Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам…
Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,
Якумр остони туро ёд мекунам.

Ҳатто дар шеърҳои сабук ва суруду таронаҳои ошиқонаи устод Лоиқ тасвирҳои зебову дилписанд зиёд ба назар мерасанд, чунон ки дар порчаи зайл мебинем:

Шеъри ман бӯи ту дорад,
Атри гесӯи ту дорад.
Мисраи пайвастаи ман
Ёди абрӯи ту дорад.

Дар ашъори устод Лоиқ, хусусан дар силсилаҳои «Хоки Ватан», «Илҳом аз «Шоҳнома» ва шеърҳое, ки ба шахсиятҳои бузурги таърих бахшида шудаанд, қисмати халқ, роҳи таърихии миллат, сарнавишти фарзандони номвари халқ дар мадди аввали андешаҳои шоир қарор гирифта, тавассути онҳо умдатарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ба риштаи хаёлоту тасвирҳои шоирона кашида шудаанд. Ин шеърҳо пеш аз ҳама аз лиҳози идроку ифодаи бадеии диалектикаи таърих, яъне иртиботи ногусастании гузаштаву имрӯзу фардо ҷолибанд. Дар аксари онҳо масъалаҳои таърих ва шахсият, иҷтимоъ ва фард, шоир ва халқ, шеър ва рӯзгор ба доираи андешаҳои иҷтимоиву фалсафӣ кашида шудаанд, пайванди муҳками чаҳор мураккаботи таърих – Ватан, халқ, фард ва замон мавриди мулоҳизаву муҳокимаҳо қарор гирифтааст.
Меҳру муҳаббати беандозаи шоир нисбат ба Тоҷикситон, андешаҳои пур аз дарду ҳасрати ӯ оид ба сарнавишти талхи бузургмардони таърих, аз як сӯ, тавсифи Тоҷикистони кунунӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии миллӣ, ифтихору сарбаландӣ аз озодиву ободии Ватан, аз сӯи дигар, мундариҷаи ғоявии ин шеърҳоро таъмин кардаанд.
Дар шеъри машҳури «Таърих гувоҳ аст» сарнавишти таърихии халқи тоҷик ниҳоят мӯҷаз ва дар сурати бадеъ ифода ёфтааст.

пешина
аз 202
навбатӣ