Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид,
Соя ҳам аз пуштаҳо доман кашид.
Офтоб аз кӯчаи куҳҳо гузашт,
Аз фарози салтанат поин хамид.
Моҳи нав хамёза кард аз бурҷи кӯҳ,
Рӯди кӯҳӣ як қадар боло дамид.
Қуллаи куҳҳо ба дарё сарнагун,
Нолаи дарё ба гардунҳо расид.
Ахтаре бо ахтаре наздик шуд,
Дидаи худбин чунин манзар надид.
Каҳкашон раҳро мунаввар карду гуфт:
Шабравони зиндагӣ, роҳат сафед!
Барои Лоиқ, ки воқеан шоири ошиқ буд, тасвири ҳолатҳои ошиқона, гуворотарин лаҳзаҳои муошиқа ва зеботарину хотирмонтарин ҷузъиёти висол ё ғами ширину дилфигорӣ аз ҳиҷрону пазмонӣ хеле табиӣ даст додааст.
Шумо тасаввур кунед ошиқеро, ки дур аз дилдодааш асту хотираҳои ширини лаҳзаҳои висолро бо пазмонӣ ёд мекунад, ҷузъиёти гуворову дилписанди замону макони дидорбиниҳо аз пеши назараш чун навор мегузаранд. Чунин ҳолатҳои дилхоҳу имконнопазир ҳангоми танҳои танҳо, хаёломез, маъюсона, дар лабон табассуми малеҳ қадам задан ё вақти сари миз дар оромии шаб нишаставу ба оғӯши хаёлоту хотироти ширин фурӯ рафтани шоир шояд рух дода бошанд. Тасаввури ёри зебо, лаҳзаҳои гуворо ва ҷузъиёти дилрабо шоирро вомедорад, ки дар тамоми ҷузъиёти олами ҳастӣ зебоиро бубинад. Ба ҳар ҳол чунин бардошти хонанда аз ғазали зер аз эҳтимол дур нест:
Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.
Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад, То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё