Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Абдураҳмони Абдуманнон
«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Дар китоб оид ба чеҳраҳои эҷодиву инсонии адибони маъруфи тоҷик аз дидгоҳи тозаи адабиётшиносӣ ва чеҳранигорӣ баҳс меравад, ки барои мутахассисони адабиёт, муаллимон ва донишҷӯён, инчунин барои мухлисону дӯстдорони адабиёт аз манфиат холӣ нест.
САФОАФРӮЗИ БОТИНҲО
Ифтихори онро дорам, ки бо устод Абдураҳмони Абдуманнон муносибати дӯстонаву бародаронаи дерин дорем. Номбурда як инсони фарзона, бародари шоиста, шахсияти донишманд, хоксор, хайрхоҳ, бетамаллуқ, ҳақиқатгӯ, коргару кордон, ростқавлу росткорест. Ҳамаи онҳое, ки бо Абдураҳмон робитаи дӯстӣ ва ё ҳамкорӣ доштаанду доранд, аз маслиҳатҳову раҳнамоиҳои оқилона ва аз кумаку дастгириҳои беғаразонааш бархурдор будаанд. Ӯ дар ҳама ҷо, ҳар кореро, ки ба зимма гирифтааст, бо камоли ҳунару кордонӣ ва аз таҳти дил ба сомон расонидааст. Аз ин рӯст, ки дар ҳар куҷое, ки машғулият доштааст, дар муассисаҳои илмӣ, дар дастгоҳи Ҳукумат, дар созмонҳои эҷодӣ, дар ҳама ҷо соҳиби нуфузу обрӯ шудааст.
Банда аз дӯстиву бародарӣ бо ин шахси хирадпеша баҳраҳои зиёд бардоштаам. Ӯ ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос ва аслан як шахси донишманд ва забондони хуб бо маслиҳатҳои муфид дар нақди шеъру навиштаҳои камина саҳме доштааст. Ман аз ӯ натанҳо маслиҳат дар корҳои эҷодиву маъмурӣ гирифтаам, балки аз одоб, рафтор ва кирдораш низ сабақи зиёд омӯхтаам. Одоби гуфтор, рафтор, таҳаммул, тамкини ӯ низ омӯхтанист.
Донишмандӣ, кордонӣ ва садоқати ӯ ба кору вазифаи бардӯшдошта боиси он гардидааст, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои масъул кор кардааст ва кам фурсат доштааст, ки ба кори эҷодӣ даст бизанад. Ҳол он ки Абдураҳмони Абдуманнон яке аз беҳтарин адабиётшиносони имрӯзаи мост.
Имрӯз дар Тоҷикистони мо агар беш аз чорсад нафар узви Иттифоқи нависандагон бошанд, беш аз дусад нафари онҳо шоиранд. Аммо агар мо шоири асил биҷӯем, аз ин теъдод шояд даҳ ё понздаҳ нафар оё пайдо мекунем ё не. Адади мунаққидоне, ки шеъри асилро мефаҳманду дарк мекунанд, ду-се нафаре беш нест, ки яке аз онҳо устод Абдураҳмони Абдуманнон аст. Ӯ шеърро дар ҳадди шоири асил дарк мекунаду мефаҳмад. Ман афсӯс мехӯрам, ки ӯ натавонист ҳама вақту ҳастии худро ба таҳқиқи адабиёт бубахшад, ҳарчанд дар бунёди фарҳангу маърифати замони Истиқлол ва дар корҳои дигар саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ӯ имрӯз яке аз беҳтарин донандагони забони тарҷума, хусусан аз тоҷикӣ ба русӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё