Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса

Дар миёнаҳои асри XIX дар даштҳои Техас саворае пайдо шуд,
ки бесар буд. Дурусттараш сар дошт, аммо онро дар рӯи зонуяш гирифта мегашт. Ин одами аҷубулҳилка дар ҳар куҷое, ки пайдо мегардид, мардумро ба даҳшат меандохт, вале худ аз ҳеҷ чиз наметарсид,
на аз одамӣ, на аз зулмоти шаб, на аз даррандаю парранда.

Рид, Томас Майн.
Всадник без голови. (Роман).

ПЕШГУФТОР

Гавазни Техас, ки дар сукунати шаби саванна пинак рафтааст, садои суми аспро шунида як қад мепарад.
Вале ӯ бистари сабзи худро тарк намекунад, ҳатто аз ҷой намехезад. Ин фазоҳои фарохно танҳо ба худи ӯ тааллуқ надоранд — аспони ваҳшии даштӣ низ шабонгоҳҳо дар ин ҷо чарида мегарданд. Ӯ фақат андаке сарашро мебардорад — шохҳои вай дар болои алафи баланд намудор мегарданд — ва гӯш меандозад, ки садо такрор мешавад ё не?
Аз нав садои суми асп шунида мешавад, вале ин дафъа дигар хел ба гӯш мерасад. Чарангоси фулуз, ба санг задани пӯлодро фарқ кардан мумкин.

1 Саванна — даштҳои васеъ дар Америка, ки бо алафи баланди тару тоза пӯшида шудаанд.

аз 509
навбатӣ