надошта бошад, бовар карданаш ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон, қазову қадар ва рӯзи қиёмат маъние надорад. Асли имон эътиқод доштан ба ҳастии Худованд аст. Инсон вобаста ба покиву устувории имонаш аз файзу баракати ибодатҳо баҳравар мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё